Чаро дар асри ХХ ин минтақаи машҳур мавқеи пешсафии худро дар ҷаҳон аз даст дод? Кадом соҳаҳои саноат мавқеи онро дар таркиби хоҷагии ҷаҳон боло бардоштаанд? Кадом кишварҳо дар сафи пеши рушди иқтисодию сиёсии он қарор доранд?
Мавқеи географӣ. Аврупои Ғарбиро аз рӯйи мавқеи географӣ ва хусусиятҳои таърихӣ, табиӣ, хоҷагӣ ба се зерноҳия ҷудо кардаанд: Марказӣ, Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ки онҳо аз рӯйи масоҳат қариб баробар буда, аз рӯйи шумораю зичии аҳолӣ аз якдигар фарқ доранд. Мамлакатҳои ин минтақа якҷоя қаламрави яклухтро ташкил медиҳанд. Масоҳати онҳо аз соҳили баҳри Норвегия то баҳри Миёназамин (аз шимол ба ҷануб 5 ҳазор километр) тӯл кашидааст. Масоҳати умумии минтақа 3,7 млн км2 (2,5% майдони хушкӣ) буда, дар он 24 давлати мустақил ҷойгир шудаанд. Давлатҳои минтақаро умумияти таърихӣ, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ бо ҳам алоқаманд кардааст. Аз нигоҳи ҳудуд ин мамлакатҳо он қадар бузург нестанд. Як қисми онҳо бо номи давлатҳои хурд (микродавлат) машҳуранд (Андора, Ватикан, Лихтенштейн, Монако, Сан-Марино). Аз ҳама хурдтарини онҳо Ватикан аст, ки дар миқёси ҷаҳон мавқеи хос дорад.
Мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ низоми давлатии гуногун доранд: буржуазии ҷумҳуриявӣ, монархӣ, монархии конститутсионӣ, унитарӣ ва федеративӣ.
Аврупои Ғарбӣ яке аз қадимтарин марказҳои хоҷагии ҷаҳонӣ мебошад.
Аҳолӣ. Шумораи умумии аҳолии Аврупои Ғарбӣ беш аз 390 млн нафар буда, афзоиши он суст аст. Вазъияти демографии минтақа нисбатан номусоид аст. Дар баъзе мамлакатҳо ҳолати камшавии аҳолӣ (депопулятсия) мушоҳида карда мешавад. Таваллуд фақат дар қисми ҷануби минтақа (махсусан дар Испания) зиёдтар аст, ки онро ба таъсири зиёди дини насронӣ алоқаманд медонанд.
Ҳиссаи минтақа дар системаи ҷаҳонии муҳоҷирати берунаи аҳолӣ тағйир ёфтааст, яъне Аврупои Ғарбӣ дар гузашта (давраҳои каш- фиётҳои бузурги географӣ) сарчашмаи муҳоҷират буд, вале ҳоло ба маркази асосии муҳоҷирати корӣ табдил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин ҷо шумораи коргарони хориҷӣ аз 20 млн нафар зиёд аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ надоранд ва онҳоро коргари кироя («гастарбайтер») меноманд.
Аҳолии минтақа аз нигоҳи ҳайати миллӣ якхела буда, аммо аз ҷиҳати этникӣ гуногун аст. Ин ҳолат дар давлатҳои ду ва бисёрмиллата боиси муноқишаҳои миллӣ мешавад. Чунин нооромиҳои миллию этникиро дар Британия, Белгия ва Испания мушоҳида кардан мумкин аст.
Ба минтақаи Аврупои Ғарбӣ ҷойгиршавии нисбатан зичи аҳолӣ хос аст. Ба ҳисоби миёна дар 1 километри мураббаъ 1000 нафар рост меояд, ки аз рӯйи ин нишондод дар дунё ҷойи якумро ишғол мекунад. Вале дар қисмҳои ҷудогонаи он (байни шимолу марказ) зичии аҳолӣ фарқ мекунад. Ба ҳамин сабаб дар ин минтақа дараҷаи баланди урбанизатсия вуҷуд дорад. Аз се ду ҳиссаи аҳолӣ (дар баъзе мамлакатҳо то 4/5 ҳисса) дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад.
Хусусияти хоси агломератсияи шаҳрӣ ин аст, ки дар шаҳрҳои калон аҳолӣ аз ҳад зиёд ҷамъ шудааст. Шаҳрҳои Лондон, Париж, Рейн, Рур аз қабили чунин шаҳрҳои калон мебошанд, ки ҳар яки он зиёда аз як млн нафар аҳолӣ доранд.
Аврупои Ғарбӣ бузургтарин минтақаи урбанизатсияшудаи ҷаҳон мебошад.
Агломератсияи Рур дар дунё калонтарин буда, дар 9 ҳазор километри мураббаъ ҷойгир шудааст. Он беш аз 13 млн. нафар аҳолӣ, қариб 100 шаҳр, аз ҷумла 25 шаҳри калонро дар бар мегирад. Дар баъзе қисмҳои ин агломератсия зичии аҳолӣ дар 1 километри мураббаъ то ба 5 ҳазор нафар расидааст.
Ягонагии аҳолии минтақа ва ба оилаи ҳиндуаврупоӣ мансуб будани халқҳои он нишондиҳандаҳои ягонаи демографӣ ва дараҷаи баланди урбанизатсияи давлатҳояш аст.
Тавсифи умумии хоҷагӣ. Аксар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ба гурӯҳи давлатҳои мутараққӣ мансубанд. Минтақа ба туфайли инқилоби саноатӣ пешсафи капитализми ҷаҳонӣ шуд ва ҳоло ҳам аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ яке аз пурқувваттарин ноҳияҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Маҳсулоти саноатӣ мавқеи хоҷагии Аврупои Ғарбиро дар бозори ҷаҳонӣ хеле боло бурд. То Ҷанги Якуми Ҷаҳон Аврупои Ғарбӣ дар ҷаҳон бо истеҳсоли автомобил, дастгоҳу киштӣ, таҷҳизоти идоравӣ, маҳсулоти электротехникӣ машҳур буд. Дар ҳоли ҳозир низ дар баъзе соҳаҳои технологияи мураккаб дар сафи пеши бозори ҷаҳон қарор дорад.
Географияи саноати Аврупои Ғарбӣ бар асоси мавҷудияти сар- ватҳои табиӣ ва шароити табиӣ шакл гирифтааст. Дар қисми шимолии он маъданҳои табиии металҳо, сӯзишворӣ, дар ҷануб бештар маъдани металҳо ва саноати вазнин ҷойгир шудаанд.
Саноати сӯзишворию энергетикӣ дар ибтидо пурра бо ёрии манбаъҳои ангишти маҳаллӣ фаъолият мекард. Дар миёнаҳои асри ХХ Аврупои Ғарбӣ талаботи худро бо нафт 1/3 ҳисса, бо газ 2/3 ҳисса қонеъ мегардонад ва боқимондаашро аз хориҷа (бештар аз Русия) мегирад. Дар баробари ворид кардани нафт корхонаҳои нафткоркунӣ асосан дар шаҳрҳои бандарӣ ва қисман дар шаҳрҳои дохилӣ сохта шудаанд.XX истихроҷу истеъмоли ангишт кам шуда, ҷойи онро нафту газ ва атом гирифт. Баҳри Шимолӣ макони бузурги истихроҷи нафт мебошад, ки аз он ҷо солона зиёда аз 180 млн тонна нафт ва 100 млрд м3 гази табиӣ истихроҷ карда мешавад. Дар ин ҷо бештар аз 250 кони нафту газ кашф карда шудааст, ки бузургтарини онҳо кони Статфорд мебошад. Яке аз захирагоҳи калонтарини гази ҷаҳонӣ Слохтеран дар Нидерландия воқеъ шудааст.Расми 21.
Марказҳои саноатии Аврупои Ғарбӣ
Истеҳсоли неруи барқ ба ҳавзаҳои ангишт дар шаҳрҳои калону бандарҳо мутобиқ аст, аммо неругоҳҳои барқи алавӣ дар минтақа бартарӣ доранд, инчунин беш аз 70 корхонаи атомӣ мавҷуд аст. Дар аксари мамлакатҳои минтақа (ғайр аз Норвегия ва Швейтсария) истгоҳҳои барқи обӣ аҳамияти дувумдараҷа доранд. Дар Италияву Исландия аз неруи гидротермалӣ (обҳои гарми зеризаминӣ) низ истифода мебаранд.
Саноати металлургияи Аврупои Ғарбӣ ҳанӯз пеш аз оғози инқилоби илмӣ-техникӣ (ИИТ) пайдо шуда, ба ашёи хоми дохилӣ такя мекард. Коркарди металлургияи сиёҳ дар Англия, Олмон, Фаронса, Испания, Белгия, Шведсия ва Люксембург тараққӣ кардааст. Баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳон марказҳои калони ин соҳа дар шаҳрҳои бандарӣ сохта васеъ карда шуданд. Ноҳияи калонтарини металлургияи сиёҳи Аврупои Ғарбӣ ҳавзаи Рур буда, дар он ҷо дар як сол 25 млн тонна пӯлод гудохта мешавад. Калонтарин комбинати металлургӣ дар шаҳри Дойсбург аст, ки дар як сол то 10 млн тонна пӯлод истеҳсол мекунад. Дигар комбинати калону ҳозиразамон дар шаҳри Тарантои Италия ҷойгир шудааст, ки он 10 млн тонна иқтидори истеҳсолӣ дорад. Корхонаҳои саноати металлургияи ранга асосан дар мамлакатҳое ҷойгир шудаанд, ки ашёи хом ва неруи зиёди барқ доранд. Соҳаи муҳимтарину инкишофёфтаи металлургия саноати алюмин мебошад.
Мошинсозӣ. Ин соҳаи авангарди минтақа дар шаҳрҳои калон ва агломератсияҳо воқеъ шудааст. Солҳои охир дар соҳаи мошинсозӣ хусусияти нави ҷойгиркунӣ ба амал омад, ки ин хусусият дар якҷоя кардани он зоҳир мешавад. Дар ҷойгиркунии он хусусиятҳои хоси зерсоҳа ба ҳисоб гирифта мешаванд. Масалан дар Англия соҳаҳои электротехника, электроника, дастгоҳсозӣ, ракетию кайҳонӣ асосан дар шаҳри Лондон, автомобилсозӣ дар Бирмингем, таҷҳизоти бофандагӣ дар Манчестер, киштисозӣ дар Глазго ҷойгир карда шудаанд.
Саноати химия. Географияи ин соҳаро то Ҷанги Якуми Ҷаҳон ҳавзаҳои ангишт муайян мекард. Баъди ба яке аз ашёи хоми муҳимми саноати химия табдил ёфтани нафт ва гази табиӣ, корхонаҳои онро дар соҳили баҳр ва дарё, дар шаҳрҳои бандарӣ сохтанд. Марказҳои калони саноати химия дар соҳилҳои дарёҳои Темза, Сена, Рейн, Элба ва Рона пайдо шудаанд.
Саноати сабук. Корхонаҳои ин соҳа маъмулан дар маҳалҳои серкоргар ва ноҳияҳои серистеъмол сохта мешаванд. Аз ин рӯ онҳо дар тамоми мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ паҳн шудаанд. Солҳои охир корхонаҳои соҳаи саноати сабук бештар дар ноҳияҳое, ки қувваи кории арзон доранд, аз ҷумла дар ҷануби Аврупо (Португалия) сохта шудаанд.
Кишоварзӣ. Шароити табиии Аврупои Ғарбӣ барои тараққиёти кишоварзӣ нисбатан мусоид мебошад. Қатъи назар аз ин ноҳияҳои алоҳидаи он бо шароити хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Дар қисми марказии Аврупо зироатҳои минтақаи муътадил, дар ҷануби он зироат ва дарахтони мевадиҳандаи субтропикӣ парвариш мекунанд.
Зироаткорӣ ва чорводорӣ соҳаҳои асосии кишоварзӣ дар Аврупои Ғарбӣ мебошанд. Ҳосилнокии гандум ба 60-70 ст/га мерасад, ки он дар ҷаҳон нишондиҳандаи баландтарин аст.
Чорводорӣ дар аксари мамлакатҳо соҳаи тахассусӣ ба ҳисоб меравад ва дар Дания ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтааст. Дания дар миқёси ҷаҳон макони асосии истеҳсол ва содироти равғану шир, паниру тухм ва гӯшти хук ба ҳисоб меравад. Соҳаи зироаткорӣ талаботи аҳолиро пурра таъмин мекунад ва дар як вақт заминаи мустаҳками хӯроки чорво ба ҳисоб меравад.
Соҳаи моҳидорӣ чун пештара дар иқтисодиёти Норвегия, Дания, Исландия нақши назаррас дорад.
Нақлиёт. Дар Аврупои Ғарбӣ тамоми соҳаҳои нақлиёт амал мекунанд. Шабакаи нақлиёти ин ҷо хеле мураккаб аст, асоси онро шоҳроҳҳои бузурги гуногунсамт ташкил медиҳанд ва онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд.
Нақлиёти обӣ низ ба воситаи дарёҳои Рейн ва Дунай ба самтҳои гуногун роҳи баромад доранд. Боркашонии солонаи дарёи Рейн 250300 млн тоннаро ташкил медиҳад. Бандари баҳрии калонтарини дунё Роттердам дар резишгоҳи ҳамин дарё воқеъ шудааст. Бандари калонтарини дарёии дунё Дуйсбург дар миёнҷойи соҳил ҷойгир шудааст. Солҳои охир шоҳроҳи обии Рейн-Майн-Дунай сохта шудааст.
Тараққиёти илму техника ҳама монеаҳои табииро дар минтақа бартараф кардааст. Роҳҳои оҳану автомобилгард, қубурҳои аз Алп гузаронидашуда, паромҳои соҳилҳои Балтик, ки ба баҳри Шимол васл мешаванд, тунели зериобии Ла-Манш аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Аврупои Ғарбӣ ноҳияи асосии саёҳати ҷаҳонӣ буда, дар он мамлакатҳои соҳили баҳри Миёназамин мавқеи назаррас доранд. Ин мамлакатҳо ҳар сол қариб 150-200 млн нафар истироҳаткунандагон ва сайёҳонро қабул мекунанд. Испанияро аз рӯйи миқдори сайёҳоне, ки ба ин мамлакат меоянд, «рекордсмени ҷаҳон» номидаанд, зеро шумораи солонаи сайёҳон беш аз 160 млн нафарро ташкил мекунад (аз миқдори аҳолии мамлакат зиёд аст). Фаронса, Италия, Швейтсария, Австрия ва Англия низ макони муҳимми сайёҳӣ мебошанд. Сайёҳӣ манбаи баъзе мамлакатҳои хурди Аврупои Ғарбӣ ба ҳисоб меравад.
Қаламрави Аврупои Ғарбиро ба се намуд ноҳияҳои сайёҳию рекреатсионӣ ҷудо кардаанд: наздибаҳрӣ, кӯҳӣ ва наздикӯлӣ. Дар баробари ёдгориҳои табиӣ, дар ин минтақа ёдгориҳои антропогенӣ (таърихию меъморӣ) низ зиёданд. Шаҳрҳои Париж, Рим, Мадрид, Лондон, Афина, Амстердам, Венетсия, Неапол, Венаро макони сайёҳӣ меноманд.
Ҳифзи табиат ва проблемаҳои экологӣ. Зичии зиёди аҳолӣ, бунёди коргоҳҳои саноатию кишоварзӣ, истифодаи бармаҳали ҳудудҳо ва рушди нақлиёт дар Аврупои Ғарбӣ сабаби афзоиши мушкилоти экологӣ шудааст. Инкишофи босуръати саноат дар Англия ва Олмон сабаби пайдоиш ва паҳншавии боронҳои кислотаӣ шудаанд. Он ба майдони васеи ҷангалҳо сироят карда, миқдори зиёди моҳӣ ва дигар организмҳои кӯлу баҳрҳоро (махсусан дар Шотландияю Норвегия, Шведсия) маҳв кард. Рейн дарёи ифлостарини дунё мебошад, ки дар соҳилҳои он 25 млн нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо 2/3 ҳиссаи корхонаҳои саноати химия ва силсилаи неругоҳҳои барқи атомӣ сохта шудаанд. Онҳо миқдори зиёди оби партовиро ба берун мебароранд, ки ҳаво, об, заминро ифлос мекунад. Қатъи назар аз чорабиниҳои бисёри ҳифзи муҳити атроф, ки солҳои охир аксари мамлакатҳои минтақа ба амал мебароранд, вазъи экологии ин ҷо ҳоло ҳам мураккаб аст.
Бо вуҷуди ин ки суръати рушди иқтисодии минтақа то ҳадде суст шудааст, Аврупо ҳоло ҳам дар дунё яке аз марказҳои пешсаф ва пуриқтидори иқтисодӣ мебошад.
Инро бояд дар хотир дошт!
Кишварҳои Аврупои Ғарбӣ – маркази пуриқтидори иқтисодӣ; дараҷаи пасти таваллуд ва фавт.
Савол ва супориш.
- Аз рӯйи харитаи сиёсии Аврупои Ғарбӣ ва маълумоти оморӣ масоҳату аҳолӣ, таркиби сиёсию географии минтақаро тавсиф диҳед. Мамлакатҳои аз нигоҳи масоҳат, шумораи аҳолӣ, сохти идоракунӣ ба ҳам монанду фарқдоштаро ҷудо кунед.
Инро ман медонам.
- Чаро ҳиссаи аҳолии Аврупои Ғарбӣ дар шумораи умумии аҳолии ҷаҳон кам шудааст?
- Сабаби дигаргуниҳое, ки дар ҷойгиршавии соҳаҳои саноати Аврупои Ғарбӣ ба амал омадааст, дар чист?
- Сабабҳои асосии мураккабшавии масъалаҳои экологӣ дар минтақа чист?
- Доир ба ландшафтҳои антропогенӣ ва ёдгориҳои таърихии Аврупои Ғарбӣ чӣ медонед?
- Тафовутҳои ноҳиявӣ ва сиёсати ноҳиявии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ дар чӣ зоҳир мешавад?
Инро ман метавонам.
- Симои хоҷагии мамлакатҳои тараққикардаи Аврупоро кадом соҳаҳо муайян мекунанд?
- Ба тараққиёти босуръати нақлиёти автомобилии мамлакатҳои мутараққии Аврупо кадом омилҳо сабаб шудаанд?
- Чаро мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ бо зичии зиёди аҳолӣ дар афзоиши шумораи аҳолии дунё ҳиссаи кам доранд?
Ба фикри шумо:
- Дар Аврупои Ғарбӣ пешравиҳои назарраси баъзе соҳаҳои саноатӣ ба чӣ вобаста аст?
- Оё норасоии ашёи хоми сӯзишворию энергетикӣ ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ (мисли буҳрони соли 70-уми асри XX) таҳДиД мекунаД?
- Кадом соҳаҳои хоҷагии Аврупо метавонанд дар оянда муҳтоҷи ашёи хоми беруна бишаванд?
- Чаро мамлакатҳои хурди тараққикардаи Аврупо зиёдтар алоқаҳои иқтисодии беруна доранд?
Оё медонед?
- Шоҳроҳи Белгия ба дараҷае чароғон шудааст, ки ҳатто онро шабона аз кайҳон мебинанд.
- Дар Голландия 1180 осиёби бодӣ ба қайд гирифта шудааст.
- Дар Олмон ҳамаи шахсони бехона бо худ саг доранд. Ин ба хотири он нест, ки онҳо ин ҳайвонро дӯст медоранд, балки барои он аст, ки давлат барои нигоҳубини ҳайвон пули иловагӣ медиҳад.
- Дар Шведсия баробарҳуқуқии зану мард хуб риоя карда мешавад. Дар ҳолати таваллуди фарзанд, ҳам ба модар ҳам ба падар барои нигоҳубини фарзанд 480 рӯз рухсатии бомузд дода мешавад.
- Флоти моҳидории Исландия аз 1000 киштӣ иборат аст. Ба ҳисоби миёна дар як сол 1,5 млн тонна ё ин ки ба сари ҳар як нафар аҳолии кишвар 6 тонна моҳӣ шикор карда мешавад. Ба моҳидорӣ ва коркарди он 40% аҳолии қобили кор банд аст. Аз ¾ ҳиссаи содироти кишварро моҳӣ ва маҳсулоти аз моҳӣ тайёршуда ташкил медиҳад.
- Белгия бо истеҳсоли силоҳи шикории «Браунинг», коркарди алмос (Антверпен – маркази ҷаҳонии фурӯши ҷавоҳирот) дар дунё машхур аст. Австрия бо доштани маконҳои лижаронӣ дар кӯҳсор, Чехия бо истеҳсоли қалам (фабрикаи «Кохи-Нор» дар як рӯз 1 млн қалами дорои 21 дараҷаи сахтӣ ва 64 ранг) машҳуранд.
- Сохтмони тунел байни Фаронса ва Британияи Кабир аз соли 1987 то 1994 идома ёфт. Дар қаъри гулугоҳ се тунели параллел сохта шудааст, ки дутои он барои ҳаракат дар ду самт ва яктои он барои таъмир хидмат мекунанд. Дарозии тунел 50 км буда, 37 км-и он аз қаъри гулугоҳ дар чуқурии 40 метр мегузарад. Ҳоло поезд аз Париж то Лондон дар 2,5 соат мерасад.
Хулоса. Аврупои Ғарбӣ дар байни минтақаҳои ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат аз ҳама хурд аст. Мавқеи мусоиди ҷойгиршавии географии он роҳҳои озоди баҳрӣ ва марзҳои баҳриаш мебошанд. Баҳрҳо дар зиндагӣ ва фаъолияти кишварҳои минтақа нақши бузург доранд. Шароити табиии Аврупо барои зиндагӣ ва фаъолияти хоҷагидории аҳолӣ мусоид аст. Ҳудуди минтақа аз қадим хуб аз худ шудааст ва истифода бурда мешавад. Қаламрави он барои рушди иқтисод ва интегратсияи истеҳсолӣ хеле мувофиқ аст. Аврупои Ғарбӣ Дорои сохтори гуногуни Давлат – монархия, ҷумҳурӣ, феДератсия ва унитарӣ мебошад. Аврупо ҳудуди урбанизатсияи баланд, дорои тамаддуни ягонаи этнокултурӣ (бартарии дини насронӣ ва оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ) мебошад.