Омӯзиши асарҳои муттафаккирони даврони салтатанати Сомониён, аз ҷумлаи онҳо:
- Муҳаммад Закариёи Розӣ (28.08. 865-25.10.925).
- Абунаср ибни Тархон Форобӣ (с. 873-950).
- Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (04.09973-11.12.1048).
- Абуалӣ ибни Сино (с. 980-18.06с. – 1037) шаҳодат медиҳад, ки дар карнҳои IX – Х-и солшумории мелодӣ олимони намоёни халқи тоҷик дар ҷабхаи ривоҷу равнақ ва пешбурди илмҳои замона ҳиссаи беандозае гузошта буданд. Дар тадқиқоту пажуишҳои ҳуд ҷор нафар ҳам масоили иқтисод ба таври намоён инъикос ёфтааст. Ҳарчанд ин мутафаккирони беназир ҳоло иқтисодро на ҳамҷун илми ҷудогонаву мустақил, балки дар рафти таҳдилу таснифи масоили ҳикмат ва фалсафа дахл ва ҳаллу фасл кардаанд. Шояд ҳуди ҳамин ҷо ёдрас шудан зарур бошад, ки Абуалӣ ибни Синои беҳамто яке аз асарҳояшро «Тадбири манзил» номгузорӣ карда будааст. Матни ин асар дар ҷилди дуюми асарҳои мунтаҳаби вай оварда шудааст.
Дар гузоришоти мугафаккирони номбурдаи ҳалқамон масъалаҳои иқтисодии ҳаёти мардумон ва тамоми ҷомеа дар таҳлилу таснифи муаммоҳои зерин ба миён оварда шудаанд:
- зарурати тақсимоти меҳнат;
- ногузирии мубодилаи маҳсулот;
- воҷиботи идораву танзими нафс;
- танзиму идораи фаъолияти ҳонавода;
- дар дохили фармудаҳои шариати ислом, яъне бидуни фиребу найранг тиҷорат кардан;
- зарурати ҳамкорию рафоқати мардумон дар ҷараёни тавлидгарӣ, молиёт, истеҳсолот.
Албатта, он замонҳо ҳоло ба таври возеҳ мояву масоили тадкику омузиши илми иқтисод мушаҳҳасан таъкид нашудааст. Чунки он давронро даврони наврасию гирдоварии далелҳо ҳисоб кардан ҷоиз аст. Ҳарчанд аз он замонҳо мардумони мансуб ба заҳмати аклонӣ бе ҷуну ҷаро тадбири манзилро аз дигар равишҳои тафаккури илмй бешубҳа ҷудо мекарданд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо мо рисолаи «Тадбири манзил»-и Шай- ҳурраис ибни Синоро яке аз сарҷашма ва асари бевосита мансубият дошта ба ҷабҳаи илми иқтисод мешуморем.