Ҳалли вазифаҳои тезонидани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат, афзоиши некӯаҳволии одамон ҳамаҷониба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолотро талаб мекунад. Баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, яъне бо ҳарчи камтарин ба даст овардани натиҷаҳои баландтарини хоҷагӣ мебошад. Ин дар навбати худ чунин маъно дорад, ки хоҷагиро бояд чунон пеш бурд, ки ҳар як сомонии ба истеҳсолот гузошташуда, яъне маблағи барои ашёи хом сарфшуда натиҷаи бештар диҳад.
Ду роҳи тараққиёти истеҳсолот мавҷуд аст: экстенсивӣ ва интенсивӣ. Роҳи аввал аз ҳисоби зиёд кардани миқдори корхонаҳо, сехҳо ва қитъаҳои онҳо, замини кишт, ҷалб кардани қувваи нави корӣ маҳсулот ва ғайра васеъ кардани истеҳсолот мебошад. Роҳи дуюм ба даст овардани ҳамон натиҷа аз ҳисоби истифодаи технология, техникаи мукаммалтар, ташкили бехтари истеҳсолот, мустаҳкам кардани интизом, истифодаи сарфаю сариштакоронаи захираҳои мавҷуда мебошад.
Дар баробари тараққиёти пешинаи хоҷагии халқи мамлакат, барои интенсивонии ҳамаҷонибаи истеҳолот заминаҳои зарурии объективӣ барпо карда шуда буданд, ки иқтидори афзудаи иқтисодӣ, вусъати тадқиқоти илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ, мутахассисон, олимон, роҳбарони хоҷагӣ аз ҷумлаи онҳост.
Дар интенсивонии истеҳсолот амалӣ гардонидани қарорҳои прогрессивии хоҷагӣ, банақшагирӣ мавқеи муҳим дорад. Банақшагирӣ дар шароити ҳозира қисмати асосии роҳбарӣ дар хоҷагии халқ мебошад. Якчанд намуди нақшаҳои хоҷагии халқ мавҷуд аст: дарозмуддат, панҷсола ва солона.
Нақша асоси фаъолияти ҳар корхона аст. Ташкилотҳои болоӣ (вазоратҳо, идораҳо) барои корхона танҳо нишондодҳои аз ҳама зарурии нақша, аз қабили ҳаҷм ва муҳлати истеҳсоли маҳсулот, намудҳои маснуоти асосӣ ва баъзе маҳсулоти дигарро тасдиқ мекунанд. Корхона дар соҳаҳои дигар кори худро мустақилона ба нақша мегирад. Дар нақша дар баробари қисми муҳимтарини он- истеҳсоли маҳсулот, инчунин муҳлатҳои ҷорӣ кардани техника ва технологияи нав, вазифаҳо доир ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маишати коркунон, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ва ғайра муайян гардидааст.
Ба корхонаҳои кишоварзй – совхозҳо, инчунин колхозҳо нақшаи қатъии давлатии хариди маҳсулоти кишоварзй муқаррар карда мешавад. Андозаи замини кишти ин ё он зироат, саршумори чорво, муҳлатҳои иҷрои корҳои мухталифро колхозу совхозҳо мустақилона ба нақша мегиранд.
Давлат дар вақти ташкили ҳар корхона ба вай барои кор, бино, техника ва маҳсулот пул медиҳад. Корхона онҳоро истифода бурда, қабули қувваи коргариро ташкил мекунад, маҳсулоту таҷҳизот мехарад, маҳсулоти худро мефурӯшад, бо корхонаҳои дигар шартнома мебандад ва корҳои молиявии худро пеш мебарад.
Истеҳсоли ҳар як маснуот ба корхона чанд пул меафтад?
Вай бояд барои биноҳо, иншоот, мошин, дастгоҳҳо қисм ба қисм бо давлат ҳисобу китоб кунад. Инҳо ба ном хароҷоти амортизатсия (пардохти арзиш) мебошанд. Як қисми пул ба таъмири техника, пардохти неруи барқ ва барои мақсадҳои технологӣ сарф мешавад. Ҳамаи ин хароҷот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани таҷҳизот нигаронида шудааст. Ғайр аз ин барои ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр, ки барои истеҳсоли маснуот зарур аст, инчунин сӯзишворию равғанҳои молиданӣ пул додан лозим аст. Барои кашонидани маҳсулоти тайёр ва фурӯхтани он низ хароҷоти муайян талаб карда мешавад. Барои меҳнати тамоми коргарон ба онҳо пул додан зарур аст. Як қисми хароҷот бо пардохти қувваи барқ, гармӣ, нигоҳ доштани биноҳо алоқаманд аст.
Агар тамоми ин хароҷот, ки ба шакли пул ифода шудааст, дар маҷмуъ, ба миқдори маснуоти баровардашуда тақсим карда шавад, он гоҳ ҷамъи хароҷоти корхона ба истеҳсол ва фурӯши ҳар як маснуот, яъне арзиши аслии он ҳосил мешавад.
Дуруст ба нақша гирифтан ва ба амал баровардани раванди истеҳсолӣ дар корхона роҳи даромаднок гардонидани он буда, на танҳо хароҷоти тайёр кардан ва фурӯхтани маҳсулотро мебарорад, балки даромад ҳам ба даст меояд..
Оё корхона ба зиёд кардани даромад ҳавасманд аст? Вай ба чӣ сарф мешавад? Қисми бисёри даромад ба ихтиёри давлат дохил мешавад (маблағ ҷудо кардан ба буҷа). Онҳо ба сохтмони заводҳо, фабрикаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳои нав, таълими мактаббачагон, донишҷӯён, музди коркунони дастгоҳи идоракунӣ, хизмати тиббии тамоми одамон, мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавии ватанамон харҷ мешаванд. Қисми боқимондаи даромадро худи корхона сарф мекунад. Вай барои хариди мошину дастгоҳҳои наву хеле ҳозиразамон, сохтмон ва таъмири хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони худ, базаҳои истироҳат, иншооти варзишӣ, боғчаҳои кӯдакон, ба мукофот сарфароз гардонидани кормандони беҳтарин, пули роҳхатҳо ба хонаҳои истироҳат ва санаторияҳо сарф карда мешавад. Бинобар ин, ҳам давлат ва ҳам корхона ва тамоми коркунони он ба зиёд кардани даромад ҳавсманд мебошанд.
Мунтазам зиёд шудани даромад бар хароҷот моҳияти ҳисоби хоҷагӣ-усули аз рӯйи нақша пеш бурдани хоҷагиро ташкил медиҳад. Ҳатман пур кардани хароҷоти истеҳсолот корхонаҳои ҳисоби хоҷагиро аз муассисаҳое, ки дар таъмини давлат мебошанд фарқ мекунонад. Ҳисоби хоҷагӣ масъулияти коллективҳои меҳнатиро барои натиҷаи ниҳоии кор,баланд бардоштани сифати маҳсулот, ба ҳам пайвастани манфиати ҷамъият ва ҳар як коргарро таъмин менамояд. Принсипи муҳимтарини фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ маблағтаъминшавӣ ва худмаблағдиҳӣ мегардад.
Барои он ки корхона дар шароити ҳисоби хоҷагӣ бомуваффақият кор карда тавонад, ташкили хуби меҳнат, сариштакорӣ, тартиби қатъитарини сарфаҷӯйӣ зарур аст. Вазифа аз он иборат аст, ки миқдори ками ашёи хом, маҳсулот, сӯзишворӣ, нерӯйи барқ, заминро истифода бурда, бо миқдори ками коргарон маҳсулоти зиёд гирифта шавад. Маънои режими сарфаҷӯйӣ дар истеҳсолот ҳамин аст. Вай дар назари аввал аз чизҳои одӣ ба вуҷуд меояд. Чунончи, набояд лампаҳо бидуни зарурат фурӯзон шаванд; мошинҳо беҳуда кор кунанд, сари вақт тадбирҳои эҳтиётии таҷҳизот гузаронида шаванд; асбоб, деталҳои муҳлати кораш гузашта, инчунин каҳла, аррамайда ва партовҳои дигар бояд ба маҳсулоти фоидабахшу зарурӣ аз нав коркард шаванд.
Сарфи маҳсулот дар истеҳсолот аз ҳисоби кам кардани маҳсулотталабии маснуот, бо масолехи сунъӣ иваз кардани масолеҳи табиии гаронбаҳо, кам кардани фарсудашавии маснуот, ҷорӣ кардани технологияҳои кампартов, захиракунанда ба даст оварда мешавад. Яке аз шарти асосии пурзӯр кардани реҷаи сарфакорй дар истеҳсолот аз тарафи ҳар коргар дуруст ва пурра истифода бурдани вақти корй мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар зарфи ҳамон як вақт миқдори зиёди маҳсулот бароварда шуда, арзиши он кам ва даромади корхона зиёд карда шавад.
Вақти корй ченаки муҳимтарини сарфи меҳнат мебошад. Самаранокии сарфи меҳнат ҳосилнокии меҳнат мебошад. Вай бо миқдори маҳсулот, ки дар воҳиди вақт истеҳсол шудааст, ифода меёбад.
Ҳосилнокии меҳнат ба омилҳои зиёде, ба монанди ҷорй кардани техникаи нав ва технологияи пешқадам, кам кардани талафи вақти кор аз ҳисоби ташкили бехатари кор, мустаҳкам кардани интизоми меҳнат, баланд бардоштани ихтисоси кормандон ва ғайра вобаста аст.
Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат омили асосии афзоиши иқтисодй ва боло рафтани некӯаҳволии халқ мебошад.
Саволҳо барои санҷиш:
- Фарқи ба таври интенсивӣ ва экстенсивӣ пеш бурдани хоҷагӣ аз чӣ иборат? Барои чӣ дар мамлакат мо роҳи интенсивонии истеҳсолот пеш гирифта шудааст?
- Арзиши аслии маҳсулот аз чӣ таркиб меёбад? Инро дар мисоли маснуот мушаххас шарҳ дихед. Усулҳои имконпазири кам кардани арзиши аслии маснуотро номбар кунед.
- Дар маркази таълимии истеҳсолӣ реҷаи сарфакорӣ чӣ тавр ба амал бароварда мешавад?
- Ҳосилнокии меҳнати хуДро Дар маркази таълимию истеҳсолӣ (устохонаи таълимии мактаб) ҳисоб кунеД.