Муаммои мувозинати макроиқтисодӣ пай дар пай дар се марҳила коркард шудааст. Дар аввал мувозинати иқтисодӣ ҳамчун ҳолати мувозинати бозорҳои инфиродӣ ба монанди бозори мол ва хизматрасониҳо, омилҳои истеҳсолот ва пулҳо таҳлил карда шуд. Бо вуҷуди ин таркиби механизми бозорӣ кушода дода шуд, ки он ба пойдор намудани мувозинати бозорӣ ҳамчун ҳолате, ки дар он нақша ва кӯшишҳои харидорон ва фурӯшандагон мувофиқат карда, дар ҳолати нархи додашуда ҳаҷми талабот ба ҳаҷми пешниҳоди мол ва хизматҳо баробар аст.
Марҳилаи навбатӣ дар инкишофи назарияи мувозинати макроиқтисодӣ бо пайдоиши модели назариявии мувозинати рақобатнокии умумӣ алоқаманд аст, ки аз тарафи Л. Валрас таҳия карда шудааст. Ин аввалин модели математикии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ асос ёфта, рафтори истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони алоҳидаро тавсиф мекунад ва аз мавқеи мувозинати умумии иқтисодӣ, талабот ба моли алоҳида (аз он ҷумла ба хизматҳо ва омилҳои истеҳсолот) на танҳо аз нархи он, балки аз нархи молҳои дигар ва маҳдудиятҳои буҷетии ҳар як истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда вобаста аст.
Минбаъд таҳлили назарияи мувозинати умумӣ барои муайян кардани сабабҳои номувозинатии иқтисодиёти муосир нигаронида шуд. Масалан, тарафдорони ин равия сабабҳои номувозинатиро дар зиёд шудани миқдори пулҳои қоғазӣ, аз он ҷумла, қоғазҳои қиматнок, фючерсҳо, векселҳо ва дигар воситаҳои пардохт медиданд. Ба ақидаи онҳо, дунё ба қиморхонаи калон мубаддал шудааст, ки дар он ҳатто хариду фурӯши ҳаво низ имконпазир аст.
Мафҳуми мувозинат. Мувозинат мафҳуми умумиест, ки қариб дар ҳама илмҳои дақиқ ва табиӣ истифода мешавад. Ин истилоҳро ҳангоми таҳлили низомҳои мураккаб истифода мебаранд, ки дар чаҳорчӯбаи онҳо қисмҳои алоҳида дар алоқамандандӣ ва вобастагии мутақобил қарор мегиранд. Дар чунин ҳолатҳо муаммои таъминоти фаъолияти устувор ва мувофиқшудаи ҳама қисмҳои низом ба миён меояд. Низоми мураккаби иқтисодиёт низ аз ин хусусиятҳо холӣ нест. Дар низоми иқтисодӣ унсурҳои гуногуни бо ҳам алоқаманд ва аз ҳам вобаста ҷой доштани мувофиқаро байни ҳамдигар дар назар дорад.
Таҳлили шароитҳои пойдор намудани мувофиқакунии равандҳои бо ҳам вобаста мазмуни назарияе мебошад, ки мувозинатро дар иқтисодиёт меомӯзад. Мувозинат на танҳо баробарӣ, балки мустаҳкамиро дар назар дорад, ки мавҷудият ва ё мавҷуд набудани механизмҳои барқароркунии вайроншавиҳои мувозинатро дар бар мегирад.
Баробари ин таҳлили мувозинат на танҳо маънои муайян кардани нишондодҳои ҳолатҳои устувор, балки сабабҳои вайроншавии мувозинат ва механизмҳои барқароршавии онро дар назар дорад.
Мувозинати макроиқтисодӣ чунин ҳолати иқтисодиёти миллӣ мебошад, ки дар он мутаносибӣ байни захираҳои мавҷуда ва истифодабарии онҳо, байни ҳаҷми истеҳсолот ва истеъмолот, байни равандҳои молиявӣ ва моддӣ, байни пасандозҳо ва сармояҳо ва ғайра таъмин мегардад. Дар амал ин ҳолат қонеъгардонии пурраи эҳтиёҷоти ҷамъиятиро ба мол ва хизматрасониҳо бе захираҳои барзиёд истифодашуда ва маҳсулоти ба фурӯш нарафта дар назар дорад. Ба ҳолати мувозинат аз ҳад зиёд калон шуда рафтани як соҳа (масалан, муносибатҳои молиявию қарзӣ ва ё комплекси саноати ҳарбӣ) бар зарари дигар соҳаҳо ғайриимкон аст.
Мувозинати умумӣ ва таносубҳои умумӣ дар иқтисодиёт. Пойдоргардонии мувозинати макроиқтисодӣ дар ҳолате имконпазир аст, ки дар он мутаносибӣ ва баробарӣ байни равандҳои алоқаманд ва аз ҳам вобаста буда дастрас карда шавад. Мувофиқакунонӣ бояд байни чунин нишондодҳои низоми иқтисодӣ таъмин гардад: байни истеҳсолот ва истеъмолот; маҷмӯи талабот ва маҷмӯи таклифот; маҳсулоти молӣ ва эквиваленти пулии он; пасандозҳо ва сармояҳо; бозори меҳнат, сармоя, неъматҳои истеъмолӣ ва ғайраҳо.
Таъмини мувофиқа байни низомҳои иқтисодии аз ҳам вобаста будаи номбурда маънои мутаносибиҳои умумиро дар иқтисодиёт дар назар дорад. Мавҷуд набудани мувозинат дар чунин муносибат дар назар дорад, ки соҳаҳои иқтисодиёт нобаробаранд. Вайроншавии мутаносибиҳои умумӣ дар чунин ҳодисаҳо ба монанди таваррум, бекорӣ, пастравии истеҳсолот, камшавии ҳаҷми даромади миллӣ ва камшавии даромадҳои ҳақиқии аҳолӣ ифода меёбанд.
Дар илми иқтисодии муосир ду равияи назариявӣ ба тавсифи мувозинати макроиқтисодӣ мавҷуд аст. Равияи якум аз тарафи намояндагони мактаби иқтисоди сиёсии классикӣ дар нимаи аввали асри XIX ва даҳсолаҳои аввалини асри ХХ асос гузошта шуда буданд. Равияи дуюм аз тарафи Ҷ.М. Кейнс ва пайравони ӯ дар ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ (1936) асос гузошта шуда буд.
Назарияи классикии мувозинати макроиқтисодӣ. Ғояи асосии назарияи классикии мувозинати макроиқтисодӣ дар он асос меёбад, ки истеҳсолот хароҷотро муайян мекунад. Дар намуди сода ин ҳолат дар принсипи аз тарафи Ж. Б. Сэй таҳиягардида ифода меёбад. «Маҳсулот ба маҳсулот мубодила карда мешавад». Ин принсип кушод ва ё пинҳонӣ дар назарияҳои ҳамаи иқтисодчиёни равияи классикӣ мавҷуд буд. Лекин аз ҷониби Ҷ. Кейнс ин принсип «қонуни Сэй» номида шуд.
Қонуни Сэй. Мувофиқи қонуни Сэй «пешниҳоди молҳо талаботи худиро тавлид мекунад». Бо ибораи дигар, маҷмӯи талаботи ҳақиқӣ ҳама вақт барои истеъмоли ҳаҷми мол ва хизматрасониҳо кифоя мебошад, ки онро иқтисодиёти миллӣ бо истифодабарии захираи (омилҳои истеҳсолот)-и мавҷудбуда истеҳсол карда метавонад. Мувофиқан байни хароҷоти умумӣ ва маҷмӯи таклифот ҳама вақт мувозинат пойдор карда шуда, сабаби хавотирӣ аз буҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ вуҷуд надорад.
Назарияи кейнстабории мувозинати макроиқтисодӣ. Аввалин санҷиши ҷиддии назарияи классикии мувозинати макроиқтисодӣ буҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929-1933 буд, ки одатан онро «Депрессияи Бузург» меноманд. Аввалин иқтисодчие, ки хусусиятҳои нави иқтисодиёт, қонуниятҳои фаъолияти онро нишон дода, барои раҳоӣ додани он аз ҳолати буҳронӣ пешниҳодро пешкаш карда буд, иқтисодчии англис Ҷ. Кейнс мебошад. Номбурда яке аз иқтисодчиёни номдори таърихи афкори иқтисодии асри ХХ ба шумор меравад. Китоби машҳури ӯ «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул», ки соли 1936 баромада буд, ҳақиқатан ҳам табаддулоти ҷиддиро дар афкори иқтисодӣ ба миён овард.
Яке аз хулосаҳои фундаменталии Кейнс дар он зоҳир мегардад, ки механизми бозорӣ худ ба худ қобилияти пойдор намудани мувозинатро дар сатҳи шуғли пурра надорад. Аз нуқтаи назари ӯ, мувозинати умумӣ дар ҳолати буҳронии иқтисодиёт бо назардошти бекорӣ ба миён омада метавонад.
Фарқиятҳо дар ақидаҳои Кейнс ва классикон дар баҳодиҳии самаранокии фаъолияти механизми бозорӣ буда, он дар оқибатҳои истифодабарии методологияҳои таҳлили иқтисодии гуногун асос меёбад. Методологияи назарияи кейнстаборӣ аз назарияи классикӣ бо чунин хусусиятҳо фарқ мекунад: муносибати агрегатӣ ба таҳлили иқтисодӣ; такя ба номукаммалиҳо дар амал намудани механизмҳои бозорӣ (ҳокимияти монополӣ, ҷорӣ намудани маъмурии нархҳо, амалигардонии муомилот дар асоси шартномаҳои дарозмуддат, номуайянӣ дар оянда); мушоҳида намудани вазъияти иқтисодӣ, ки бо механизми бозорӣ дар давраи дарозмуддат таъсис дода нашуда (ба монанди классикон), балки дар давраи кӯтоҳмуддат таъсис дода мешавад; диққати махсус ба нақши пул дар низоми иқтисодӣ.
Натиҷаи чунин фарқиятҳо заминаи хулосаҳои принсипан гуногун оид ба асосҳои рафтори субъектони хоҷагидорӣ ва оид ба алоқамандиҳои асосӣ дар иқтисодиёт гаштанд.
Ҷиҳати зарурии назарияи кейнстабории мувозинатии макроиқтисодӣ дар боварӣ оид ба он буд, ки низоми иқтисодии муосир бе дахолати фаъолонаи ниҳодҳои давлатӣ амал карда наметавонад ва онҳо фишангҳои сиёсати иқтисодии дар даст доштаи худро бо мақсади мусоидат намудан ба шуғли пурра истифода мебаранд.
Консепсияи классикон оид ба бетарафии пул аз тарафи Кейнс зери шубҳа гузошта шуд. Дар назарияи худ ӯ тарафдори он буд, ки пул нисбат ба истеҳсолоти воқеӣ бетараф нест. Бинобар ҳамин яке аз унсурҳои назарияи иқтисодии кейнстаборӣ муттаҳидшавии пул ва тағйирёбандаҳои ҳақиқӣ мебошад. Кейнс нишон дод, ки пулро ба сифати бақияҳои истифоданашуда барои ояндаи номуайян нигоҳ доштан мумкин аст, ки он дар навбати худ ба камшавии талаботи самаранок ба мол ва хизматрасониҳои муайян ва бекорӣ мусоидат карда метавонад.
Кейнс муайян намуд, ки афзоиши даромадҳо ва пасандозҳо дар иқтисодиёти бозорӣ маънои онро надорад, ки сармояҳо бо ҳамин мутаносибӣ зиёд мешаванд. Ягон кафолат нест, ки агар пасандозҳои аҳолӣ афзоиш ёбанд, фирмаҳо сармоягузориро зиёд мекунанд. Дар баробари ин кӯшиши эҳтиёткорона маънои кам кардани истеъмолотро дорад, ки ба сармоягузориҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонанд: фирмаҳо наметавонанд истеҳсолотро дар шароити афзоишёбии молҳои ба фурӯш нарафта васеъ намоянд. Ягон кафолат нест, ки ҳама воситаҳои пасандозшуда аз тарафи аҳолӣ ба бонкҳо гузошта мешаванд. Баръакс, маълум аст, ки қисми зиёди пасандозҳо дар хазинаҳои хоҷагиҳои хонагӣ дар шакли нақдина нигоҳ дошта мешаванд. Охирон, новобаста аз сатҳи пасандозҳо ба сатҳи сармоягузориҳо қарзҳои бонкӣ ба сармоягузорон таъсир расонида метавонанд.
Консепсияи Кейнс бо консепсияи классикон дар масъалаи тасвири асосҳо ва пуё (динамика)-и пасандозҳо ва сармояҳо фарқият мекунад. Агар классикон ҳаҷми пасандозҳои хоҷагиҳои хонагиро бо меъёри фоиз вобаста кунанд, Кейнс пасандозҳои хоҷагиҳои хонагиро бо андоза ва тағйирёбии даромадҳо алоқаманд мекунад. Дар модели кейнстаборӣ сармоягузориҳо инчунин аз меъёри фоиз вобастагӣ дорад, лекин дар сатҳи нисбат ба назарияи классикӣ пасттар. Агар дар назарияи классикон меъёри фоиз ҳосилнокии интиҳоии сармояро ифода кунад, дар консепсияи кейнстаборӣ сармоягузориҳо бо нархи пулҳо ифода карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, бояд дар назар дошт, ки дар модели кейнстаборӣ омили асосии ба ҳаҷми сармоягузориҳо таъсиррасонанда нисбат ба меъёри фоиз меъёри фоидаи пешбинишаванда ба сармояи гузошта шуда, инчунин боварӣ ва ё нобоварии соҳибкорон ба ҳисоб мераванд.
Кейнс гумон дорад, ки дар иқтисоди бозории воқеӣ сатҳи истеҳсолот ва шуғл аз сатҳи нархҳо вобаста нестанд. Ӯ нишон дод, ки камшавии талабот ба пастшавии сатҳи нархҳо оварда нарасонида, балки ба камшавии истеҳсолот ва шуғл оварда мерасонад, зеро иқтисодиёти бозорӣ ба таври мукаммал рақобатнок нест. Устувории нархҳо дар бозорҳои молӣ 128 ва монополизми иттифоқҳои касаба дар бозори меҳнат ба пастшавии нархҳо ва музди меҳнат бо ҳаҷмҳои барои барқарор намудани мувозинат дар сатҳи шуғли пурра имконият намедиҳанд.
Ҳамин тавр, нодурустии ақидаҳои назарияи классикии мувозинати макроиқтисодӣ, ки ба қонуни Сэй оид ба даромадҳо ва талабот ба молҳо аз тарафи истеҳсолот такя мекарданд, нишон дода шуданд. Кейнс алоқаи байни таклифот ва талаботро дигаргун намуд. Ӯ ба хулосаи куллан баръакс омад: ҳаҷми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва шуғл бо омилҳои истеҳсолот нею (ақидаи классикон) бо омилҳои талаботи пардохтпазир муайян карда мешаванд. Бо ин мақсад ӯ ба назарияи худ мафҳуми талаботи самаранокро ворид намуд.
Зуҳуроти аёнии вайроншавии мувозинати макроиқтисодӣ инкишофи сиклӣ мебошад. Инкишофи сиклӣ шакли тараққиёти иқтисодиёт буда, ҳаракат аз як ҳолати мувозинати макроиқтисодӣ ба дигар ҳолати мувозинати макроиқтисодиро ифода мекунад. Бинобар ҳамин инкишофи сиклӣ ҳамчун яке аз усулҳои худтанзимкунии иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Азбаски хусусияти хоси инкишофи сиклӣ ҳаракати даврагӣ набуда, ҳаракат ба таври морпеч аст, он шакли тараққиёти пешраванда мебошад.