Главная / Илм / Мафҳуми металлургия. Металлҳо дар техникаи муосир

Мафҳуми металлургия. Металлҳо дар техникаи муосир

Металлургия (аз юнонӣ «металон» – «маъдан» ё «металл» ва «эргон» – «кор») дар маънои маҳдуди аввалааш «санъати кор- карди металлҳо аз маъдан» мебошад. Маънои замонавиаш – ин шохаи илм ва техника дар саноат мебошад, ки тамоми равандҳои ҳосил кардани металлҳо, хӯлаҳо, инчунин ба шакл ва хосияти му- айян овардани онҳоро дар бар мегирад.

Илмеро, ки усулҳои истеҳсоли саноатии металлҳо ва хӯлаҳои онҳоро меомӯзонад, металлургия меноманд.

Металлургияро ба ду қисмат ҷудо мекунанд: металлургияи сиёҳ ва ранга. Ба металлургияи сиёҳ хӯлаҳои дар асоси оҳан ҳосилшуда – чӯян, пӯлод, феррохӯлаҳо тааллуқ доранд. Ба металлургияи сиёҳ тахминан 95% тамоми истеҳсоли маҳсулоти металлии ҷаҳонӣ рост меояд. Металлургияи ранга истеҳсоли боқимонда ҳамаи металлҳоро дарбар мегирад. Бидуни ин истеҳсоли ғайриметаллҳо ба монанди нимноқилҳо (силитсий, германий, селен, теллур ва ғ.) дар равандҳои металлургӣ ҳосил мешаванд. Дар маҷмӯъ метал- лургияи муосир, ғайр аз галлогенидҳо ва газҳо, тамоми равандҳои истеҳсоли ҳамаи элементҳои ҷадвали давриро дар бар мегирад.

Илмеро, ки хосияти физикавию химиявӣ ва соҳаҳои истифо- дабарии металлҳоро меомӯзонад, металлшиносӣ меноманд.

Асосгузори металлшиносӣ олимони рус П. П. Аносов ва Д. К. Чернов мебошанд.

Металлшиносон сохтори металлро омӯхта, роҳҳои беҳтар намудани хосияти онҳоро ҷустуҷӯ доранд. Хӯлаҳои навро пай- до мекунанд, ки дар асоси онҳо барои истеҳсоли навъҳои муо- сири мошинҳои сабук, устувор, ба коррозия тобовар ва ғайра имкониятҳои васеъ пайдо мешаванд.

зиёде дар онҳо кор мекунанд. Дар ин раванд металл роҳи мурак- кабро тай мекунад. Пеш аз ҳама дар комбинати бойгардонии кӯҳӣ маъданҳоро ғанӣ гардонида, пас дар заводи металлургияи сиёҳ месӯзанд ва аз онҳо агломерат (пораҳои гудохтаи маъдан ё хокаи он)-ро ҳосил мекунанд. Аз онҳо дар қӯраи домнагӣ чӯян ҳосил мекунанд. Сипас чӯянро дар қӯраҳои мартенӣ, конверторҳои оксигенӣ ва ё қӯраи барқӣ ба пӯлод табдил медиҳанд.

Сабика (слитка)-и пӯлодиро ба сехи рехтагарӣ сафарбар на- муда, аз он маҳсулоти металлӣ, ба мисли релсҳо, болорҳо, лӯла (труба)-ҳо, симҳо тайёр мекунанд. Байни сехҳо релсҳо гузошта шудаанд, ки бо он қатораҳо ҳаракат намуда, чӯяни моеъ, маъдан, сабикаи пӯлодӣ ва муқотаа (прокат)-и тайёрро ҷо ба ҷо мекунад.

Раванди технологии истеҳсоли металлҳои ранга низ чунин роҳи мураккабро тай мекунад, ки даҳҳо амалиётро дар бар мегирад.

Дар оянда металлургияро чӣ интизор аст? Магар инсоният ба- рои қонеъ гардонидани талаботи худ доимо ба сохтмони заводҳои бузургҳаҷм (гигантӣ) ниёз дорад? Набояд аз хотир барорем, ки металлургия асосан бо оташ сару кор дорад. Барои гудохтани маъдан ё пӯлод онҳоро то ҳарорати баланд гарм кардан лозим аст. Пирометаллургия (соҳаи металлургияе, ки гарм кардани металлҳоро истифода мебарад: аз калимаи юнонӣ «пир» – «оташ») оксигени ҳаворо месӯзад, атмосфераро бо маҳсулоти сӯзиш ифлос мегардонад, дар ин раванд барои хунук кардани агрегатҳо оби нӯшокиро бисёр сарф мекунанд. Дар маҷмӯъ мувозинати эколо- гии муҳитро вайрон месозад. Бинобар ин, олимон роҳу усулҳои нави инкишофи металлургияро кор карда баромаданд. Ин пеш аз ҳама барқарор кардани бевоситаи оҳан аз маъдан, бидуни ра- ванди домнагӣ мебошад. Дастгоҳҳои барқароркунандаи бевоси- таи оҳан пурра автоматӣ кунонида, мустахкаму ҳавоногузаранд (герметизатсия) ва аз маъданҳо сабика (слитка)-и металлӣ ва ё хокаи тозаи оҳанро мегудозанд. Сипас ин сабика (слитка) ё хокаи тоза ба заводҳои мошинасозӣ дастрас мешаванд. Ин заводҳо ба мисли заводҳои мавҷудбуда калонҳаҷм набуда, баръакс, аз рӯйи лоиҳаи олимон бояд хурд ва баъзан зудҳаракат (мобилнокӣ), яъне ҳаракаткунанда шаванд. Дар кишти (баржа)-ҳо ва ё ба воситаи чархболҳо заводҳои хурдро ба мавзеи ҷойгиршавии маъдан овар- да мерасонанд. Заводҳои хурд (минизавод) пурра автоматӣ куно- нида шуда, коркарди чунин мавзеи ҷойгиршавии маъданҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднок мегардонанд.

Бо суръати тез инчунин электрометаллургия инкишоф ёфта, истифодаи васеи барқ дар зинаҳои коркарди металлҳо мавқеи ху- дро меёбад. Дар навбати аввал ташкил кардани саноати метал- лургии комилан автоматикунонидашуда меистад, ки пурра бо МЭҲ идора мешавад, яъне сехҳои металлургияи автоматишуда дар назар дошта шудааст.

&____________________________________

  1. Металлургия. Металлургияи сиёҳ ва ранга. 3. Металлшиносӣ.

?ш____________________

  1. Металлургия чист?
  2. Металлшиносй чиро меомӯзад?
  3. Дурнамои заводҳои металлургӣ бо чӣ алоқаманд аст?

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …