Дар саноат кислотаи сулфатро дар натиҷаи оксид кардани 8О2 то 8О3 ва дар об ҳал кардани он ҳосил мекунанд.
Сулфур ва пайвастагиҳои он ашёи хом барои истеҳсоли оксиди сулфур (IV) мебошанд (ниг. ба нақшаи 6).
Истеҳсоли саноатии кислотаи сулфат дар се зина мегузарад:
- Сӯзонидани ашёи хом ва ҳосил намудани 8О2
- Оксид намудани 8О2 то 8О3
- Дар об ҳал намудани 8О3 (абсорбсия)
- Ҳосил намудани 8О2.
4Ғе82 + 11О2 = 2Ғе2О3 + 88О2 + (.)
Си28 + 2О2 = 2СиО + 8О2 +
8 + О2 = 8О2 + (.)
2Тп8+ 3О2 = 2ТпО + 28О2 +
Асосан истеҳсоли 8О2 дар саноат аз ҳисоби сӯзонидани пирит (Ғе82) ба даст оварда мешавад (расми 32).
- Оксид намудани 8О2 то 8О3
Дар саноат барои истеҳсоли кислотаи сулфат оксид кардани 8О2 бо ду усул амалӣ мегардад: контактӣ – бо истифодаи усули
катализи гетерогенӣ (контактҳо) ва усули нитрозй (манорагӣ) – бо истифодаи катализи гомогенӣ (IV). Усули контактй нисбати усули нитрозӣ бартарият дорад.