Ҷойгир будани Русия дар материки Авруосиё барои он чӣ манфиат дорад? Нақши Русия дар таркиби хоҷагии ҷаҳонӣ чӣ гуна аст? Оё он дар солҳои наздик тағйир ёфтааст? Барои чӣ?
Русия яке аз мамлакатҳои бузурги ҷаҳон буда, дар ду қитъа Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст, ки қариб 1/3 масоҳаташ ба Аврупо ва 2/3 ба Осиё рост меояд. Қисми шимоли онро баҳрҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, қисми шимолу шарқиашро обҳои Уқёнуси Ором иҳота карда, дар ҷануб ва шимолу ғарб ба баҳрҳои уқёнуси Атлантик, баҳрҳои Сиёҳ, Азов ва Балтик роҳи баромад дорад. Бандарҳои ин баҳрҳо Русияро бо мамлакатҳои хориҷа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваст мекунанд. Вай нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ мавқеи марказӣ дорад ва қариб ҳамаи ин давлатҳо ба воситаи Русия байни ҳамдигар алоқа мекунанд.
Русия аз се қаламрави фарох – Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ ва паҳнкӯҳи Сибири Миёна иборат аст. Ҳамвории Аврупои Шарқиро аз Сибири Ғарбӣ кӯҳҳои Урал, ки аз шимол ба ҷануб дар масофаи 2,4 ҳазор километр тӯл кашидаанд, ҷудо мекунанд.
Иқлими Русия хеле гуногун буда, минтақаҳои иқлимиаш аз шимол ба ҷануб чунинанд: минтақаи иқлими арктикӣ, субарктикӣ, муътадил ва субтропикӣ. Дар давоми сол дар тамоми қаламрави он ҳавои континенталии арзҳои муътадил ҳукмрон буда, зимистон дар зери таъсири ҳавои арктикӣ, атлантикӣ ва антисиклони Сибири Шарқӣ мебошад.
Дар қаламрави Русия миқдори зиёди дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки онҳо аҳамияти энергетикӣ, обёрӣ, киштигардӣ ва моҳигирӣ доранд. Калонтарини онҳо Лена, Об, Иртиш, Волга, Енисей буда, дарозии ҳар кадоми онҳо аз 3500 то 4416 километр мерасад.
Русияро кишвари ҷангалзори ҷаҳон меноманд. Ҷангалҳо бештар аз 60% масоҳати онро ишғол кардаанд.
Захираҳои табиии Русия хеле зиёд ва гуногун буда, барои тараққиёти бисёр соҳаҳои хоҷагӣ мусоидат мекунанд. Захираҳои зеризаминии он соҳаҳои муҳимми саноатро бо ашёи хому сӯзишворӣ таъмин мекунанд.
Аз рӯйи захира ва истихроҷи маъдани оҳан ва маъдани металҳои ранга, аз ҷумла тилло Русия дар байни дигар давлатҳо мавқеи пешсафиро ишғол мекунад. Ин мамлакат аз захираҳои ғайримаъданӣ: газ, нафт, ангишт, намакҳои ошу калий, алмос, графит, асбест низ бой буда, яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Вай талаботи худро бо нафту газ таъмин карда, миқдори зиёди онҳоро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад. Бо ҳам мувофиқ омадани захираҳои гуногуни минералӣ ва сӯзишворӣ дар як қатор ноҳияҳои мамлакат боиси пайдоиши ноҳияҳо ва минтақаҳои калони саноатӣ шудааст.
Русия аз ҷиҳати захираи газ Дар ҷаҳон Дар зинаи аввал меистаД.
Захираҳои обии Русия барои таъмини талаботи аҳолӣ ва инкишофи хоҷагии халқ нақши бузург мебозанд. Захираҳои обию энергетикии мамлакат зиёданд, вале онҳо дар қаламрави мамлакат нобаробар ҷойгир шудаанд.
Русия ҳамчунин аз захираи замин низ бой аст ва ба ҳисоби миёна ба ҳар сар аҳолӣ 11,5 га рост меояд. Майдонҳои кишоварзӣ 13% майдони умумии замин ва заминҳои кишт 133,5 млн га ё 8% майдони умумии қаламрави онро ташкил медиҳад. Заминҳои шудгор асосан дар ҳамвории Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ, дар минтақаи дашту бешадашт ва ҷануби минтақаи беша ҷой гирифтаанд. Шароити агроиқлимии Русия барои парвариши зироатҳои гуногун мусоид аст.
Захираҳои биологӣ, ҷангал, ҳайвоноти шикорӣ ва моҳӣ хеле васеъ паҳн шудаанд. Ҷангалзор 766,6 млн га масоҳатро ташкил медиҳад, ки захираи чӯби он 82 млрд м3 мебошад.
Барои ташкили истироҳат ва табобати одамон захираҳои рекреатсионии табиӣ аҳамияти бузург доранд. Ба он чашмаҳои минералӣ, лойҳои табобатӣ, шароити иқлимӣ, истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дохил мешаванд.
Аҳолӣ. Таркиби аҳолии Русия гуногун буда, аз чор се ҳиссаи онро русҳо ташкил медиҳанд. Халқҳои сокини Русия ба гурӯҳҳои гуногуни забонҳо мансубанд ва сершумортаринашон гурӯҳи забонҳои славянӣ (русу украинҳо, белорусу полякҳо); туркӣ (тотору бошқирдҳо, чувашу тувинҳо, хакасу олтоиҳо, ёқутҳо, балқарҳо, қарочаиҳо, озариҳо); фину угорӣ (карелҳо, удмурту мордовҳо, комиҳо, ненетсҳо) мебошанд. Ғайр аз ин осетинҳо, эвенкҳо, корякҳо, чукчаҳо бо забони худ гап мезананд.
Дини аз ҳама паҳншудатарин дар Русия насронӣ ва ислом мебошанд. Афзоиши табиии аҳолӣ дар мамлакат баланд нест. Ба ҳар 1000 нафар 12,64 нафар таваллуд рост меояд. Ба ибораи дигар ҳар сол тақрибан 2,1 млн нафар таваллуд мешавад. Ба ҳар 1000 нафар 11,6 фавт рост меояд. Таркиби ҷинсии аҳолӣ низ нобаробар аст (мардҳо – 47%, занҳо – 53%). Ҳисоби миёнаи умри мардҳо ба 64 ва занҳо ба 74 сол баробар аст.
Аҳолии қобили кор дар мамлакат 57%-ро ташкил медиҳад. 48%-и аҳолӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ машғул аст.
Ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави мамлакат нобаробар буда, ҳисоби миёнаи он дар як километри мураббаъ 8,5 нафар аст, аз ҷумла дар деҳот – 2,2 нафар, дар қисми аврупоӣ – 27,1 нафар ва дар қисми осиёӣ – 2,5 нафарро ташкил медиҳад. Мавзеи сераҳолӣ ноҳияҳои аврупоии мамлакат буда, аз он ҷо ба самти шимол, ҷануб ва шарқ зичии аҳолӣ кам мешавад.
Шумораи умумии шаҳрҳо аз 1000 адад зиёд аст. Ҳиссаи аҳолии шаҳр 74% ва деҳот 26%-ро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрҳое, ки беш аз 1 млн нафар аҳолӣ доранд ба 13-то ва шаҳрҳое, ки аз 500 то 1 млн нуфус доранд, ба 200 адад расидааст. Агломератсияҳои калони шаҳрӣ: Маскав, Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Екатеринбург, Самара, Новосибирск мебошанд.
Хоҷагӣ. Русияи имрӯза дорои қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҳозиразамон аст. Аз ҷумла дар таркиби саноат 26% маҳсулот ба комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ, 25% ба саноати сабук, 16% ба мошонсозӣ, 14% ба саноати хӯрокворӣ ва 13% ба саноати металлургия рост меояд. Дар хоҷагии ҷаҳонӣ Русия истеҳсолкунандаи бузурги ашёи хоми минералӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла ба он 28% истихроҷи ҷаҳонии газ, 14% ангишт, 11% нафт рост меояд. Ғайр аз ин дар ин ҷо ба миқдори зиёд алмос, алюмин, тилло, платина, неруи барқ, металҳои сиёҳ, чӯб, матоъҳои пахтагӣ, ғалла, нуриҳои маъданӣ, мошину таҷҳизот истеҳсол мешавад.
Маҷмӯи сӯзишворию энергетикии он аз электроэнергетика ва тамоми соҳаҳои сӯзишворӣ иборат буда, системаи асосии энергетикаи дар ноҳияҳои Марказӣ, Шимолу Ғарбӣ, Волга, Урал, Сибир ташкил медиҳанд. Русия эҳтиёҷоти худро пурра бо сӯзишворӣ таъмин карда, газу нафт содир мекунад.
Дар мамлакат соҳаҳои металлургияи сиёҳ ва ранга инкишоф ёфтааст, ки заминаи рушди соҳаи мошинсозӣ ба ҳисоб мераванд. Корхонаҳои калони металлургияи сиёҳу ранга дар Урал, Сибири Ғарбӣ ва аномалияи магнитии Курск воқеанд. Корхонаҳои мошинсозӣ қариб дар тамоми шаҳрҳои калону миёна ҷойгир шудаанд ва дар онҳо мошинҳои барои хоҷагии халқ зарур истеҳсол карда мешаванд. Аз ҷиҳати тараққиёти саноати коркарди чӯб дар ҷаҳон Русия яке аз давлатҳои асосӣ ба шумор меравад.
Дар соҳаи кишоварзии мамлакат 13% аҳолии қобили кор шуғл дорад ва қисми зиёди онҳо ба зироаткорӣ машғуланд. Дар соҳаи зироаткорӣ мавқеи асосиро рустаниҳои ғалладона ташкил мекунанд. 55%-и заминҳои кишти ғалладонаро гандум, ҷавдор, ҷав, арзан ва ҷуворимакка ташкил медиҳад. Аз зироатҳои техникӣ лаблабуи қанд, зағир, офтобпараст кишт карда мешавад, ки он 5%-и замини киштро дар бар мегирад. Кишти картошка, сабзавоту полезиҳо 3,5%, рустаниҳои хӯроки чорво 1,3%-и майдони киштро дар бар мегиранд. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар дашт ва бешадашти қисми аврупоии мамлакат истеҳсол карда мешавад.
Дар Русия парвариши қариб тамоми намудҳои чорво ба роҳ монда шудааст.
Дар қаламрави мамлакат ҳамаи намудҳои нақлиёт истифода мешавад. Дар байни онҳо нақлиёти роҳи оҳан афзалият дорад. Вай алоқаҳои дохилӣ ва хориҷаи дуру наздикро таъмин мекунад. Ба нақлиёти роҳи оҳан 60%-и боркашонӣ ва 50%-и мусофиркашонӣ рост меояд. Нақлиёти дарёӣ дар ҳаёти мамлакат нақши бузург дорад. Тавассути он ноҳияҳои шимолӣ ва ҷанубӣ робитаҳои худро амалӣ мекунанд. Роҳи асосии обии қисми аврупоӣ дар дарёҳои Волгаю Балтика мебошад. Ба воситаи он Русия ба баҳри Балтик роҳи баромад дорад. Ба воситаи роҳи баҳри Шимолӣ ба ноҳияҳои шимол бор кашонда мешавад. Асосан нақлиёти баҳрӣ вазифаи боркашонии берунаро иҷро мекунад. Бандарҳои калони баҳрӣ Санкт-Петербург, Калининград, Архангелск, Мурманск, Владивосток, Находка, Магадан, Петропавловски Камчатка мебошанд.
Нақлиёти қубурӣ низ хуб тараққӣ кардааст. Қисман бо воситаи ин намуди нақлиёт ба хориҷа нафту газ бароварда мешавад. Барои боркашонӣ, мусофиркашонии дохилӣ ва қисман берунии мамлакат нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ аҳамияти калон дорад.
Молҳои асосии содиротӣ ва воридотии Русия (2010)
Содирот | Воридот | ||
Мол | Ҳисса
бо % |
Молҳо | Ҳисса
бо% |
Ашёи хоми минералӣ ва сӯзишворӣ | 65 | Мошин ва дастгоҳҳо | 44 |
Филиз (метал) | 10 | Ашёи хоми кишоварзӣ ва озуқа | 15 |
Мошин ва дастгоҳҳо | 5 | Маҳсулоти химиявӣ | 16 |
Шарикони асосии савдои берунии Русия давлатҳои ИДМ, Аврупои Ғарбӣ, ИМА, Чин ва Ҳиндустон мебошанд.
Хусусияти хоси Русия мавқеи мувофиқи географӣ, захираи бузурги сарватҳои табиӣ ва иқтидори бузурги иқтисодии он мебошад.
Савол ва супориши.
- Ба мавқеи географӣ ва шароиту захираҳои табиии Русия баҳо диҳед. Инро ман медонам.
- Афзоиши табиии аҳолии Русия бо кадом хусусияти худ фарқ мекунад?
- Русия кадом хусусиятҳои фарқкунандаи географӣ дорад?
- Соҳаҳои асосии хоҷагии халқи Русия кадомҳоянд?
- Русия бо кадом давлатҳо муносибатҳои иқтисодӣ дорад?
- Тоҷикистон бо Русия чӣ гуна робитаҳо дорад? Дар кадом созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ онҳо шарикони стратегианд?
Инро ман метавонам.
- Дар харитаи контурӣ ноҳияҳои саноатӣ ва кишоварзии Русияро тасвир кунед.
- Аз атлас истифода бурда, дар бораи маъданҳои табиии Русия маълумот диҳед.
- Ба ақидаи шумо Русия мавқеи пештараи худро дар ҳудуди ИДМ барқарор карда метавонад ё не?
- Кадом ҷиҳатҳои Русия аз мамлакати тараққикарда будани он гувоҳӣ медиҳад.
- Солҳои минбаъда маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Русия ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тоб оварда метавонад ё не?
- Пешомадҳои инкишофи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия чӣ гуна аст? Оё медонед?
- Дар Русия ба 1000 мард 1147 зан рост меояд.
- Русия бо 16 давлат ҳамсарҳад аст. Дарозии умумии хатти сарҳади мамлакат 60 ҳазор км аст, зиёда аз 20%-и он дар хушкӣ ҷойгир аст.
- Русияро кишвари аврупоӣ меноманд, аммо 2/3 ҳиссаи қаламрави он дар Осиё ҷойгир аст.
Хулоса. Русия яке аз кишварҳои қудратманди дунё буда, дорои захираҳои бузурги табиӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Мавқеи ҷойгиршавии географии онҳо дар таърихи ташаккули мамлакат нақши муҳим бозидааст. Аз ҳама хусусияти муҳимми он ҷойгир будан дар сарҳади Аврупо ва Осиё мебошад. Аз ҳамин сабаб Русияро кишвари Авруосиё меноманд. Русия ба гурӯҳи кишварҳои бузург ва пешсафони геополитикии дунё дохил мешавад, ки дар сиёсати ҷаҳон нақши муҳим бозида, дар таркиби хоҷагии ҷаҳонӣ мавқеи махсус дорад.