Главная / Гуногун / Либоси махсуси муҳофизатӣ

Либоси махсуси муҳофизатӣ

Либоси махсуси муҳофизатии сабук аз матои резинӣ тайёр карда шуда, аз куртаи кулоҳдор, шиму чулкиҳо, дастпӯшакҳои дуангушта иборат аст, инчунин, халта барои гирифта гаштани либос низ мавҷуд аст.Либосҳо дар 3 андоза: якум -барои қади 165 см, дуюм – аз 165 то 172 см, сеюм – аз 173 боло истифода мешаванд.

Либоси муҳофизаткунандаи филтркунанда муҳофизати хуби узвҳои бадани инсонро аз моддаҳои радиоактивӣ ва бактериявӣ таъмин мена- мояд. Ҳангоми дар маҳлули махсус тайёргардида тар кардан вай инсон- ро аз ғуборҳо низ ҳифозат менамояд. Ин либос аз комбинезони пахтагии махсус, либоси дарунӣ ва ду шими пахтагӣ иборат аст. Комбинезон дар 3 андоза: якум андозаи 165 см, дуюм аз 165 см то 170 см, сеюм- аз 170 см боло дӯхта мешавад.

Комплекти муҳофизатии умумиқӯшунӣ аз плаши муҳофизатии ОП-1, ҷӯробҳои дарози муҳофизатӣ ва дастпӯшакҳои муҳофизатӣ ибо- рат аст. Ин маҷмӯъ вобаста ба нишондодаш метавонад ҳамчун накид- ка (танҳо ба дастҳо пӯшида) ё ҳамчун комбинезон истифода шавад.

Либоси муҳофизаткунандаи махсус дар ҷойҳои ҳанӯз заҳролудна- гашта, бевосита пеш аз кор, пӯшида мешавад ва дар ҷойҳои заҳролудна- гашта кашида мешавад. Дар ин ҳолат бояд ба он аҳамият дод, ки тарафи беруни либос ба қисмҳои кушодаи бадан нарасад. Баъд аз кашидани ли- бос ба самти шамоли вазидаистода гашта, ниқоби зиддигазиро кашидан лозим аст.соз, воситаҳои бактериологӣ ё аф- тодани моддаҳои радиоактивӣ ин либос ҳамчун накидка: дар ҳолати ба дастҳо пӯшидан ҳангоми ҳара- кат дар ҷойҳои аз моддаҳои радиоактивӣ ва бактериявӣ зарар- дида, инчунин ҳангоми иҷрои корҳои безараргардонии техника ва нақлиёт пӯшида мешавад. Ҳан- гоми ҳаракат дар ҷойҳои аз мод- даҳои заҳролудсоз зарардида ва ғуборнокии сахт дар минтақаҳои заҳролудшавии кимиёвӣ ва бакте- риологӣ дар шакли комбинезон истифода мешавад.

Савол ва супориш:

  1. Воситаҳои шахсии ҳифозат барои чӣ пешбинӣ шудаанд ва асоси принсипи кори ниқоби зиддигазиро чӣ ташкил медиҳад?
  2. Дар бораи ниқоби зиддигазии умумиқӯшунӣ нақл кунед ва муво- фиқи андозаи рӯйи худ ниқоб интихоб кунед.
  3. Бандаки аз пахта ва дока таҳияшударо омода созед.
  4. Дар бораи воситаҳои тиббии ҳифзи шахсӣ нақл кунед.
  5. Ҳолатҳоеро, ки ниқоби зиддигазиро гирифта гаштан лозим аст, намоиш диҳед ва онро аз ҳолати тайёр ба ҳолати ҷангӣ биёред.
  6. Либоси ҳаррӯзаро чӣ тавр барои ҳимоя аз моддаҳои заҳролудку- нанда омода сохтан мумкин аст?

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …