Ҳуқуқи истисноӣ ба номи маҳалли истеҳсоли мол дар доштани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли мол нисбат ба молҳо ба сифати воситаи фардику- нонӣ, ки ба қонунгузорӣ хилоф нест, ифода меёбад. Унсур- ҳои зеринро дар иртибот бо истифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он ҷудо кардан мумкин аст:
- худи истифода бурдан. Ба кор бурдани ишораҳои ҷуғ- рофӣ дар руи мол, тамғакоғазҳо, борпечҳо, дар реклама, нашрияҳои чопии рекламавӣ, бланкҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмие, ки бо воридкунии мол ба муомилоти гражданӣ ало- қаманданд, истифодабарии номи маҳалли истеҳсоли мол ҳисобида мешавад (м. 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»). Истифода накардани номи маҳалли истеҳсоли мол, асоси қатъи ҳуқуқ ба он намегардад, вале истеҳсол накардани мол ҳангоми тамдиди муҳлати эътибори шаҳо- датнома аҳамият дорад (м. 12 Қонуни ҶТ «Дар бораи ишо- раҳои ҷуғрофӣ»);
- манъ будани истифодаи ғайриқонунӣ. Истифодаи ни- шондодҳои бардуруғи баромади мол ва номи бақайдгириф- ташудаи маҳалли истеҳсоли мол аз ҷониби шахсоне, ки ша- ҳодатнома надоранд, ҳатто агар дар ин ҳолатҳо номи воқеии маҳалли истеҳсоли мол нишон дода шавад ва ё ном дар тар- ҷума ё бо истифодаи вожаҳои «аз қабили», «намуди», «мо- нанд» ва ғайра истифода шавад, инчунин истифодабарии аломати ба ишораи ҷуғрофӣ монанд, нисбат ба ҳама гуна мол, ки метавонанд истеъмолкунандаро оид ба маҳалли ис- теҳсол ва хосиятҳои махсуси мол ба иштибоҳ андозанд (ис- тифодабарии ғайриқонунии ишораҳои ҷуғрофӣ), манъ карда мешавад (м. 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»). Гузашт намудани ҳуқуқи истифодаи ишораи ҷуғрофӣ ва до- дани ҳуқуқи истифодаи он дар асоси шартнома номумкин аст.