Главная / Илм / Коррозияи умумӣ (зангзанӣ)

Коррозияи умумӣ (зангзанӣ)

Қисми зиёди металлҳо дар натиҷаи коррозияи электро- химиявӣ занг мезананд. Моҳияти асосии ин гуна коррозия чу- нин аст: дар техника конструксияҳои аз металлҳои на он қадар тоза сохташуда бо металлҳои фаъолияти химиявиашон гуногун ҷуфтҳои галваникӣ ҳосил мекунанд (расми 56). Аз сабаби вақти зиёд дар иҳотаи намӣ, об ва электролитҳо мондани ин металлҳо ба содиршавии коррозияи электрохимиявӣ оварда мерасонанд. Мисол, ҳангоми кафшеркунии металлҳо ягонагии таркиби метал- ли асосӣ ва таркиби электроди кафшеркунандаро таъмин намудан ғайриимкон аст. Баъзан, оҳантугмаҳои (заклёпка) аз металлҳои фаъолияти химиявиашон гуногун сохташуда, ки барои қисмҳои ду металлро бо ҳамдигар пайваст кардан истифода мешаванд, ҷуфти галваникӣ ҳосил намуда, коррозияро метезонанд.

Ҳангоми бо қабати доимии коррозионӣ (руҳ, қалъагӣ, никелӣ ё мис) рӯйпӯш кардани металл заминаи ягонаи қабати шикастаёфта низ ба ҷуфти галваникӣ табдил меёбад. Дар коррозияи электрохимиявӣ металл ва қисми шикастаёфтаи рӯйпӯши он, ки шаклаш дар расми 57 нишон дода шуда аст, ҷараёни содиршаван- да аз зер иборат аст:

Қабати аз металли фаъол сохташуда ва оҳан ба электроди эле- менти галваникӣ мубаддал мешавад.

Оҳани нисбатан камфаъол катод, металли рӯйпӯши фаъолнок – руҳ бошад, вазифаи анодро иҷро мекунад. Руҳ электронҳояшро дода оксид мешавад. Ин электронҳо оксигени ҳаворо дар сатҳи металл барқарор мекунанд:

/п —2е ® Хп2+;

О2 + 2Н2О +4е ® 4ОН Хп2+ + 2ОН Хп(ОН)2

Агар сатҳи оҳан бо қалъагӣ пӯшонида шуда бошад, он гоҳ аз коррозия нигоҳ доштани ҷиҳоз то вайроншавии қабати муҳофиз давом мекунад, зеро пардаи оксидии сатҳи қалъагӣ устувор мебо- шад. Дар ҳолати пайдо шудани рахча (микрошикаст) дар қабати ашё системаи галваникии ҷараёни электрохимиявӣ оғоз меёбад ва қабати оҳанӣ ба анод, қалъагӣ бошад, ба катод табдил меёбад. Оксидшавии оҳан суръат мегирад:

Ғе —2е ® Ғе2+;  О2 + 2Н2О +4е ® 4ОН ;

Ғе2+ + 2ОН ® 2Ғе(ОН)2

Ғе(ОН)2-и хосилшуда бо таъсири оксигени ҳаво ва намӣ ба Ғе(ОН)3 табдил меёбад:

4Ғе(ОН)2 + О2 + 2Н2О ® 4Ғе(ОН)3

Қабати оҳан занг мезанад. Оби дар сатҳи оҳан буда, бо оксидҳои кислотагӣ (СО2, 8О2) ё Н2§ пайваст шуда, ионҳои Н+ (кислота)-ро ҳосил мекунанд. Электронҳои ҳангоми оксидшавии оҳан ҳосилшуда ионҳои гидрогенро барқарор мекунанд:

+ +2е ®Н2

Зарраҳое, ки сабаби коррозияи босуръати ҷиҳозоти пӯлодӣ ме- шаванд, сементит (Ғе3С) мебошад, ки он вазифаи катодро иҷро мекунад. Оҳан дар ин раванд ҳамчун анод рафтор мекунад. Семен-

тит нисбат ба оҳан камфаъолтар буда, оҳан ва сементит дар ҷуфти галваникӣ бо чунин нақшаи микрогалваникӣ иштирок мекунанд (расми 58).

Мувофиқи муодилаи мазкур ба коррозия шудани оҳан сементит ёрӣ медиҳад. Оксиген электронҳои оҳанро ба маҳлул гузаронида, ба ионҳои Н+-и дар маҳлул буда месупо- рад. Дар ин раванд оҳан ионҳои Н+-ро то Н2 барқарор намуда, худ то Ғе2+ оксид мешавад.

Аз сабаби он, ки ҷараёни коррозия бардавом аст, он ба хоҷагии халқ зарари калон мерасонад. Аз панҷ як ҳисса (20%)-и металлҳои дар давоми сол истеҳсолшуда ба туфайли коррозия корношоям ме- гарданд, ки дар навбати худ ин ба беҳуда сарф шудани маблағҳои калон меорад.

Аз ин сабаб аз коррозия ҳимоя намудани металлҳо аҳаммияти калон дорад. Якчанд усулҳои мубориза бар зидди коррозия вуҷуд доранд (расми 57).

Ҳосил кардани кабати ҳимоявӣ. Кам кардани фаъолнокии муҳити коррозионӣ (ингибиронидан). Тағйир додани хосияти металлҳо (тоза кар- дан аз омехтаҳо ё ки илова кардани он). Ҳимояи электрохимиявӣ. Исти- фодаи металлҳои аз ҷиҳати химиявӣ устувор.

______________________________________________________

  1. Коррозия. Коррозияи электрохимиявӣ. 3. Ҳимоя аз коррозия.

?ш____________________

  1. Коррозия чист?
  2. Кадом намудҳои коррозия мавҷуд аст?
  3. Металлҳоро аз коррозия чӣ тавр бояд муҳофизат кард?

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …