Соҳаи асосии иқтисоди мамлакатҳои Африқо – кишоварзӣ дар зери фишори шадиди мустамликадорон ба содирот мувофиқ карда мешуд. Дар натичаи чунин сиёсат номгӯйи зироатҳои дар Африқо парваришёбанда якбора тағйир ёфт. Дар зарфи чоряк асри то Ҷанги якуми чаҳонӣ ва то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои зарурати дохилй, махсусан чуворимакка дар як сатҳ қарор дошт. Вале истеҳсоли зироатҳои содиротӣ баръакс меафзуд. Истеҳсоли қаҳва 11 баробар, чой 10 баробар, какао ва бибон 6 баробар, арахис зиёда аз 4 баробар, тамо- ку 3 баробар зиёд шуд.
Бо сабаби тамоюли содиротии кишоварзӣ шумораи мамлакатҳои африқоии парваришкунандаи як зироат хеле меафзуд. Дар мамлакатҳои мустамликавии Африқо 85 фоизи арзиши содиротро зироатҳои ҳамсон ташкил мекарданд. Масалан, Гамбия ва Сенегал барои парвариши чормағзи заминӣ, Занзибар барои парвариши дранфул (як навъи гул), Уганда барои парвариши пахта, Соҳили Тилоӣ барои парвариши қаҳва, Соҳили Оч, Того ва Камерун барои истеҳсоли қаҳва, Габон барои саб- зондани навъҳои чӯбҳои пурқимат ва Гвинеяи Фаронса барои парвари- ши банану ананас махсус гардонда шуда буданд.
Саноати дар Африқо тавлидёфта боз ҳам бештар бо назардошти со- дирот кор мекард. Саноати кӯҳии мустамликаҳои африқоӣ рушди бо- суръат дошт. Масалан, дар Конгои Белгия истеҳсоли мис аз соли 1913 то соли 1937 зиёда аз 20 баробар афзуд, Африқои Тропикӣ ва Африқои Ҷанубӣ аз чиҳати истеҳсоли минерал ва маъданҳо дар олами сармоядорӣ чойи намоёнро ишғол мекарданд, аз он чумла аз чиҳати истеҳсоли ал- мос, кобалт, тило, хром, марганетс, фосфорит ва платина.
Ба соҳаҳои содиротӣ хоричиён бештар маблағгузорӣ мекарданд. Солҳои 1870-1936 дар мамлакатҳои Африқо ҳачми умумии сармоягузо- рии хоричӣ зиёда аз 1,2 млрд. фунт-стерлингро ташкил кард. Тақрибан 75 фоизи ин маблағ аз сармоядорони Британиян Кабир буд. Маҳз дар ҳамин давраи байни ду чанги чаҳонӣ иттиҳодияҳои калони инҳисорӣ, ба монанди «Юнайтед Африқо компани»-и Англия ва «Юнион минер дю О, Катанга»-и Белгия машҳур шуданд. Онҳо дар назди худ вазифа гузоштанд, ки ҳам захираҳои одамию табиии Африқоро истисмор ку- нанд ва ҳам қитъаҳои бузурги заминҳои киштбобро аз африқоиҳо ка- шида гиранд.
Дар як қатор мамлакатҳои Африқои Шарқӣ – Кения, Таганика ва Нясаленд ширкатҳои зироатпарварии англисӣ ҳукмронӣ мекарданд.
Дар мамлакатҳои зиёди Африқои Ғарбӣ ширкатҳои тичоратию кишоварзӣ мақоми баланд доштанд. Дар он чо хочагиҳои калони зироатпарварӣ ташкил наёфтанд. Ин кор шумораи зиёди аврупоиҳоро тақозо мекард, лекин иқлими Африқои Ғарбӣ барои онҳо бениҳоят гарм буд. Аз ҳамин сабаб дар ин минтақаи Африқо истеҳсолкунандагони асо- сии зироатҳои содиротӣ фермерҳои африқоиасл буданд. Онҳо аз тара- фи ширкатҳои аврупоӣ ва пеш аз ҳама, тавассути нархҳои пасти хариди маҳаллӣ истисмор карда мешуданд.
Ширкатҳои истеҳсолкунандаи маъдан, дар навбати аввал, дар Роде- зияи Шимолӣ ва Конго, ки аз ин захираи зеризаминӣ бой буданд, кор мекарданд. Родезияи Шимолӣ оҳиста-оҳиста дар чаҳон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони мис табдил меёфт. Дар музофоти ҷанубу шарқии Конгои Белгия бошад, алмос ва маъданҳои рангаи зиёди дигар истеҳсол карда мешуданд.
Ҷумҳурии Либерия низ аз ҳукмронии ширкатҳои калони хориҷӣ наҷот ёфта натавонист, ҳарчанд ки ба ягон империяи мустамликавӣ до- хил набуд. Ширкати «Файрстон тайр энд раббер компани»-и Америка соли 1926 барои парвариши каучук 400 ҳазор га заминро ба муҳлати 99 сол аз Либерия иҷора гирифт. Либерия аз ин ширкат танҳо 1 фоизи ар- зиши каучуки содиротӣ ва барои истифодаи ҳар як га замин камтар аз 15 сент меситонд.
Мустамликадорон қувваи кории арзони маҳаллиро ба нафъи худ бо ҳар роҳ, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷорӣ намудани андозҳо кор мефар- муданд. Яке аз он андозҳо сарикасӣ буд. Барои аксари африқоиаслҳо роҳи ягонаи пайдо намудани пул барои пардохти андоз дар хоҷагиҳои «аврупоӣ» кор кардан буд.
Мустамликадорони аврупоӣ инчунин камзаминиро ба таври сунъӣ ба вучуд меоварданд. Онҳо барои иҷрои ин мақсад қаламрави нопай- доканорро «минтақаи зисти аврупоиҳо» эьлон мекарданд. Дар чунин заминҳо мардуми африқоиасл ҳуқуқи киштукор кардан надоштанд. Ин усул аслан дар ҳамон мамлакатҳое ба кор бурда мешуд, ки ба он чойҳо муҳочирати аврупоиҳо хеле зиёд буд. Масалан, дар Кения камзаминӣ мардуми африқоиаслро мачбур мекард, ки бо музди кам дар киштзорҳои аврупоиён кор кунанд.
Барои ба даст овардани қувваи корӣ аврупоиён аз урфу одатҳои халқу қабилаҳои маҳаллӣ низ истифода мебурданд. Пешво метаво- нист ҳамқавмҳои худро ба корҳои чамъиятии зарур сафарбар ку- над. Ҳукуматдорони мустамликавӣ пешвоёнро мачбур мекарданд, ки ҳамқавмони худро барои сохтмони роҳҳою иншоотҳои дигар, ки на ба- рои аҳолии маҳаллӣ, балки барои татбиқи сиёсати мустамликадорӣ за- рур буд, равон кунанд.
Дар дарёфти қувваи корӣ мачбуркунии бевоситаи маъмурияти мустамликаҳо низ мақоми хосса дошт. Ин усул барои мамлакатҳои сусттараққии сармоядорӣ, ба монанди Португалия хос бошад ҳам, дар мустамликаҳои Фаронса низ васеъ ба кор бурда мешуд.
Барои ташкили бозори қувваи корӣ дар байни аҳолии африқоиасл ба молҳои аврупоие, ки онҳоро танҳо бо пул харидан муммин буд, ба вучуд овардани талабот аҳаммияти калон пайдо намуд. Точирони сай- ёр чунин молҳоро нася ҳам мефурӯхтанд. Дар сурати сари вақт пардох- та нашудани қарз қарздодагон қарздоронро мачбур мекарданд, ки ба мардикорӣ раванд.
Савол ва супориш
- Чаро баъд аз “Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар китъаи Африко дигаргуниҳои сиёсию иктисодӣ ба амал омаданд? 2. Дар бораи истисмори мардуми маҳаллии Африко далелҳо биёред. 3. Чаро баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ содироти молҳои африкоӣ ба мамлакатҳои Аврупо афзуд? 4. Чаро дар иктисоди аксари мамлакатҳои Африко парвариши як зироат бартарӣ пай- до кард? 5. Саноати мустамликаҳои африкоӣ чӣ тавр таракккӣ мекард? 6. Ширкати авру- поиеро ном баред, ки дар Либерия ба муҳлати 99 сол 400 ҳазор гектар заминро иҷора гириф- тааст? 7.Мустамликадорони аврупоӣ кадом роҳҳоро истифода мебурданд, ки африкоиаслҳо дар корхонаю заминҳои онҳо кор кунанд?