Главная / Илм / ҚИСМИ ХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛА

ҚИСМИ ХАРОҶОТИ БУҶАИ ОИЛА

Банақшагирии буҷаи оилавӣ кори хеле мураккаб аст. Он арзёбии воқеии даромадҳои оянда ва истифодаи оқилонаю босамари ин воситаҳоро бо назардошти нархҳои амаликунанда ва дараҷаи беқурбшавӣ дар бар мегирад. Дар раванди банақшагирӣ ҳисобгирӣ ва назорати хароҷот нақши муҳим дорад.

Ҳисобгирӣ бо роҳи ҳисобу китоб тавсиф, тафтиш ва муқаррар кардани ягон чиз аст. Дар боби гузашта мо хароҷоти асосиро ба чор гурӯҳ тақсим кардем: пардохтҳои ҳатмӣ, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, хизматҳои фарҳангию маишӣ.

Пардохтҳои ҳатмӣ. Ба ин пардохтҳо андози даромад, пардохтҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятию кооперативӣ (ҳаққи узвияту дохилшавӣ ба ташкилотҳои ҳизбию ҷамъиятӣ, ҷамъиятию варзишӣ, ки бо назардошти миқдори музди меҳнат аз рӯйи меъёрҳои устувор дода мешавад, пардохтҳо ба рафоқатҳои боғдорию обчакорӣ ва ғайра), ба кооперативи сохтмони манзил, пардохт кардани қарзи бонк, кредит, хонапулӣ, пули гармӣ, газ, об, барқ, радио, телефон ва ғайра мансубанд.

Дар бобҳои оянда мо пардохтҳои ҳатмӣ ва хароҷоти хӯроквориро муфассалтар мавриди муҳокима қарор медиҳем. Қисми ба қадри кофӣ зиёди хароҷоти оиларо хароҷоти хидматҳо ташкил мекунанд. Онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

Маишӣ:

  • таъмир ва хизматрасонии техникии мошину асбобҳои рӯзгор, мебел;
  • ҷомашӯйӣ; тозакунии кимиёӣ, ранг кардани либос;
  • таъмири манзил;
  • хизматрасонии суратгир, кинофотолабораторияҳо;
  • хизмати ҳаммом ва сартарошхона;
  • прокати маснуоти гуногун, аз ҷумла нақлиётӣ, хизмати алоқа;
  • муросилоти почтавӣ, телеграфӣ;
  • обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо;
  • Хизматҳои муассисаҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ:
  • дандонпизишк;
  • утоқи косметолог;
  • санатория ва хонаҳои истироҳат;
  • кино, театр, намоишномаҳо; маҷаллаҳои варзишӣ ва ғайра.

Қисми назарраси буҷа ба ғизо (45%) ва молҳои ғайриистеъмолӣ (25%) сарф мешавад.

Молҳои зеринро ба қатори молҳои ғайриозуқаворӣ нисбат медиҳанд: пойафзол, телевизор, радио, либос, техникаи рӯзгор, мебел, ашёе, ки барои муҷаҳҳаз сохтани хона лозим аст, молҳои хоҷагӣ.

Ғайр аз чор моддаи асосии хароҷот хароҷоти дигарро низ ба назар гирифтан лозим аст: харидани туҳфаҳо, майда-чуйдаи дигар ва ғайра. Ҳамчунин бояд барои харҷҳои ғайричашмдошт (таъмири ногаҳонии телевизор ва монанди ин) захира гузошта шавад.

Якчанд таснифи хароҷот мавҷуд аст. Вале дар ҳамаи оилаҳо 2 гурӯҳи асосии хароҷот вуҷуд дорад: тағйирёбанда ва асосӣ.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …