Главная / Илм / Ҳикояи Султонбибӣ

Ҳикояи Султонбибӣ

Гулбибӣ аз падари худ Султонмурод ба синни яксолагӣ ятим монда буд, то синни ҳаштсолагӣ ба дасти мода- раш Раҳимабегим, ки холаи Одина буд, парвариш ёфт. Раҳимабегимро ягона муддао ин буд, ки Гулбибиро қадрас карда, ба хоҳарзодаи худ ба занӣ бубахшад, ба ин восита чароғи худ ва чароғи ҳамшираи худро фурӯзонад.

Лекин ба ин орзуи худ нарасида вафот кард. Дар вақти мурдани худ ягона васияте, ки ба модараш Бибиоиша намуд, ин буд, ки нури чашми ӯ Гулбибиро ба қатори Одина пар- вариш намояд, вақте ки қадрас шавад, ба Одина ҳамхона кунад.

Албатта, Бибиоиша ин васиятро фаромӯш накард ва шабу рӯз дар пайи ин буд, ки Одина зудтар калон шавад ва аз хизмати Арбоб халосӣ ёфта асбоби тӯйро тайёр намуда, дар вақти зиндагии ӯ амонаташро (яъне Гулбибиро) аз дасти ӯ бигирад. Рӯзе Бибиоиша гуфт:

  • Ҷони модар, солат ҳабдаҳи пурра шуд. Ду сол аст, ки ба Арбоб хизмат мекунӣ, бояд ба бадали музди хид- мати дусолаат ҳаққи ҳисоби Арбоб бо ту баробар шуда бошад. Акнун вақти он аст, ки аз хӯҷаини худ рухсат ги- рифта, дар пайи кори худ шавӣ ва панҷу чоре пасандоз карда дари хонаи модаратро кушоӣ ва чароғи падаратро фурӯзонӣ…

Одинаро ҳам ягона орзу ҳамин буд, ки ҳар чӣ зуд- тар аз дасти Арбоб Камол халос шавад. Монанди дигар ҳамватанони худ ба тарафҳои Фарғона рафта муздурӣ ва ҳаммолӣ намояд. Вақте ки соҳиби як миқдор чизу чора шуд, ба диёри худ бозомада ба духтари холаи худ Гулбибӣ ҳамхона шуда, ба хушию хуррамӣ рӯзгор гузаронад.

Аммо чӣ гуна ва ба чӣ роҳ аз дасти Арбоб халосӣ ёф- танро намедонист. Дашномҳо, шаттаҳо, шапалоқҳои Арбоб чунон чашмашро тарсонида буд, ки ёрои сар бардошта ба ӯ нигоҳ карданро надошт.

Чӣ ҷойи ҳисобталабию рухсатхоҳӣ. Лекин бо вуҷуди ин, ҳама тарсу бим ба сабаби модаркалонаш далерӣ пайдо кар- да, рӯзе фурсат ёфта ба Арбоб матлаби худро изҳор кард.

Арбоб Камол бо шунидани ин моҷаро мисли шери дар- ранда ғурридан гирифт ва дар зери лаби худ мегуфт.

  • Рухсат… ҳисобӣ… Ин чист?.. Ҳамоно шиками ин мо- дарбахато аз нон сер шудааст. (С.А.)

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …