Мафҳум, моҳият ва аҳамияти номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолй. КГ ба сифати воситаҳои дига- ри фардикунонӣ номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолиро пешбинӣ мекунад. Аслан ин объектҳо ишора- ҳои ҷуғрофӣ (дсодгар111са1 тсНсаОоп) мебошанд, яъне алома- те мебошад, ки молро ҳамчун аз қаламрави кишвар ё мин- тақа ва ё маҳал дар ин қаламрав баромада, ҳаммонанд меку- над, ки дар он сифат, эътибор ва тавсифҳои дигари муайяни мол то андозаи муҳим бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст.[1] Мақсад аз танзими ҳуқуқии ишораҳои ҷуғрофӣ дар барта- раф намудани истифодаи аломатҳои гуногуне, ки ҷамъиятро нисбат ба баромади аслии мол гумроҳ мекунад, иборат ме- бошад.
Чунин ишораҳо ҳануз аз замони қадим истифодашуда, навъи ибтидоии тамғаи молӣ буданд. Аз эҷодиёти ниёгон низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки молҳо вобаста ба ма- ҳалли баромад шуҳрат доштаанд. Порчае аз ҳикояти Саъдии Шерозӣ (аз суханони бозаргоне): «…Гугирди порей хоҳам бурдан ба Чин аз форс, ки шунидаам (дар он) қимати азим дорад ва он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои (шохии) румӣ ба Ҳинд; пулоди ҳиндӣ ба Халаб ва обгинаи (шишаи) худлабӣ ба Яман ва бурди яманӣ (номи матое) ба Поре ва аз он пас тарқи сафар кунам ва ба дуконе бинишинам».[2]
Имрӯз низ мутахассисон мансуб донистани номи маҳал- ли истеҳсоли молро ба объектҳои моликияти зеҳнӣ маҳз дар функсияи асосии он – тафовутгузории молҳои якхела, ки до- рои хосияти хоси баромад аз объектҳои гуногуни ҷуғрофӣ мебошанд, мебинанд.1 Функсияи мазкур мисли функсияи тамғаҳои молӣ мебошад. Дар баробари ин, алоқамандӣ ба объекти муайяни ҷуғрофӣ низ ифода карда мешавад. Ишо- раҳои ҷуғрофӣ аз номи маҳалли истеҳсоли мол ва ни- шондоди истеҳсолӣ иборат мебошад. Номи маҳалли истеҳ- соли мол аломатест, ки аз номи муосир ё таърихии мамла- кат, маҳалли аҳолинишин, мавзеъ ё дигар объекта ҷуғрофӣ ё ифодаи аз ин ном ҳосилшуда иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад ва дар натиҷаи истифодаи он нисбат ба моле, ки хосиятҳои махсуси онро танҳо ё асосан шароити табиӣ ва (ё) омилҳои инсонии хоси ҳамин объекти ҷуғрофӣ муайян меку- нанд, маъруф гаштааст.
Ин мафҳуми расмӣ дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ишо- раҳои ҷуғрофӣ» пешбинӣ шуда буд. Вале дар иртибот бо во- ридшавии ба СУС дар раванди ҷаласаи шашуми гуруҳи корӣ оид ба дохилшавии ҶТ ба СУС аз чониби гурухи кории Ит- тиходи Аврупо ба намояндагони Тоҷикистон оид ба ному- тобиқати мафҳуми мазкур ба мафҳуме, ки дар Созишномаи Лиссабон дар бораи ҳифзи номҳои маҳалли истеҳсол ва бақайдгирии байналмилалии онҳо аз 31 октябри с. 1958 дода шудааст, масъалагузорӣ карда шуд. Аз ин рӯ, бо Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намуда ни тағийру иловахо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» аз 3 июли с. 2012 мафҳуми нав ворид карда шуд. Мувофиқи он номи маҳалли истеҳсоли мол «номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хусусиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табиӣ, барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо мувофиқ муайян карда мешавад.
Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад. Дар ин таъриф омилҳои этнографй (омилҳои инсонӣ) берун мондаанд. Бинобар ин, бояд хусуси- ятҳои хосси мол танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табиии ба- рои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳо, ё ин ки пай- вастагии шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо муайян карда ша- ванд.
Нишондоди истеҳсолӣ ин аломатест, ки ба таври му- стақим ё ғайримустақим ба объекти ҷуғрофӣ, ки ҷои воқеии баромад ё истеҳсоли мол мебошад, ишора менамояд. Баъд аз таъғйироти Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», ин мафҳум моҳиятан тағйир наёфта, ҳамчун аломате муайян карда шудааст, ки бевосита ва ё бавосита ба ҷои пайдоиши ҳақиқӣ ва ё истеҳсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдо- иши мол мумкин аст дар шакли номи объекти ҷуғрофӣ ва ё тасвир пешниҳод карда шавад.
Чанд сухан перомуни истилоҳот ва мавқеи истифодаи онҳо. Дар КГ барои ифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ истилоҳҳои «номи маҳалли истеҳсоли мол» ва «нишондоди истеҳсолӣ» истифода гардидааст. Дар КҶ ҶТ ва КҲМ низ «номи маҳал- ли истеҳсоли мол» истифода шудааст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои чуғрофӣ» истилоҳҳои «номи маҳалли ис- теҳсоли мол» ва «нишондоди истеҳсолӣ» мувофиқан бо ис- тилоҳҳои «номи ҷои пайдоиши мол» ва «ишораи пайдоиши мол» ифода ёфтаанд. Ба андешаи мо калимаи «истеҳсол» маънои аслии баромад ё худ пайдоиши молро дода намета- вонад, аз ин рӯ, дар ин масъала истилоҳи пешбиникардаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» қобили қабул аст. Ин ҳолатро мо баръало дар таърифи мафҳуми нишон- доди истеҳсолӣ дида метавонем, ки «ҷои воқеии баромад (пайдоиш) ё истеҳсоли мол»-ро дар бар мегирад. Бинобар ин, номи маҳалли баромади (пайдоиши) мол ва нишондоди (ишораи) маҳалли баромад (пайдоиш) дурусттар аст, вале бо мақсади таъмини ягонагии истилоҳот, мо аз муқаррароти КГ истифода мебарем. Ишораи ҷуғрофӣ аслан ишора ба он мекунад, ки баромади мол аз объекти муайяни ҷуғрофӣ аст, бо он иртибот дорад. Масалан, ҷумлаи «дар Тоҷикистон ис- теҳсол шудааст» дар борпечи моли муайян боиси пайдоиши тасаввурот оид ба он мегардад, ки баромади мол аз Тоҷики- стон аст. Ё худ истифодаи тасвири муҷассамаи Исмоили Со- монй, Қалъаи Ҳисор, муҷассамаи Озодй (81а1ие оГ МЬеПу), бурҷи Эйфил (Е1’1Гс1 То\усг) ва ғайра дар борпечи мол низ ба баромади мол ва аз объекти ҷуғрофӣ ишора мекунанд. Ба- рои сабти чунин навиштаҷот ё тасвир иҷозати махсус ва бақайдгирӣ лозим нест ва ҳеҷ кас нисбат ба онҳо ҳуқуқи ис- тисноӣ дошта наметавонад. Вале истифодаи онҳо набояд ис- теъмолкунандаро (ҷомеаро) гумроҳ кунад.
Дар баробари ин, қисми дигари ишораҳои ҷуғрофӣ (номи маҳалли истеҳсоли мол) нишон медиҳад, ки мол хоси- яти муайянро доро мебошад ва ин хосият асосан ва ё танҳо аз маҳалли баромади он вобаста аст. Ба ин хосият омилҳои табиӣ ва ё инсонӣ таъсир мерасонанд. Бинобар ин, чунин ишораҳои ҷуғрофиро ба қайд гирифтан мумкин аст. Ҳамин тавр, байни номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди ис- теҳсолӣ чунин тафовутро нишон додан мумкин аст: нишон- доди истеҳсолӣ бавосита ва ё бевосита танҳо ишора ба ба- ромади мол мекунад; номи маҳалли истеҳсоли мол ишора ба объекти ҷуғрофие мекунад, ки муҳити ҷуғрофии он ва омилҳои инсонӣ ба хосияти мол таъсир мерасонанд; шакли нишондоди истеҳсолӣ озод аст -вожавӣ ва ё тасвирӣ; номи маҳалли истеҳсоли мол танҳо вожавӣ шуда метавонад; ни- шондоди истеҳсолӣ одатан чандон маъруф нест, масалан, тасвир намудани рустои дурдасти ин ё он давлат, ки шояд дар Тоҷикистон касе онро надонад; номи маҳалли истеҳсоли мол бошад, одатан маъруф аст. Масалан, Шоҳамбарӣ, Нар- зан, Боржомӣ, Ессентукӣ ва ғайра; нишондоди истеҳсолӣ ба қайд гирифта намешавад; номи маҳалли истеҳсоли мол ба қайд гирифта мешавад ва ғайра.
[1]Мафҳуми мазкур дар қонунгузории Тоҷикистон дар иртибот бо аъзошу- дани ҶТ ба СУС пешбинӣ гардид. Дар ТРИПС мафҳуми расмии «ишора- ҳои ҷуғрофӣ» мавҷуд аст. Яке аз саволҳое, ки дар ҷаласаи шашуми гуруҳи корӣ оид ба аъзошудани ҶТ ба СУС аз ҷониби гуруҳи кории Иттиҳоди Аврупо ба намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардид, ин мувофиқ набудани мафҳуми расмии «ишораҳои ҷуғрофӣ» дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ба маънои аслии ишораҳои ҷуғрофӣ буд.
Юрлова В.В. Правовое регулирование средств индивидуализации в Рос- сийской Федерации. – М., 2004. С.75.