Главная / Илм / КАСБУ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁ НАМУДАНИ КАСБУ ҲУНАРИ МИЛЛӢ

КАСБУ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁ НАМУДАНИ КАСБУ ҲУНАРИ МИЛЛӢ

Мардуми зебопарасти тоҷик дар тӯли ҳазорҳо сол зебой офаридааст. Ин зебой нақшу нигори дилписанди мардуми тоҷик аст. Агар одамони диёри мо меҳнатдӯсту зебоипараст намебуданд, мо ҳоло аз лаззати тамошои фараҳбахши ин зебой маҳрум мебудем, вале хушбахтона табиати инсон чунин аст, ки зиндагӣ бе зебой барояш мушкил мебошад. Вақте ки кӯдак нав ба дунё меояд, ӯро ба гаҳвораи пур аз нақшу нигор мехобонанд, бо нияте, ки умри кӯдак мисли нақшунигор рангоранг гузарад. Касбу ҳунарҳои миллӣ, ба монанди кашидадӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, чармгарӣ, ҷомадӯзц, наққошӣ, гулдӯзӣ, кафшдӯзӣ, дӯзандагӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳои дигари миллӣ мавҷуданд, ки то давраи мо омада расидаанд. Устои машҳури кашидадӯзии Тоҷикистон, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова бо гулдӯзиҳову кашидадӯзиҳои бемислу монандаш, ҷаҳон маъруф аст. Ҳунари кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ намуди санъати ороишию амалии халқист. Халқҳои Осиёи Миёна дар тӯли қарнҳои бисёр ороиши сару либосро ба монанди куртаи чакан, таҷҳизоти хонаю ҷой ва анҷому ашёи рӯзщор, хуллас аз бисоти тифлӣ то ҷиҳози арӯсиро дар хонадон ба ҷо меоваранд. Аз қадим боз зиёда аз 700 навъи нақши кашидадӯзӣ маълум аст. Дар Тоҷикистон кашидадӯзӣ аввал ҳунари дастии авлодӣ буд. Ҳунари гулдӯзӣ, таркдӯзӣ ва зардӯзӣ бисёр ҳунари панҳшуда дар байни халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Зардӯзон ва гулдӯзони ҳозира нозукиҳои ҳунари ниёгонро давом дода, дар айни замон нусхаҳои зебову навро ихтироъ кардаанд ва инчунин хелҳои нави бисёрро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …