Главная / Илм / ИНТИХОБИ КАСБ

ИНТИХОБИ КАСБ

Дар қарорҳои Ҳукумат ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба таври куллӣ тезонидани суръати тағйироту такмил додани интихоби касбии ҷавонон эътибори махсус дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун ҷузъи муҳим дар ин масъала дониста мешаванд.

Дар ҳақиқат, дар остонаи мактаб насли наврас ба олами касбу ҳунар шинос гардида, ба ҳар гуна фаъолияти меҳнатӣ шавқу завқ зоҳир менамояд ва дар натиҷа бо хусусиятҳои психофизиологии худ ошно мегардад.

Фаъолияти интихоби касб, ки ҳангоми илмандӯзӣ дар мактаб ва берун аз он ба сомон мерасад, бояд инкишофи хусусиятҳои инфиродӣ (шахсӣ) ва қобилияти эҷодкории ҳар як хонандаро таъмин намуда, самти касбии ӯро ба ягонагии манфиати шахсию давлатӣ пайваста созад.

Лекин, муносибати имрӯзаи насли наврас ва ҷавонон нишон медиҳад, ки дар соҳаи интихоби касб онҳо ба камбудию норасоиҳо зиёд роҳ медиҳанд, ки он ба соҳаи илми педагогика (омӯзгорӣ) вобаста мебошад. Аз ҳамин лиҳоз кулли хонандагон аз уҳдаи интихоби касби ояндаи худ намебароянд ва бештари вақт ин масъала аз тарафи волидайн ҳал карда мешавад.

Мутобиқан ба нодурустии соҳаи касбинтихобкунии бидуни меъёр сафи хатмкунандагони ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва баъзе аз соҳаҳои касби омӯзгорӣ афзуда истодааст. Масалан, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро дар бадали 10 соли охир зиёда аз 20 ҳазор нафар ҳуқуқшиносу иқтисоддонҳо хатм намуда, бештар аз 15 ҳазори онҳо ба ҷойи кор таъмин нашудаанд, гарчи барои омӯзонидани онҳо маблағи зиёд сарф гардидааст.

Ба хато роҳ додан дар соҳаи интихоби касб хонандагони истеъдоднокро аз мадди назар дур намуда, ба паст шудани самараи истеҳсолот, бесамар гардидани фаъолияти меҳнатӣ ва сарфи беҳудаи маблағҳои давлатӣ оид ба тайёр намудани соҳибкасбон оварда мерасонад. Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 75 фоизи хатмкунандагони муассисаҳои махсуси касбию техникӣ ва зиёда аз 50 фоизи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо фаъолияти меҳнатӣ аз рӯйи ихтисос машғул нашуда, аксари онҳо мардикориро дар мамлакатҳои хориҷа пеша кардаанд.

Аз ҳамин лиҳоз, камбудию норасогиҳои соҳаи интихоби касбҳо ва бидуни нақшаи давлатӣ тайёр намудани ихтисосмандон ба омӯзиши чуқури равандҳои назариявию амалии ин масоил водор месозад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …