Главная / Илм / МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ (ҶАМОАТ) ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРЙ

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ (ҶАМОАТ) ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРЙ

Асосҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти дав- латӣ ва ҷузъҳои он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17-уми майи соли 2004 муқаррар карда шудаанд.

Сохтори мақомоти худидоракунии маҳаллиро худи аҳолӣ мустақилона муайян мекунад. Муайян кардани вазъи мақомоти намояндагии худидораи маҳаллӣ ба соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ дахл дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ вазъи мақо- моти худидораи маҳаллиро, ки функсияҳои дорои хусуси- яти идоракуниро амалӣ мегардонанд, муқаррар месозад. Тибқи моддаи 78-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд». Тартиби интихоби Ҷамоат (раис, муовинони ӯ ва котиб), ваколатҳо, сохтор ва ташкили фаъолият, инчунин ваколатҳои раиси онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5-уми августи соли 2009 муқаррар намудааст.

Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқан Ҷа- моати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот мебошанд.

Ҷамоатҳо дар амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрван- дон ҷиҳати иштирок дар идораи корҳои ҷамъият ва давлат ёрӣ мерасонанд, онҳоро барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии қаламрави худ, ҳалли масъалаҳои муҳимме, ки бевосита ба манфиати аҳолӣ дахл доранд, муттаҳид месо- занд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва раисони онҳо мусоидат мекунанд. Дар кори ҷамоатҳо шаҳрвандоне иштирок мекунанд, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст ва дар қаламрави мазкур доимӣ истиқомат мекунанд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …