Главная / Гуногун / ИЛМҲОИ ҚУРЪОНӢ

ИЛМҲОИ ҚУРЪОНӢ

Қуръон асоси тамоми илмҳои исломк ва асоси улуми қуръонк аст. Дар заминаи омӯзишу фарогирии он нахуст илмҳое аз умуми исломӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро улуми қуръонӣ меноманд, чунки барои дурусттар шинохтан ва саҳеҳ хондани худи Қуръон нигаронида шудааст. Пайдоиши улуми қуръонӣ нахустмарҳила, сароғози таҳаввул ва рушду такомули мӯҳтаво ва мундариҷаи маънавию мазҳабии ислом буд.

Аъроб дар садри ислом, ҳангоме ки ба кишварҳои ҳамсоя лашкаркашӣ ва футуҳот карданд ва оғоз ба тасхири тамаддунҳои хеле баландпояи муҷовир -импературиҳои эронию румӣ намудаанд, дар дасташон ба ҷуз Қуръон дастуре, қонуннома ва ё муқаррароти сиёсиву ҳуқуқие набуд, ки сармашқи кори худ кунанд. Дохил шудан ва бархӯрд бо ин кишварҳои мутамаддин масоил ва мушкилоти зиёди иҷтимоию сиёсӣ ва ҳуқуқиву шаръиро ба миён овард, ки дар зиндагии аъроби ҷоҳилия набудаанд.

Зарурати шинохти Қуръон пеш аз ҳама мусоидат ба шинохти илмии забони арабиро ба миён гузошт. Аъроб забони мукаммали шеъру адаб доштанд ва бо фасоцати баланд муколама мекарданд вале илми сарфу наҳви забони худро надоштанд. Аввалин бор илми сарфу наҳви арабиро барои аъроб ва мусулмонон ду нафар эронк Сибавейц ва Кисок иншо карданд. Ҳамчунин дар асоси зарурати дуруст хондани Қуръон илми қироат ва таҷвид, барои дуруст шинохтани он илми тафсир ва таъвил, илми ҳадис, илми насху мансух, илми асбоби танзил ва илми ҳадис ба вуҷуд омаданд.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …