Главная / Илм / Касби ошпазӣ

Касби ошпазӣ

Ошпаз

Ошпаз шахсест, ки ба омода кардани ғизо дар корхонаҳои хӯроки умумӣ машғул мешавад. Ошпаз бояд пеш аз ҳама кори худро дӯст дорад ва дар баробари ин соҳиби маҳора- ти хуби технологияи омода кардани хӯрок бошад. Ошпазҳо на танҳо дар тарабхонаю ошхонаҳо заруранд, инчунин дар боғчаҳои бачагона, мактаб ва беморхона ва дигар муасси- саҳои хидматрасонӣ низ фаъолият мекунанд.

Баъзе одамон бар ин ақидаанд, ки ошпазӣ кори осон аст ва ҳеҷ мушкил надорад. Дар асл ин касб аз инсон истеъдод, ҳисси- ёти таъм ва маҳорати махсусро талаб мекунад. Ошпази моҳир бояд бодиққат, дақиқкор ва хотираи қавӣ дошта бошад.

Ошпазӣ касби душвор аст. Баъзан соатҳои дароз, то нисфи шаб дар ҳолати омодагӣ буда ва бодиққат кор кардан лозим мешавад. Ғайр аз ин барои дар шароити ошхонаи гарм кор кардан бояд саломатии хуб дошта бошад. Иҷрои ин касб сар- бории ҷисмонию равонӣ ва масъулияти баланд дорад.

Хоҳишмандон ин касбро метавонанд дар литсей, коллеҷҳои касбӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯ- зишӣ аз худ кунанд. Мутахассиси ин касб бояд дар соҳаи физи- ология, химия, санъати тасвирӣ дониши зарурӣ, инчунин ҳис- сиёт ва завқи баланди бадеӣ дошта бошад.

Ошпаз-қаннод ба омода кардани навъҳои гуногуни ши- ринӣ машғул мешавад.

Ошпаз-технолог ашёи хомро қабул мекунад, сифати онро назорат, теъдоди зарурии маҳсулотро ба ҳисоб мегирад, ин- чунин ғизонокии маҳсулоти хӯрокиро назорат мекунад.

Сарошпаз вазифаи маъмурӣ ва дар айни замон вазифаи ошпазиро иҷро мекунад. Ӯ дар баробари тартиб додани рӯйхати хӯрокҳо, барои таҳияи ғизо мавод дархост ва омо- да мекунад, кори ошпазонро сардорӣ ва назорат мекунад. Сарошпаз мутахассиси сатҳи баланд буда, бояд бодиққат, пухтакор ва зираку ҳушёр бошад.

Касби ошпазӣ ба соҳаи хидматрасонӣ марбут аст. Соҳиби ин касб метавонад дар комбинати ғизо, фабрикаи қаннодӣ ва заводу корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ҳамчун ошпази ху- сусӣ кор кунад.

  1. Соҳаи фаъолияти ошпазро номбар кунеД.
  2. Шакл ва салоҳияти фаъолияти касбии ошпаз Дар чӣ ифода меёбад? 
  3. ҚоиДаҳои беҳДоштӣ ва санитарӣ Дар корхонаҳои хӯроки умумӣ аз чӣ иборат аст?
  4. ҚоиДаҳои омоДа карДани гизо каДомҳоянД?

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …