Главная / Илм / Марҳилаҳои намоёни пойлоршавии илми иқтисодӣ дар ҳаёти ҷомеа

Марҳилаҳои намоёни пойлоршавии илми иқтисодӣ дар ҳаёти ҷомеа

Аз руи маълумоти дар ҳамин мавод пешниҳодшаванда се равняи маъмул ва намоёнтарини баён сохтани таърих ва марҳилаҳои ба саҳнаи фаъолият баромадану амал кардани илми иқтисодӣ пой дорад ва онро ҳиссаи намоёни пажуишгарон эътироф кардаанд.

Ҳамин тавр, агар таърихи умумибашарии пайдошавии илми иқтисодиро нишон додани шавем, он гоҳ марҳилаҳои намоёни зерини вайро фарқ қардан ҷоиз аст:

  • Экономикони Юнону Рими қадим.
  • Тадбири манзил ва хонадорӣ.
  • Мактаби тиҷоратгарон.
  • Мактаби табиатгарон.
  • Мактаби классикии иқтисоди сиёсй.
  • Экономикс.
  • Назарияи иқтисодии ҳозиразамон.

Албатта, баъзе тадқиқгарон ин мароми маънидоди моро қабул надоранд, ҷунки гуё то даврони эҳёи аврупоӣ (ренессанс) илми мустақилонаи иқтисоди сиёсй ҷой надошта, гуё танҳо қушишҳои гирдоварии далелҳову маводҳо сурат мегирифтанд. Вале дар назари банда маънидоди овардаи мо ҳам аз нуқтаи назари мантиқи илмӣ ҳуқуқ ба мавҷудиятро доро мебошад. Чунки инкори зайл танҳо бар зидди дастовардҳои шарқиён нигаронида шуда, амалан танҳо таълимоти аврупои марказро ташвиқ менамояд.

Ҳоло мо дар таърихи илми иқтисод шуҳрати намоён ба даст овардани даҳ мақтаби волои иқтисодиро мушоҳида қардем, қи он ҳам ҳамҷун таърихбандии марҳилаҳои илм хизмат қарда метавонад:

  • Тиҷоратгарон
  • Табиатгарон.
  • Иқтисоди сиёсии классикӣ.
  • Марқсизм.
  • Маржинализм ва мақтаби австриягй
  • Кейнсгарой.
  • Мактаби навклассикӣ.
  • Институтсионализм.
  • Навкейнсгарон.
  • Монетаризм.

Маънидоди масоили зайл бояд дар давоми дарсҳои амалӣ идома ёбанд. Дар охири мавзуъ мо ба диккати шогирдон нақшаи такрибии тасвири таърихи «Назарияи иқтисод»-ро пешкаш менамоем.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …