Мавзӯи 7. ИНТИХОБИ БОШУУРОНАИ КАСБ –
ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
СайиДои Насафӣ
Интихоби касб масъалаи муҳимму ҳаётӣ буда, ба имкони- яту қобилият, донишу хоҳиши шахс, шавқу ҳавас ва майлу рағбати инсон мувофиқат карда, хусусиятҳои табиии он дар замири шахс дар давраи муайяни синнусолӣ пайдо мешавад.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанД,
Меҳри онро Дар Дилаш анДохтанД.
Бояд донист, ки интихоби дурусти касб роҳи минбаъдаи зиндагии шахсро муайян мекунад. Интихоби дуруст ва бо- шууронаи касб барои ҳар як инсон ва хусусан ҷавонон хеле муҳим аст. Ҷавонон бояд донанд, ки дар интихоби касб
роҳҳои гуногун истифода бурда мешавад ва маъмултарин роҳи интихоби касб усули санҷиш мебошад, яъне шахс худро дар соҳаҳои гуногун месанҷад, то он даме дарк ку- над, ки кадом ихтисос ба ӯ мувофиқ аст ва аз ҷараёни иҷрои кори муайян қаноатмандӣ ҳосил мекунад. Роҳи дигар ши- носоӣ бо олами касбҳо мебошад, ки дар ин самт майлу рағ- бат, шавқу ҳавасу лаёқат ва дигар хусусиятҳои рӯҳии инсон ба касби интихобкардашуда бояд мувофиқ ояд. Шахс бояд пешакӣ донад, ки бо интихоби касби муайян кадом фаъо- лиятро иҷро мекунад, дар ин намуди кор чӣ гуна талабот ва меъёрҳои корӣ мавҷуд аст ва кадом хислатҳои инсонӣ ба касби интихобшуда бояд мувофиқ ояд. Баҳисобгирии чу- нин имкониятҳо ва хусусиятҳои психикӣ имкон медиҳад, ки интихоби касб дуруст ва бошуурона ба роҳ монда шавад. Интихоби касб аз омилҳои зерин вобаста аст, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо дар ҳаёт муҳим мебошад шавқу ҳавас, майлу рағбат ва хоҳиш дар интихоби касб;
Дар интихоби касб бояд бештар ба соҳаҳое рӯ овард, ки дар бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазиранд ва барои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунанд. Дар шароити пешрафти илму техника, истифодаи бемайлони интернет ҷавонон бояд доир ба касбу кори гуногун маълумот бигиранд ва интихоби дурусту бошууронаи касбро барои худ қабул кунанд, зеро интихоби дуруст ва бошуурона шахсро ба орзуҳояш расонда метавонад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо ҷомеа хубтару беҳтар фаъолият карда, ба пешрафт мерасад.
Имрӯз дар дунё беш аз 50 ҳазор намуди касб мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бо- заргонӣ, талаботи бозори меҳнат ва пешравии ҷомеа 500 на- муди касб аз байн рафта, дар айни замон зиёда аз он касбҳои наву ҷавобгӯйи талаботи давру замон ба миён омадаанд. Оё ҷавонони имрӯза касбро аз рӯйи хоҳиш ва қобилияти худ интихоб мекунанд? Кадом касбро интихоб кунам? Оё дони- шу қобилият ва имконот барои гирифтани касби заруриам мувофиқат мекунад? Баробари ҷавоб ҷустан ба ин саволҳо, бояд донист, ки ҳар як инсон фикру ақидаи худро доир ба интихоби касби ояндааш дорад.
Ба масъалаи интихоби дурусти касб бояд бо дурандеши- ву ҷиддӣ ва таҳаммулпазирӣ нигарист, зеро барои омӯхтану соҳибкасб шудан машаққати зиёд пеш меояд. Шахси сабук- сору бетаҳаммул баосонӣ соҳибкасб намешавад. Ин гуна одамон аз аввалин мушкилӣ, нофаҳмӣ ба гирдоби андеша афтода, аз касб ва роҳи интихобкардаашон даст мекашанд. Аммо шахсони ботаҳаммул, пуртоқат, заҳматкаш, меҳнат- дӯст ва барнодилро ҳеҷ гуна мушкилӣ садди роҳ намегар- даду ба ҳар гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзанд ва бо пешаи интихобкардаашон устуворона қадам монда, бошарафона кор мекунанд.
Муайян кардани нақшаи касбӣ ё образ аз характер ва таҷрибаи андухтаи инсон ва донишу маълумоти ӯ вобаста буда, ҷавононро зарур аст, ки пайваста дар бораи пайдо кар- дани маълумоти зарурӣ аз калонсолон, омӯзгорон машвара- ту дастур бигиранд.
Ҷавонон метавонанд нақшаи касбиро дар шакли зерин тарҳрезӣ кунанд: «мехоҳам», «метавонам», «лозим аст».
«Мехоҳам» – ба ман маъқул аст, бароям аҷиб аст, шавқу ҳавасҳои касбӣ, майлу хоҳишҳо маро барои аз худ намудани касби интихобкардаам ҷалб мекунанд;
«Метавонам» – ман қобилият дорам, метавонам малака пайдо кунам ва қобилияту вазъи саломатиям барои расидан ба ҳадафҳои меҳнатӣ имконият медиҳанд;
«Лозим аст» – ба меҳнат машғул шудан, эҳтиёҷоти бозори меҳнати касбиро бо мутахассис таъмин кардан, ниёзмандии ҷомеа ба мутахассисон зарурати рӯз аст.
Ҳамин тавр, шумо метавонед нақшаи шахсии касбии худ- ро тарҳрезӣ кунед ва чунин тарзи муносибат бароятон дар ташаккули нақшаи воқеӣ ва асоснокшудаи касбӣ ёрӣ хоҳад расонд.
Шумо бояд донед, ки ҳадафҳои касбӣ унсурҳои зеринро дар бар мегиранд:
мушаххасӣ;
вокрият;
Дар заминаи Донишҳо;
вобаста ба талаботи бозори Дохилӣ.
Барои расидан ба мақсадҳои дар наздатон гузошта бояд роҳҳои расиданро ба он ҷустуҷӯ кард, яъне тарҳрезӣ карда- ни вазифаҳои наздиктарин ва дуртарин: дар куҷо таҳсил бояд кард, чиро бояд омӯхт, бо кадом роҳҳо малака ва маҳорати касбиро бояд баланд бардошт, чӣ тавр ҷойи кор пайдо кард ва ғайра. Яке аз роҳҳо ва воситаҳои ноил шудан ба мақсадҳои наздик суҳбат бо калонсолон, мутахассисони соҳаҳои мухта- лиф, санҷиши донишҳо, худомӯзӣ, омӯзиши адабиёти роҳна- мо, дохил шудан ба муассисаҳои таълимии касбӣ, иштирок дар курсҳои омӯзишӣ. таҷрибаомӯзӣ ва ғайра мебошад.
Бояд донист, ки бе доштани тасаввурот дар бораи роҳи як навъи фаъолият мебошад, ки дар чорчӯбаи касб мушаххас мегардад.
ояндаи ҳаёт, қадамҳои устувор гузоштан мушкил аст, зеро инсон бе дарку шинохти амиқи наздику ояндаи худ намета- вонад ба комёбиҳои зиндагӣ умедвор бошад.
Ихтисосро метавон ҳамчун яке аз самтҳои касб ҳисоб кард.
- Накщи тарбияи касбӣ Дар ҳаёти инсон аз чӣ иборат аст?
- Барои интихоби Дурусти касб каДом омилҳоро ба назар гирифтан муҳим аст?
- Чаро касби худро дуруст ва бошуурона бояд инти- хоб кард?