Ислом имрӯз яке аз се дини бонуфуз мебошад. Пайравони ислом дар ҷаҳон мувофиқии гузориши созмоҳои исломӣ имрӯз зиёда аз 21%- як миллиард нафарро ташкил медиҳанд ва дар 126 кишвар сукунат доранд. Аз ҷумла дар зиёда аз 40 кишвар мусалмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфӯзро ташкил медиҳнд. Мусалмонон имрӯз минтақаи васеъеро дар қитъаҳои: Осиёву Африқо Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию Тропикӣ ва ғ-ра) ишғол кардаанд. Ақалиятҳои исломӣ дар қитъаҳои Амрико ва Аврупо, дар баъзе ҷойҳо таърихан муқимӣ (чун дар Албания, Булғористон ва Югословӣ) ва дар баъзеи дигар чун тозамуқими- эмигронт зиндагӣ мекунанд.
Як қатор мамлакатҳо номи ҷумҳурии исломиро доранд. Масалан: Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ғ-ра) ва дар ҳудуди 28 давлат исломро ҳамчун дини расмӣ дар Қонунҳои асосии худ эътироф кардаанд. Ислом имрӯз баъд аз пароканда шудани системаи сутсиолистӣ ва камэътибор гардидани идеолужии коммунистӣ яке аз ду мафкураи бонуфузи ҷаҳонӣ дар муқобили мафкураи насронӣ ва идеулужии Амрико мебошад.
Нақши иҷтимоию сиёсии ислом дар сад соли охир дар кишварҳои Осиёву Африқо як ранг набудааст. Дар марҳалаи аввал пас аз шикасти паё-паи мамлакатҳои исломӣ дар муқобили фишору зарбаҳои ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғарбӣ мусалмонон ба тадриҷ аз хоби ғафлати қуруни вустоӣ бедор шуда, ба вазъияти ақибмондагии иқтисодиву иҷтимоӣ- сиёсӣ ва илмию техникии худ огоҳ гардиданд. Ҳамзамон бо дарки ин вазъият гурӯҳе аз таҳсилкардаҳо, ҷавонон ва равшанфикрони тараққихоҳи ин кишварҳо дар паи ҷустуҷӯи сабабу иллати ин ақибмондагӣ ва ҷаҳолат афтоданд. Дар натиҷа гурӯҳе ба хулосае омаданд, ки иллат дар хусусияти шахшудагӣ ва тағйирнопазирии дини ислом аст, гурӯҳи дигаре сабаби ақибмондагиро дар дур ва бегонагардидани мусалмонон аз исломи асил- аз усулҳои дини Муҳаммад, ба тақлиду хурофот, бидъатҳо, ва ба ҷаҳолат олуда гардидани он диданд. Вобаста ба ҳамин ҳанӯз дар нимаи асри XIX ду навъ муносибат ба ислом ва ду навъ нусхаи дармон ва ду тамоюли раҳоиҷӯӣ аз ин ҳолати ақабмондагӣ ва ҷаҳолат ба миён омад.
Тамоюли аввал роҳи халосиро дар дуняви (секуляриза) кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне аз зери таъсир ва ҳокимияти дин берун кашидани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданию фарҳангӣ ва аксаран тақлиди кӯр – кӯрона ба Ғарб ва ғарбӣ кардани шарқиён медиданд. Ин гурӯҳ дар тадқиқотҳои охири ҷомеашиносони ин кишварҳо“ғарбзада” номида шудаанд. Баракс тамоюли дуюм, бо вуҷуди дар назари аввал кӯҳнапараст ва суннатгаро будан, иллатро на дар ислом балки дар мусалмонон, шакли диндорӣ ва шуури динии онҳо медид, ба қавли шоир: ” Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост” мегуфтанд. Ва аз ин рӯ роҳи халосиро дар ислоҳи шуури динии мусалмонон ва шинохти дурусти ислом ва сарчашмаҳои он ва инчунин зинда кардани анъанаи пешқадами гузаштаи олами ислом медиданд. Онҳо нақши исломро дар мубориза бо мустамликадорӣ ва истеъмори ғарби хуб дарк намуда, барои сафарбарӣ ва таҷдиди маҷду ифтихор ва шӯҳрати фаромушшудаи мусалмонон аз гузаштаи илму фарҳанг ва қудрати сиёсии халқҳои мусалмон ёд мекарданд. Ин гурӯҳ бо номи муслиҳин – ислоҳотчиёни (реформаторон)-и ислом дар адабиёти илмӣ машҳуранд. Ислоҳгарон шахсиятҳои маъруф, мутафаккирони номии олами исломанд, ки то имрӯз дар атрофи осори онҳо таҳқиқот ва баҳсу баррасиҳои илмӣ идома дорад ва онҳо дар таърихи навини кишварҳои исломӣ, дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, озодӣ аз зери юғу султаи мустамликадорӣ ва пешрафти иҷтимоию фарҳангии ва илмии ин кишварҳо нақши бениҳоят бузург доранд.
Аввалин байрақбардорони н а ҳ з а т и и с л о ҳ ( ё т а ҷ д и д и ф и к р и д и н ӣ ) аллома Сайид Ҷамолуддин Афғонӣ (1839-1897), устод Муҳаммад Абдоҳ мисрӣ (1834- 1905), Абдурраҳмон Кавокибии мисрӣ (1849-1902), Рашид Ризо ва Аҳмад Амини мисрӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурии покистонӣ (1877-1938) буданд, ки ҷиҳати бедории мусалмонон, эҳёи маҷду ифтихори фаромушшудаи онҳо, софкорӣ ва поксозии шуури динии онҳо аз хурофотҳои афюнӣ ва шиносонидани исломи асили мухаммадӣ иқдомҳои фаровоне карданд.
Аз боби мисол Сайид Ҷамолуддин бо таваҷҷӯҳ ба вазъи онрӯзаи мусалмонон, ки гузаштаи пурифтихори сиёсӣ ва илмию фарҳангии худро аз даст дода, ба ҷаҳолату хурофотхо фурӯ рафта буданд, чунин фармуда: “Агар мо хоҳем исломро ба гарбиён муъаррафӣ кунем, пеш аз ҳама бояд иқрор шавем, ки мо мусалмон нестем..” Манзури Сайид Ҷамолиддин Афгонӣ он буд, ки ончиро ки мо ба унвони ислом парастиш мекунем, исломи асил нест ва он мусалмоние, ки мо дорем мусалмонӣ нест. Дар бораи ҳар мафкураву дин инсон аз рӯи вазъу ҳолати иҷтимоию сиёсӣ ва мақоми пайравони вай дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳо медиҳад, дар сурате, ки кишварҳои исломӣ ҳама дар асорати мустамликавӣ ва ҷаҳлу ақибмондагӣ буданд, барои гарбӣ таърифи ислом метавонист бо писханди “Ранг бину ҳол пурс!” тамом шавад.
Наҳзати ислоҳ, дар охири асри XIX на танҳо дар Мисру Эрону Ҳиндустон, балки дар Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Чун дар ҳама кишварҳои исломӣ равшанфикрӣ ва маорифпарварии асил бо ислоҳи мазҳабӣ тавъам ва боҳам будаанд. Омили пайдоиши наҳзати ислоҳи мазхабӣ ва маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ низ мисли дигар кишварҳои исломӣ бархӯрд бо Ғарб, шикаст дар муқобили мустамликадорӣ ва эҳсоси ақибмондагӣ ва асорат буд. Зери таъсири наҳзатҳои исломии кишварҳои ҳамсоя ва бархурди бевосита бо маданият ва дастовардҳои иқтисодиву техникии Руссияи подшоҳӣ, мутафаккирон ва равшанфикрони Осиёи Марказӣ, алалхусус маркази илмию фарҳангии онрӯзаи ин минтақа Бухоро, дар осори худ зарурати таҷдиди фикру андешаи динӣ, масълаи рӯ овардан ба илму маърифат ва ислоҳи сохтори сиёсиро ба миён гузоштанд.
Аз маъруфтарин реформаторон- муслиҳони ин давра Абӯмансур Кусравӣ ва Мулло Шаҳобуддин ибн Баҳоуддин ( Марҷонӣ), ки ҳарду аз тоторҳои Қазон буда, дар Бухоро тахсилу фаъолият кардаанд ва ҳамчунин Мулло Фозили Ғиждувонӣ, Мулло Хоҷибои Хуҷандӣ, Мулло Худойбердии Бойсуниро метавон ном бурд. Инҳо аз аввалин шахсиятҳои ислоҳталаб ва бедору огаҳе буданд, ки барои афкори пешқадами равшанфикрӣ ва ислоҳталабии худ мавриди таъқиби амирони манғития қарор гирифта баъзе фирор ва баъзе муҳокима шуданд. Вале қуллаи баланди афкори равшанфикрҳ ва таҷдидхоҳиро чи дар умури таълиму тарбия , чи дар умури сиёсӣ ва чи дар шуури динии мо дар осори гаронмояи Аҳмади Дониш, алалхусус дар рисолаи “Наводир-ул-вақоеъ”- и ӯ пайдо мекунем. Ба дунболи Аҳмади Дониш шогирдони ӯ чун Садриддин Айнӣ, Абдураъуф Фитрат ва ҷ а д и д о н андешаҳои зиёде дар мавриди таҷдиди шуури динӣ, танқиди шакли диндорӣ ва ҷахлу хурофоти аморати Бухоро баён карда, даст ба иқдомоти амалию инқилобӣ низ заданд.
Охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ наҳзати таҷдиди фикри динӣ ба ду шоха ҷудо мешавад: яке модернизм, ки кӯшиши ба шароит ва мафҳумҳои нав мувофиқу мост кардани ислом ва аз тариқи ҷустуҷӯ мафҳумҳои илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии навро дар Қуръону ҳадисҳо дошт, дигаре шохаи эҳёи (бунёдгароӣ) исломи асил, ки мавқеъи воқеъии равшанфикрон буд. Метавон гуфт то солҳои 70-уми асри ХХ мавқеъ ва дасти гурӯҳи аввал боло буд, ҳарчанд таъсири бевоситаи осору таълимоти реформаторони номбурда, ҳамеша вуҷуд дошт. Модернизм ҳамчун идеолужии буржуазияи маҳаллии кишварҳои Шарқи исломӣ дар ин марҳила ҳадди аксари кӯшишро мекард, то исломро ба аҳдофи сиёсиву иқтисодии худ мувофиқ созад. Вале аз солҳои 70-ум ба баъд буржуазия мавқеъ ва нақши собиқи худро дар кишварҳои исломӣ аз даст дод ва бар ивази он дар саҳнаи таърих табақоти поёнии ҷомеа, мустазъафин ва майдабуржуа баромаданд ва аз нав шиъорҳои эхёи исломи муҳаммадӣ, озодӣ ва истиқлоли воқеӣ, худшиносӣ ва таҷдиди шуури мазҳабӣ ба миён омаданд. Яке аз муҳимтарин хусусияти давраи нав афзудани нақши сиёсии ислом дар наҳзатҳои миллию озодихоҳӣ буд. Агар дар давраи инқилобҳои буржуазӣ ислом ҳамчун яке аз воситаҳо ва яке аз унсурҳои идеологияи буржуазӣ ба кор рафта бошад, дар ин давра идеологияи исломӣ ба қувваи асосии пешбаранда табдил меёбад. Қуллаи олии ин наҳзати нав Инқилоби Исломии Эрон буд, ки бо сарварии Оятуллоҳ Узмо Хумайнӣ ба ғалаба ноил гардида, ба пойгоҳи империализми ҷаҳонӣ дар минтақа зарбаи корие зад. Пас аз Инқилоби Исломии Эрон як қатор ҳодисаҳои сиёсие рух доданд, ки далолат ба фаъол гардидани омилҳо ва қувваҳои сиёсии исломӣ дар минтақа мекарданд аз ҷумла: ишғоли Масҷидул- Ҳаром дар Макка аз тарафи қувваҳои мухолифи режими Саудӣ, кушта шудани президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Анвар Содот дар октябри соли 1981 аз тарафи гурӯҳи ҳамлаи созмони ” Ихвонул муслимин”: ” ал-Ҷиҳод” ё “ат- Такфир вал-хиҷра”, рӯ ба афзоиш ниҳодани амалиёти гурӯҳҳои мухолиф дар Тунис ва Алҷазоир, нақши мубориз ва фаъоли созмони “Амал”ва”Ҳизбуллоҳ”ба муқобили Исроил дар Лубнон ва ниҳоят ғалабаи қувваҳои муҷоҳидини исломӣ дар ҷанги Афғонистон бар артиши номдори Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ.
Хулоса, хусусияти асосии исломи муосир афзудани нақши сиёсӣ ва идеолужии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Охири асри ХХ, асри аз нав ба саҳнаи сиёсӣ баромадани ислом, рӯ ба афзоиш ниҳодани омӯзишу таҳқиқот дар атрофи мавзӯҳои “Ислом ва сиёсат”, “Ислом ва иқтисодиёт”, “Ҷомеаи тавҳидии исломӣ”, “Давлати исломӣ” ва ғайра буд. Ҳарчанд дар охири асри ХХ ин чунин фаъол шудани ислом, ба саҳна омадани исломи сиёсӣ, чун яке аз воситаҳои мубориза бо империализм то андозае хусӯсияти мусбӣ дошт ва дар маҳофили ҷаҳонӣ хайрхоҳӣ дошт, аммо бо гузашти начандон замони тӯлонӣ ва низомоту режимҳои сиёсие, ки дар натиҷаи ин ба вуҷуд омаданд натавонистанд интизороти мардумро бароварда созанд. Ин аст, ки дар наҳзатҳои охирини олами ислом –«баҳори арабӣ» дар Тунис, Ҷумҳурии арабии Миср, ҳарчанд исломиён ширкат доштанд, дигар мисли 30–35 пеш ҷонибдорӣ аз тарафи мардумро надоранд. Ҳатто дар Ҷумҳурии Туркия имрӯзҳо ба муқобили ҳокимияти Ҳизби Адолат ва Тараққӣ, ки ҳизби исломгарост норозигии мардум баланд шуда истодааст. Чунки таҷрибаи исломи сиёсӣ нишон дод, ки бо сиёсат олуда кардани ислом ба зарари худи ислом тамом мешавад. Бо вуҷуди ин нақши ҷаҳонии исломро дар ҳаёти имрӯза ҷаҳон наметавон сарфи назар кард.
Афзудани нақши ҷаҳонии исломро инчунин аз рӯ афзудани созмонҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалии исломӣ да рёфтан мумкин аст. Имрӯз созмонхои зерини байналмилалии исломӣ амал мекунанд: 1– СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМЙ ( ба арабӣ.-Муназзамат-ул муътамарал-исломӣ)- ин созмони байни давлатии кишварҳои Осиёву Африқо соли 1969 ташкил шуда, 44 давлат ва Созмони озодибахши Фаластинро дар бар мегирад. Органи олии ин созмон конфронси сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад;
- Анҷумани Олами Исломӣҳ ( Муътамарал-Оламал- Исломия)- ин созмон соли 1926 дар Макка ташкил шуда, дар 67 кишвар намояндагҳ дорад. Ин созмон мақоми созмони ғайриҳукаматии машваратӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва мақоми нозирро дар Созмони Конфронси Исломӣ дорад;
- Лигаи Олами Исломӣ (Робитатул-Олам ал- Исломӣ)- соли1962 дар Макка ташкил ёфта, созмони ғайри ҳукуматии байналхалқии исломӣ мебошад.
Дар шароити ҳозира ҷайр аз ин се созмони мӯътабаре, ки ёд шуд боз чандин созмону ташкилотҳои байнидавлатӣ, минтақавии иҷӣтимоию сиёсӣ, иқтисодиву илмӣ, маданию фарҳангӣ ва ғайра амал мекунанд. Масалан: Банки имронии исломӣ, Мухобироти байналхалқии исломӣ, Созмони исломӣ оид ба таълим ва маданият, Маҳкама(Суд)-и адолати исломӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар як худи кишварҳои арабӣ зиёда аз 130 ташкилоту созмонҳои маҳаллӣ, аҳзоби сиёсии исломӣ ва ғайра амал мекунанд.
Хулоса, дар шароити ҳозира, бо вуҷуди ҳанӯз ҳам ба сатҳи имрӯзаи пешрафти илмию техники нарасидани аксари кишварҳои исломӣ, ислом яке аз динҳо ва идеолужиҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва кишварҳои исломӣ дорои имконоти азими иқтисодӣ ва захираҳои табиӣ мебошанд. Ҷаҳиши иқтисодию иҷтимоии як қатор кишварҳои исломӣ чун: Малазия, Индонезия, Туркия, Амороти Арабии Муттаҳида, Давлати Шоҳигарии Арабистон Саъудӣ, Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон далолат бар он мекунанд, ки аз лиҳози илмию фарҳангӣ ва ҳатто технулужӣ, кишварҳои исломӣ имкони расидан ба сатҳи имрӯзаи ҷаҳониро низ доранд.
Инак фасли дини исломро низ дар ин ҷо хотима мебахшем ва умедворем, ки шинсоӣ бо маъорифи исломӣ як олами тозаеро барои ҷавонони мо боз карда, дар шинохти таърих, фарҳанг, адабиёту забон, фалсафаю ҳуқуқи гузашта онҳоро мадад ва омили ташаккули ҳиссу ғурури созандаи миллӣ, итминон ба нафс, истиқомат дар баҳсу муҷодилаҳо гардад.