Истеҳсолот (тавлидот) – сарчашмаи асосии истеҳсоли неъматҳои моддй ва ҳамчун қонеъгардонандаи талаботи ҷомеа, ҷузъи муҳимтарини иқтисод, алалҳусус соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва сарчашмаи ташаккули фаъолияти иҷтимой, фарҳанг, илм, маориф, маънавиёт ва ғайра хизмат мекунад.
Ибтидои истеҳсолотро раванди меҳнат ташкил медиҳад. Охир он ҳамчун ягонагӣ ва ҳамбастагии фаъолияти меҳнатии инсон, сатҳу дараҷаи таъсиррасонӣ ба ашёҳои табиат, тағйиру дигаргунисозӣ ва қонеъгардонии талаботи беинтиҳои он сурат мегирад.
Раванди меҳнат ҳамчун ягонагии унсурҳои меҳнат, предмети меҳнат ва олоти меҳнат ташкил гардида, аз бисёр ҷиҳат ба раванди истеҳсолот мусоидат менамояд.
Меҳнат – амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он неъматҳои моддию маънавй ва ҳидимот ба вуҷуд оварда мешавад. Бо ин мақсад инсон кулли дониш, малака ва маҳорати худро баҳри истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷҳои номаҳдуд ва беинтиҳои худ истифода мекунад.
Ашёи меҳнат ба сифати объекти меҳнат, дар шакли захираҳои тайёри табиат (замин, дарахт, ангишт…) ва ним- фабрикат (ашёи хом), яъне захирахои табиат, олами ҳайвоноту наботот баромад карда, барои ташкил, ривоҷу равнақ, таъмини рушд, муозинию истиқрори истеҳсолоти муосир мусоидат менамояд.
Олоти меҳнат. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини истеҳсолот, ифодакунандаи сатҳу дараҷаи пешрафт ва дараҷаи беҳбудии ҷомеа буда, дар шаклҳои гуногун: шакли чизӣ ё худ моддӣ (санг, ҳайвонхои корӣ); воситаҳои техникӣ (мошин, механизмҳо, таҷҳизот, дастгоҳ); низоми комили истеҳсолоти мошини: (муҳаррик (двигател), дастгоҳҳои идораю танзимгар…) ва ғайра сурат мегирад.
Ашёи меҳнат ва олоти меҳнат дар якҷояги воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Онҳо дар адабиётҳои муосири иқтисоди, ҳамчун сармоя (сармояи асоси, сармояи истеҳсоли); фонд (фондҳои асосӣ, гардон, истеҳсолӣ, молҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ва ғайра номбар қарда мешаванд.
Дар раванди истеҳсолот мехнат ба сифати қувваи коргарӣ истифода карда мешавад. Ягонагии қувваи коргарӣ ва сармоя қувваҳои истеҳсолкунандаро ташкил медиҳад.
Он ҳамчун нишондиҳандаи муҳимтарини таъмини рушди иқтисод, (дар сатҳи микро-макро-мегаиқтисод) илму техника, технология, иттилоот, электроникаи муосир қарор дошта, тарзу услуби ташкили истеҳсолот ва пешрафту истиқрори иқтисодиётро муайян менамояд.
Кулли алоқа ва равобити мутақобила (таъсири байниҳамдигари)-и ходисаю равандҳои иқтисодию иҷтимоии дар ин раванд ташкил ва инкишофёбанда ҳамчун муносибатҳои иқтисодӣ эътироф карда мешаванд. Аз боиси нисбатан мураккаб ва беинтиҳо будан, онҳоро аз нигоҳи меъёр, ба муносибатҳои истеҳсолии:
- дар доираи истеҳсол, муомилот, тақсим, истеъмол;
- муносибатаҳои ташкилию иқтисодӣ (ташкили истеҳсолот (ниг. ба саволи ояндаи мавзуъ ва тавлиду мубодилаи неъматҳову хадамот);
- муносибатхо аз нигоҳи ташкили хонаю хонадорй (муносибатхои инфиродй), хоҷагидорию бизнес (муносибатхои коллективӣ, гуруҳӣ); давлату давлатдорӣ (муносибатҳои ҷамъиятй), муносибатҳои минтақавии байналҳалкй;
- муносибатҳои соҳавй (кишоварзӣ, саноат);
- масоҳатӣ (сарзамини алоҳида, ноҳия, вилоят…);
- муносибатҳои истеҳсолоти ҷамъиятй (истеҳсолоти моддй, ғайримоддй);
- байни субъект, агент (намоянда) ва институтҳои иқтисодӣ;
- молиявй, қарзй ва ғайра ҷудо мекунанд.
Истеҳсолот ҳамҷун нуқтаи ибтидоии таъмини ҳарақати муносибатҳои иқтисодии ҷомеавй (истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол), сарҷашмаи ташаққули заҳира ва омилҳои иқтисодӣ (сармоя, меҳнат, замин, иттилоот…), шароит ва қоидаҳои ба ҳам пайваст ва иттисоли фаъолияти субъеқту объеқти иқтисодӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодию гай- рииқтисодӣ, ҳадамот ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои субъеқтҳои иқтисодӣ баромад мекунад.
Оиди истеҳсолот, моҳият, нақшу мақом, мақсаду вазифа ва натиҷаҳои ниҳоиву истифодаи он назария ва тафсилоти гу- ногун мавҷуд мебошанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
- меҳнат ҳамҷун қобилияти ҷисмонию фиқрии инсон (қувваи қоргарй) ва фаъолияти бошуурона ва ба мақсад мувофики инсон сурат мегирад;
- меҳнат инсони иқтисодӣ ва оҳирон истеҳсолотро ба вуҷуд овардааст;
- меҳнат – сарҷашмаи гизо ва таҳриқдиҳандаи истеҳсо- лот мебошад;
- дар ҷараёни истеҳсолот, одамон неъматҳои моддию маънавй ба вуҷуд меоранд ва ба ин мақсад қулли дониш, малака, махорат, истеъдод ва санъати худро масраф мекунанд.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти истеҳсолот ҷа- раёни муттасили ҳамгироии омилҳои истеҳсолот, истифодаи за- ҳираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъ- матҳои иқтисодию гайрииқтисодӣ, ҳадамот ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои субъектҳои иқтисодӣ фахмида мешавад.
Истеҳсолот ҳамчун ягонагии унсурхои зер: вазифа, мақсад, шакл ва омилхо сурат мегирад.
Одатан, чунин вазифаҳои истеҳсолот бештар пазируфта мешаванд:
- ташкили раванди мехҳат (истеҳсолот);
- таъмини шароит барои дастрас ва ба ҳам пайваст намудани омилҳои истеҳсолот;
- таъмини ташкили истеҳсолот (тамарказ, марказият, кооператсия), навсозӣ, навоварию ихтироотҳо азнав- таҷҳизонӣ, ҳосилнокию шиддатнокӣ, даромаднокию самаранокӣ;
- ташкили шароити меҳнат, шаклу низоми музди кор, таъмини бехатарии истеҳсолот;
- ташкили арзишу нарх, ҳароҷоти молу маҳсулот, бозори нави фуруш;
- таъмини дараҷаи муайяни даромад ва фоида;
- дар асоси имконоти истеҳсолй ва интихоби алтернативию комбинатсияҳои омилҳо (захираҳо), таъмин намудани дархосту эҳтиёҷи субъектхои иқтисодӣ бо неъматҳову хадамоти муосири рақобатпазир ва ғайра .