Главная / Илм / Кишоварз

Кишоварз

Кишоварз

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимми хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад, зеро маҳсулоти кишоварзӣ барои рушду такомули зеҳниву ҷисмонии инсон ғизои муҳим аст. Дар маҳсулоти кишоварзӣ теъдоди муайяни моддаҳое, ки барои саломатии инсон ва фаъолияти ҳаётӣ заруранд, маҳфуз аст. Бинобар ин, кишоварзон ва истеҳсолкунандагони маҳсуло- ти кишоварзӣ дар мустаҳкам шудани солимии ҷомеа мавқеи арзанда ишғол мекунанд.

Фаъолияти кишоварзӣ ҷанбаҳои эҷодӣ низ дорад, ки аз мутахассис маҳорати пешгӯйӣ кардани таъсири шароитҳои душвору гуногуни табиатро барои рушди рустаниҳо ва ба тав- ри фаврӣ пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо тақозо мекунад.

Кишоварз бояд соҳаҳои биология ва физиологияи рустаниҳо, махсусиятҳои зироатҳои сабзавотӣ, маҷмӯи шароитҳои барои рушди рустаниҳо мусоидро бидонад. Натиҷаи кори кишоварз аз ҳарорати ҳаво, равшанӣ, обтаъминкунӣ, моддаҳои ғизоӣ, инчунин равандҳои микробиологии хок, зараррасонҳо ва бемориҳои сабзавот вобаста мебошад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …