Главная / Ҷамъият / КӮДАКИИ МУҲАММАД (САВ) – Пайғамбари дини Ислом

КӮДАКИИ МУҲАММАД (САВ) – Пайғамбари дини Ислом

Омина модари паёмбар духтари Ваҳаб бинти Абдуманоф ибни Зуҳра ибни Килоб буд. Модари Омина аз авлоди Абдуддор буд. Издивоҷи ӯ бо Абдуллоҳ ибн Абдулмутталиб тақрибан дар таърихи 569 сурат гирифт. Аз ин таърих дере нагузашта буд, ки Абдуллоҳ бо корвон қасди сафари тиҷоратӣ ба навоҳии Шомро кард ва дар бозгашт бемор шуд ва дар шаҳри Ясриб ҷон ба ҷонофарин супорид.

kudakii-muhammad

Омина пас аз марги шавҳараш дар таърихи 12 рабеъ- ул-аввали соли 570, ки ҳамон соли маъруфи «фил», яъне соли лашкаркашии Абраҳа алайҳи Макка, писаре таваллуд кард, ки он кӯдаки навзодро Муҳаммад (с) ном ниҳоданд. Дар мавриди солу моҳу рӯзи таввалуди Паёмбар (с) ихтилофҳои ҷузъӣ ҷой доранд. Баъзе дигар онро, моҳи Муҳаррам, баъзе Сафар ва баъзеи дигар Раҷаб ё Рамазон тайин кардаанд. Рӯзи таввалудро низ баъзе дуввум, баъзе дувоздаҳуми Рабеъу-л-аввал қабул кардаанд. Дар бораи шаб ё рӯз ва маҳали таввалуд низ ихтилофот ҷой дорад.[1] Хулоса баъд аз таваллуд кӯдакро дере нагузашт, ки ба зане бо номи Ҳалима бинт Аби Зуъайб, ки аз тоифаи бодиянишини Саъд б. Бак буд, супориданд, то дояи ӯ бошад. Аъроби ашрофи Маккаро чунин одат буда, ки шояд мехостанд фарзандонашон хислатҳо ва расму русуми зиндагии озоди бадавӣ ва забону лаҳҷаи саҳроро фаромӯш накунанд ва гузашта аз ин ҳавои шаҳри Макка мусоиду солим, барои кӯдаконашон набуда, то онҳо дар боду ҳавои тозаи саҳро, парвариш ёбанд, онҳоро ба дояҳои саҳронишин медоданд.

Алии Шариатӣ мефармояд, ки «Ҳалима дояи лоғар буду камшир ва ибтидо Муҳаммадро (с), ки падар надошт суроғ кард ва чун чашми доя бештар ба дасти падари кӯдак аст, аз гирифтани ятими Абдуллоҳ сар боз зад, аммо чун падари кӯдак низ думболи дояи солим ва пуршир аст, Ҳалима дигар кӯдаке наёфт ва ночор дар роҳи бозгашт ин кӯдаки ятимро гирифт».[2]

Ҳамин тавр Муҳаммади ятим(с) дар дасти Ҳалима ду сол тарбия гирифт, пас аз ду сол ӯро ба шаҳр назди модараш меоранд, вале чун Ҳалима мушоҳида карда буд, ки аз рӯзи ба хона ворид шудани ин кӯдак зиндагониаш пурбаракату пешрав гардида буд, аз нав ӯро бо баҳонаи он, ки дар Макка хабари паҳншавии вабост, боз се соли дигар бо худ ба саҳро мебарад. Баъд аз панҷ сол кӯдакро ба модараш бар мегардонанд.[3]

Модари паёмбар (с) бо мақсади зиёрати қабри шавҳараш ва дидорбинии хешовандони мадинагиаш аз қабилаи Бини Адии ва Бани ан-Наҷҷор ҳамоно бо кӯдакаш ба Ясриб меравад. Дар бозгашт аз ин сафар дар маҳалли «Авбо» байни Макка ва Мадина Муҳаммади хурдсол (с) , ки ба тозагӣ дар сари қабри падараш зор-зор мегирист аз модар низ маҳрум мешавад ва бо канизи падараш Умму Айман ба Макка бозгашт. Абдулмутталиб, ки тоза аз сафари ширкат дар тоҷгузории подшоҳи Яман бозгашта буд, аз ин мусибат сахт мутаассир гардида, тарбияи кӯдакро ба ӯҳда мегирад, аммо ба қазои тақдир ду сол баъд дар синни ҳаштодсолагӣ Абдулмутталиб низ ин дунёи фониро тарк мекунад, Муҳаммади хурдсол (с) аз ҷадди меҳрубон ва муқтадираш низ маҳрум мешавад.[4] Баъд аз ин ҳодиса сарпарастии ӯро амакаш Абутолиб ӯҳдадор гардид. Абутолиб марди нексиришт, вале серфарзанду камбизоъат буд.

Дар ин давраи зиндагии Муҳаммад (с) воқеъаи ҷолиб он буд, ки дар 12-солагӣ ҳамроҳи амакаш Абутолиб бо корвоне, ки ба Шом мерафт, сафар мекунад. Дар ин сафар дар маҳали Бусро бо роҳиби масеҳи Буҳайра Серҷус вомехурад, ин роҳиб баробари дидани Муҳаммад (с) аз рӯи нишона ва аломатҳои аз кутуби муқаддас хонда буд ва нишонаҳое, ки бо вуруди корвони Қурайш дид дарёфт, ки Муҳаммади навҷавон ҳамон пайғамбари ояндааст, ва ба амакаш Абутолиб супориш кард, ки мувозиби ин кӯдак бошад, чунки хавфе аз тарафи яҳудиён барои Муҳаммад (с) ҷой дошт. Абутолиб аз маркази ҳукумати ғассониён Бусро фаротар нарафта, ба Макка бозмегардад.[5]

Шарҳи ҳоли Муҳаммад (с) баъди ин воқеа то издивоҷ хеле мухтасар аст. Ӯ дар синни навҷавонӣ чун ҷамеъи анбиё, ба чаронидани гӯсфандони амакаш ва Қурайшиён машғул буда,[6]чунки баъд аз сафари номбурда амакаш варшикаст мешавад ва дигар барои тадоруки сафари тиҷоратӣ имконият пайдо накард.

Ҳодисаи ҷолиби дигаре дар ин муддат ҷангест бо номи ҷанги «Фиҷор». Ин ҷанг байни ду қабилаи араб: Қурайш ва Ҳавозин дар моҳи ҳаром, ки дар он ҳар гуна ҷангу хунрезӣ маън буд, рух дод. Муҳаммади ҷавон, ки 14-15 сол дошт дар ин ҷанг ҳузур доштааст ва ҳатто гуфтаанд ӯ тирҳоро аз майдони ҷанг чида ба амакҳояш медодааст, вале ба иллати хурдсолӣ худ наҷангидааст. Гӯянд ин ҷанги тӯлонӣ буда, дар чанд марҳала гузашта ва куллан 4-10 сол тӯл кашидааст.[7]

Ҳодисаи муҳими дигаре, ки ба дунболи хотимаи ин ҷанг воқеъ шуд мунаққид гардидани «Ҳилфулфузул»- паймони ҷавонмардӣ буд. Пас аз ҷанги «Фиҷор» гурӯҳи ҷавонмардоне, ки дар хонаи Абдуллоҳи Ҷадъон ба даъвати Зубайра ибни Абдулмутталиб амакии Пайғамбар (с) даври ҳам омадаанд ва паймон кардаанд, ки аз ҳар гуна зулм ва беадолатӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин паймон ширкат дошт ва пас аз рисолат низ аз он борҳо ба некӣ ёд кардааст.

Дар ҳудуди 25-солагӣ Муҳаммад (с) ба хизматгории бевазани сарватманди ашрофе аз хонадони машҳури Қурайш Хадиҷа духтари Хувайлид ал-Асадия даромад. Чун Муҳаммад дар байни мардум ҳамчун ҷавони поксиришту ростқавл бо номи «Амин» шӯҳрат дошт, Хадиҷа ӯро бо музди ду баробари дигарон ба кор гирифта буд.

Муҳимтарин ҳодисаи ин давра он аст, ки бори дувум Муҳаммад ҳамроҳи ғуломи Хадиҷа Майсара ба Шом сафари тиҷоратӣ мекунад. Дар ин сафар низ гуфта мешавад, ки роҳибе бо номи Настуро Майсараро аз рисолати Муҳаммад башорат медиҳад.[8] Дар роҳ аъмоли хориқуллодае низ мушоҳида мешавад. Муҳимтарин дастоварди ин сафар барои Хадиҷа он буд, ки Муҳаммад (с) бо фоидаи зиёд молҳоро дар Шом мефурӯшад ва молҳои аз Шом харидааш ҳам дар Макка хуб ба фурӯш мераванд. Вақто, ки Майсара мушоҳидоти худ ва рафтори Муҳаммадро ба Хадиҷа нақл мекунад, охирин барои издивоҷ ба ӯ иштиёқ пайдо мекунад, чунки амонатдорӣ, ҳусни хулқ ва ростқавлиаш ӯро мафтун карда буд. Гузашта аз ин, мувофиқи таҳқиқотҳои охир шавоҳиде ҳаст, ки вай аз ояндаи Муҳаммад, пайғамбарии ӯ тавассути мушоҳидоти яҳудӣ ва мушоҳидоти ғуломаш Майсара гумон ва пай бурда буд.[9]

Пайғамбар ба хостгорӣ бо амаконаш, ҳамроҳи амакаш Ҳамза, баъзеҳо гуфтаанд Абу Толиб ё ҳарду меравад. Бо вуҷуди мухолифат дар оғоз падари Хадиҷа Хувайлид розӣ мешавад ва Муҳаммад бо маҳри бист шутур ё чорсад динор бо Хадиҷа ақди никоҳ мебандад. Хадиҷа дар ин ҳангом чиҳил сол дошт ва пеш аз пайғамбар ду шавҳар карда, ки ҳар ду мурда буданд ва аз онҳо як писар ва ду духтар боқӣ монда буд. Аз ин издивоҷ Муҳаммад ду писар ёфт: Қосим ва Абдуллоҳ (Таййиб ва Тоҳир), ки ҳар ду дар кӯдакӣ мурдаанд ва чаҳор духтар: Руқайя, Зайнаб, Умм Қулсум ва Фотима. Ба ғайр аз инҳо Муҳаммадро дигар фарзанде ба ҷуз як писар Иброҳим, ки он аз Мория буд ва мурд, набуд. Инро низ бояд гуфт, ки то он вақт, ки Хадиҷа зинда буд, Муҳаммад зани дигаре нагирифт.

Аз воқеъаи муҳими давраи баъд аз издивоҷ, ки муҳаққиқон таваҷҷӯҳ кардаанд,иштироки Муҳаммад дар таъмири Каъба ва насби «Ҳаҷару-л-асвад» мебошад. Қурайшиён, ки нигоҳубини хонаи Каъбаро ба ӯҳда доштанд, чун он шикасте бардошта буд, ба фикри таҷдиди он афтоданд. Хулоса, онро шикаста аз нав бино карданд. Бардоштани ҳар як девори бинои ӯро қабилае ба ӯҳда дошт. Вақто, ки навбати насб кардани «санги сиёҳ» расид, байни қабоил рӯи масъалаи чи касе бояд онро насб кунад, ихтилоф афтод. Агар намояндаи як қабилае онро насб мекард, савоб ва эътибори он аз дигар қабоил соқит мешуд, аз ин рӯ наздик буд ҷанги мудҳише рух диҳад. Роҳи ҳалли ин муъамморо Абу Умайя, ки пирамарди бохираде буд, ёфт ва пешниҳод кард, ки ҳама ба фатвои аввалин касе, ки ба маъбад ворид шавад, амал кунанд. Аз қазо Муҳаммад (с) даромад. Гуфтанд: «Ҷоъа Амин» – Муҳаммади Амин (яъне ростқавл ва росткирдор) омад. Вақто Муҳаммад (с) аз қазия огаҳ шуд, фармуд порчае ё ҷомае дароваранд ва худ сангро бардошта дар васати он гузошт ва ҳама намояндагони қабоил онро бардоштанд ва ба назди он рукне оварданд, ки бояд онҷо насб мешуд, пас аз он боз Муҳаммад (с) худ онро гирифта, ба ҷояш насб кард.[10] Дар мавриди ҳаёти ин давраи Муҳаммад (с) ду ояте ҳаст дар Қуръон, ки уламо ба иттифоқи назар онро нисбат ба ӯ нозилшуда, шуморидаанд. Дар сураи 93 ояти 6,8, ки дар он омадааст: «Оё туро ятим наёфт пас ҷой дод…         ва туро нодорам ёфт пас

бениёзат сохт». Ин ҳама ҳикоят аз он аст, ки бо издивоҷ ба Хадиҷа Муҳаммад (с) аз талош барои қути лоямут халос мешавад ва илова бар ин ба амакаш, ки иёлманд буд, ҳамчун қадрдонӣ ёрдам мекунад ва аз Абутолиб ҳамроҳ бо амаки дигараш Аббос илтимос намуда Алии шишсоларо зери тарбия ва сарпарастии худ мегирад.

Сиратнигорони пайғамбар аз кӯдакӣ то ин давра зуҳури чанд ҳодисаи хориқулодаро ба ӯ нисбат додаанд. Аз барҷастатарини онҳо яке дар синни 3-4 солагӣ ҳангоми дар тарбияи дояаш Ҳалима будан рух дода. Мувофиқи он, рӯзе ду фаришта аз осмон нозил шуда, ҳангоме, ки Муҳаммад (с) бо бародари шириаш бозӣ мекард, ӯро мегиранд ва синаашро мешикофанд ва аз он хуни баста ва ба қавле «ҳаззи шайтон»-ро берун меандозанд ва то бародараш аз тарс тозон ба назди модараш Ҳалима рафта ӯро даъват мекунад, ғайб мезананд. Дигаре он ҳодисаҳои бо ҳамин дояаш рухдода мебошад. Пас аз ба доягӣ қабул кардани Муҳаммади хурдсол (с) равнақу ривоҷи чашмгире дар ҳаёт ва зиндагӣ ва чорвои Ҳалима рух медиҳад, Ҳалима, ки камшир буд, сершир мешавад, чорвоҳо низ сершир ва сернасл мешаванд.[11]

Ин ва аз ин қабил аъмоли хориқулода дар сиратҳо ва қиссаҳо зиёданд, вале уламои ислом мӯъҷизаи асосии Муҳаммад (с)-ро Қуръони карим меҳисобиданд. Уламо ва олимони исломшиносро ақида бар он аст, ки бисёр мӯъҷиза ва аъмоли хориқулода, ки ба Муҳаммад (с) нисбат медиҳанд, дар тақлид бо дини насронӣ ва яҳудӣ (мӯъҷизаҳои Мӯсо ва Исо), ҷиҳати ба шуури омма мувофиқ кардани дини ислом ба вуҷуд омадаанд. Вале шояд соҳибназарон суол кунанд, ки овардани ин ривоятҳо дар ин ҷо чи лузум ва зурурат дорад. Чун ин китоб исломшиносӣ ном шуда, донистани ин ҷузъиёт ва он тасаввуротеро, ки дар шуури омма ҷой дорад, сарфи назар аз воқеъӣ будан ё набуданашон, тақозо мекунад. Чунки шуури динии омма аксаран таҳти таъсири ҳамин гуна қиссаҳо ташаккул меёбад.

Ривояти зикршуда яқинан тафсири зоҳирии сураи 94 (ал- Иншироҳ) аст, ки бо забони хоси динӣ-қуръонӣ баён шудааст, ки фаҳмиши он корбурди усули ҳерменевтикаи фалсафӣ, ки дар фарҳанги исломӣ бо номи таъвил машҳур аст, ниёз дорад, то маънии ботинии он ба даст ояд.

Дар бисёре аз таҳқиқиқотҳо, ҳатто таҳқиқотҳои муаллифони исломӣ ду ҳодисаи муҳим аз зиндагонии Муҳаммад, ки барои шинохти чигунагии пайдоиши ислом аҳмият доранд, афтодааст. Дар «Сират»-и Ибни Ҳишом ба нақл аз Ибн Исҳоқ бобест бо номи «ҳодисул-хумс», тибқи ривояти ин боб маълум мешавад, ки дар солҳои пеш аз басъат ё ҳамзамон бо таваллуд ё каме пештар аз он Қурайшиён дар маносики ҳаҷҷ бидъатҳое дар масъалаи хӯрду хӯрок ва либос дохил кардаанд, то манофеъи бештаре аз зойирон дошта бошанд ва гузашта аз ин барои худ манзалату мақоми хосе қойил шудаанд, ба истилоҳ муносибати ашрофонае бо дигарон менамудаанд.[12] Дигар он аст, ки дар «Сирату-н-набӣ» далелҳои зиёде дар боби «ахбори коҳинони араб ахбори (уламои) яҳудӣ ва роҳибони насронӣ» дар бораи пешгӯиҳо оид ба зуҳури пайғамбари наҷотбахш овардааст, аз ҷумла саргузашти Салмони форсии Исфаҳонӣ аст. Тибқи он Салмон пас аз як бор тасодуфан ҳузур ёфтан ба маросими ибодати насрониён ба ин дин шавқи зиёд пайдо мекунад, пас аз он аз деҳи падар ва ходимии оташкада фирор карда, дар Шом назди Ускуфи насронӣ таълим мегирад ва хулоса аз ускуфе дар мавриди рисолати Муҳаммад (с) хабар меёбад ва ба Макка ба сифати ғулом ворид мешавад.[13] Ин ду ривоят нишон медиҳанд, ки якум, дар Арабистон ва навоҳии он чун дар замони Масеҳ боварӣ ба зуҳури масеҳ ё пайғамбари наҷотбахше шоеъ будааст, дигар он чунон ки дар оғоз гуфтем, як ниёзмандии ҳамагонӣ ба дини нав эҳсос мешудааст.

[1]   Муҳамад Ҳусейн Ҳайкал, Зиндагонии Муҳаммад. К. 1. С. 120. Дар мавриди таваллуд низ баъзе ихтилофот мавҷуд аст, масалан Ҳасан Иброҳим Ҳасан таваллуди пайғамбарро 20 апрели соли 571 м. мешуморад. « Таърих ал-ислом: ас-сиёсӣ ва-д-динӣ ва-с-сақофӣ ва-л- иҷтимоӣ». С.75.

[2]   Муф. ниг. Али Шариатӣ . Исломшиносӣ, саҳ.138-139, дар мавриди ин ҳодиса Ибн Ҳишом аз Ибн Исҳоқ муфассалтар ривоят мекунад. Ниг. Ибн Ҳишон. Сирату-н-набӣ, саҳ.173-175.

[3]   Ибн Ҳишон. Сирату-н-набӣ, с. 176.

[4]   Ибни Ҳишом дар «Сират-ун-набӣ» марсияҳои зиёде, ки духтарон ва наздиконаш дар сугвории Абдулмутталиб сурудаанд, овардааст. Ч.1. с. 182-193.

[5]   Ҳамон ҷо. Саҳ. 190-191

[6]   Д.И.Т. Ардаконӣ, Таърихи таҳлилии ислом. Саҳ. 75.

[7]   Ҳамчунин ниг. Ибн Ҳишам. Сирату-н-набӣ. с. 198-201

[8]   Қиссаи башорати Исо дар Инҷил оид ба зуҳури Муҳаммад дар Қуръони Карим аз забони Эсо чунин баён кардааст.

Яъне «гуфт Эсо писари Марям: Эй бани Исроил ҳамоно ман расули Худо назди Шумоям ва тавротро, ки пеши ман аст тасдиқ мекунам ва шуморо ба омадани пайғамбаре, ки исмаш Аҳмад аст башорат медиҳам.» (сур. Сафф, ояти 6)

[9]   Устод Ҷаъфар Субҳонӣ, Фарозҳое аз таърихи пайғамбари ислом саҳ. 82-83.

[10]  Дар «Сиратуннабӣ», Ибн Хишом шеъреро низ бахшида ба итмоми бозсозии бинои Каъба овардааст, ки ба Зубайр ибни Абутолиб тааллуқ дорад. с. 213-216.

[11]     Ин ҳодисаҳоро У.М. Уотт аз Ибн Ҳишом ба тафсил нақл карда, пеш аз баёни он гуфтааст, ки бар зидди ин ривоятҳо муаррихи атеист метавонад далелҳо оварад, вале онҳо хусусияти динӣ доранд ва барои мусулмонон ҳамчун муҳимияти шахсияти Муҳаммад ҳақиқат доранд ва илова мекунад, дар ин маврид метавон гуфт, ки ҳар «чашмдоре барои дидан» метавонист бинад, агар воқеан дар он ҳангом он ҷо мебуд»-Муххамед в Мекке. М-Санкт-Петербург с.54- 55.

[12]  Ибн Ҳишам, «Сирату-н-набӣ» с. 216-221 ва ҳам Шайх Муҳаммад Абу Зӯҳра. Хотаму-н- набийн. С. 212-215.

[13] Ибн Ҳишам, Сирату-н-набӣ .с.221-242.

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …