Оила сохтори ибтидоии ҳар гуна ҷомеа ва зинаи аввали- ни ташаккули он ба шумор меравад. Пайдоиши оила, чунон- ки олимони ҳафриётшинос ва мардумшинос исбот кардаанд, таърихи 10 -12 ҳазорсоларо дар бар мегирад. Пайдоиш ва инкишофи ҷомеаҳои авлодӣ ҳамчун маҳсули асосии иқтисо- ди истеъмолӣ ба замони гузариш ба неолит (тахминан ҳазо- раҳои УП-Ш то милод) рост меояд. Заминаи рушди тадриҷии ин ҷомеаҳоро муносибатҳои хешутабории якчанд насл таш- кил медоданд, аз ин рӯ, ин сохти қадимаро сохти авлодӣ ме- номиданд. Бояд гуфт, ки маҳз дар замони неолит табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ пайдо шуда, онҳо бавуҷудоӣ ва рушди му- наззами синфҳо, давлат ва ҳуқуқро таъмин карданд.
Баъдан дар асрҳои Х^И-Х^Ш, дар даврони авҷи ташак- кули сохти сармоядорӣ, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба оила ҳам- чун ниҳоди мустақили иҷтимоӣ хеле зиёд гардид. Мувофиқи ақидаи ҳуқуқшиносони ин давра, оила дар натиҷаи никоҳ ба вуҷуд меояд. Ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон дар никоҳ на аз ҷониби худашон, балки аз тарафи давлат муқаррар мегар- данд. То ибтидои асри XX ҳамсарон дар оила ҳуқуқи баро- бар надоштанд, танҳо шавҳар соҳибихтиёри корҳои оила ва ягона соҳибмулки амволи он ба шумор мерафт.
Танҳо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ афкори ҷомеа ба ма- съалаи оила тағйир ёфта, аз нигоҳи илми ҳуқуқ никоҳ ҳам- чун шартномаи шаҳрвандони баробарҳуқуқ баррасӣ гар- дид. Акнун дар замони мо навъҳои гуногуни оилаҳоро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки дар натиҷаи никоҳҳои ба таври расмӣ бақайдгирифташуда ва бе қайди давлатӣ (никоҳҳои воқеӣ ё шаҳрвандӣ) ташкил шудаанд.
Дар сарзамини Шарқ, чунончи аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ маълум мешавад, ҳанӯз дар даврони Зардушт, тақрибан дар асри IX пеш аз милод ба муносибатҳои мар- дону занон дар заминаи ҳуқуқ таваҷҷуҳ карда мешуд. Таш- кили оила дар аҳди қадим кори муқаддас ҳисоб меёфт ва пойдории ахлоқу маънавиёти ҷомеаро аз устувории оилаҳо вобаста медонистанд. Чунончи, дар замони Сосониён, ки оини зардуштӣ дини давлатӣ маҳсуб мешуд, ихтиёран дохил шудан ба никоҳ шарти асосии бунёди оила ҳисоб меёфт. Ма- салан, дар Қонунномаи Сосониён сабт шуда буд, ки «инсон набояд духтари хешро зидди иродааш ба шавҳар диҳад». Синни расидан ба балоғат 15-солагӣ эътироф мешуд.
Тамаддуни исломӣ, ки тӯли 1400 сол ба аксарияти халқҳои Шарқ на фақат ҳамчун дин, балки ҳамчун намунаи тарзи зист ва маънавиёту ахлоқ хизмат карда меояд, ба му- носибатҳои ҳуқуқии оилавӣ меъёрҳои наве ворид кард, ки ба устувор нигоҳ доштани хонаводаҳо мусоидат мекунанд. Бисёр арзишҳои ахлоқию маънавӣ, аз ҷумла садоқати ҳам- дигарии зану шавҳар, масъули тарбияи фарзандон будани падару модар ва баръакс, нигаҳбонии падару модарони эҳтиёҷманд аз ҷониби фарзандон, муқаддас донистани па- дару модар аз қабили арзишҳое мебошанд, ки мустаҳкамии оилаҳоро таъмин мекунанд.
Беҳуда нест, ки тибқи фармудаҳои дини ислом падарро «қиблагоҳ» мегӯянд ва ризояти падарро баробари ризоя- ти Худо меҳисобанд. Мақоли машҳури «падар розӣ, Худо розӣ», ё худ ҳикмати «биҳишт зери пойи модарон аст» гу- воҳи он аст, ки ба гумон дар ягон тамаддуни дигар мақому мартабаи падару модар ин қадар баланд бошад. Аз нигоҳи арзишҳои умумибашарӣ низ оила як ҷомеаи хурди ташакку- ли шахсиятҳо эътироф мешавад.
Бояд дар назар дошт, ки оиладор шудан, пеш аз ҳама, маънои аз ҳуқуқу уҳдадориҳои оилави бархӯрдор будани ҳар як шахс ва иҷро намудани онҳоро дорад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашуда- аст ва вобаста ба мафҳуми он имрӯз назарияҳои гуногун ҷой доранд. Дар илми муосир мафҳуми оила ба ду маънои асо- сӣ: иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ба маънои иҷти- моӣ оила гуфта, доираи шахсонеро меноманд, ки ба баста- ни ақди никоҳ, хешу таборӣ, ба тарбияи оилавӣ гирифтани кӯдак асос ёфта, умумияти ҳаётӣ, манфиатҳо ва ғамхории тарафайнро ифода менамояд. Бо дарназардошти ин, оила ба маънои иҷтимоӣ на ҳама вақт ҳамон оилаеро ифода ме- намояд, ки ба маънои ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, зеро оила ба маънои иҷтимоӣ ба муносибатҳои воқеӣ асос ёфта, до- ираи нисбатан васеъ дорад. Барои ин зарур аст, ки чунин иттифоқ дар сатҳи қонунгузории оилавӣ мустаҳкам карда шавад.
Оила ба маънои ҳуқуқӣ ҳамчун иттифоқи шахсоне фаҳ- мида мешавад, ки онҳо бо ҳуқуқу уҳдадориҳои аз муноси- батҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба тарбияи оила гирифтани кӯдак, фарзандхонӣ ва монанди инҳо пайдошаванда пай- ванд мебошанд.
Вазифаҳои асосии оила ба вуҷуд овардани насли солим, тарбия, хоҷагидорӣ (иқтисод), маънавиёти ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии моддию маънавии байниҳамди- гарӣ мебошад.
Ҳуқуқи оилавӣ бошад, ҳамчун соҳаи ҳуқуқ намуди муай- яни муносибатҳои ҷамъиятӣ – муносибатҳои ҳуқуқи оила- виро ба танзим медарорад, ки онҳо вобаста ба далели баста- ни ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва дигар муносибатҳои хешу таборӣ ба миён меоянд.
Дар фаҳмиши содаву муқаррарӣ ҳуқуқи оилавӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои байни аъзои оиларо ба танзим медарорад. Аъзои оила гуфта, ҳамсарон, падару модарон ва фарзандонро дар назар доштан лозим аст, ки онҳоро маҷмӯи ҳуқуқу уҳдадориҳои молумулкӣ ва ғайри- молумулкӣ ба ҳам алоқаманд месозад. Дар фаҳмиши васеъ бошад, ҳуқуқи оилавӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, му- носибатҳои шахсӣ ва молумулкиеро, ки бо сабаби никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешутаборӣ, ба тарбия ги- рифтани кӯдак, байни шаҳрвандон, шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим мена- мояд.
Ҳуқуқи оилавӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ намуди муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ – муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро ба танзим медарорад, ки онҳо вобаста ба далели бастани ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва ди- гар муносибатҳои хешу таборӣ ба миён меоянд.
Ҳуқуқи оилавӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳу- рии Тоҷикистон дар таносуб бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ фаъ- олият намуда, алоқамандии худро бо онҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин, ҳуқуқи оилавӣ дар навбати аввал бо ҳуқуқи конститутсионӣ робитаи мустаҳкам дорад, ки он ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро ба ташкили оила муқаррар намуда, дахлнопазирии ҳаёти онҳоро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои конститут- сионии ҳуқуқи оила, аз ҷумла баробарҳуқуқии мард ва зан (моддаи 17), дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ (моддаи 23), озодо- на бастани ақди никоҳ, доштани ҳуқуқҳои баробар дар му- носибатҳои оиладорӣ ва бекор намудани ақди никоҳ, манъ будани бисёрникоҳӣ (моддаи 33), таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак (моддаи 34) ва монанди инҳоро муқаррар менамояд.
Вазифаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст:
а) мустаҳкам намудани оила, ки ба принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст;
б) ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар асоси иттифоқи ихтиёрии ақди никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои мод- дӣ озоди ҳамсарон, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамаи аъзои оила;
в) муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъ- мини ҳаёти хушбахтона ба ҳар як кӯдак;
г) дар муносибатҳои оилавӣ барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зарарнок;
д) парваридани эҳсоси баланди масъулият дар назди оила.
Моҳияти ин вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ мақсади сиёсати давлатро оид ба ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, саодатмандӣ ва хушбахтии ӯ ифода менамояд.
Ҳуқуқи оилавӣ мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ мавзӯи омӯ- зиши худро дорад. Мавзӯи омӯзиши ҳуқуқи оилавӣ маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки дар натиҷаи бастан ё бекор кардани никоҳ, таваллуди кӯдак, хешӣ, фар- зандхонӣ, парасторӣ ва васоят пайдо мешаванд, тағйир меё- банд ва қатъ мегарданд.
Ин муносибатҳо, хусусиятҳои хоси худро доранд ва онҳо имкон медиҳанд, ки муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ аз дигар намудҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ фарқ карда шаванд. Масалан, субъекти ҳуқуқи оилавӣ танҳо шаҳрвандоне ба шумор мераванд, ки доираи онҳоро қонун муайян кардааст (ҳамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ғайра.) Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доимо характери ҷиддӣ, инфиродӣ ва ивазшаванда доранд. Ғайр аз ин, муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқи оилавӣ барда- вом ва эътимоднок мебошанд.