МАРҲИЛАИ ТАЙЁРЙ
Машғулият бо варзиши атлетикй на фақат барои писарон, балки барои духтарон низ манфиат дорад. Агар мушакҳоро машқ намоед, он гоҳ онҳо неруи худро гум мекунанд. Барои духтарон машқ бо санги то 2 кг фоиданок аст. Мақсади асосии ин гуна машқхо беҳтар шудани ҳолати умумии ҷисмонй, мустаҳкам намудани саломатй, инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмонй ва дастёбй ба қаду қомати зебо мебошад.
Пеш аз шуруъ кардан ба машқхо аввал бояд зинаи тайёриро гузашт. Машғулиятҳои аввал бояд тавассути асоча, тубчаҳо, халқа шуруъ шуда, баъд бо санг гузаронида шаванд. Хеле хуб мешуд, агар машғулиятҳо зери оҳанги мусиқии форам гузаронида шаванд. Ин ба ташаккул ёфтани ҳисси мусиқифаҳмй ҳидоят намуад, ба кас қайфияти эстетиқй мебахшад.
Машқҳои тайёрй бо туб (расми 21)
- Тӯб дар дастони овезон. Дастонро ба пеш боло бардоред. Ба ҳолати аввала баргардед. 10-15 маротиба.
- Туб миёни ду пой. Аз ҳолати дар тахтапушт хоб пойҳоятонро бо туб рост ба боло бардоред ва ба ҳолати аввала поён намоед. 15-20 маротиба.
Расми 21
- Ба шикам хобида, тубро дар паси cap нигох доред, баданатонро 10-12 маротиба қату рост намоед.
- Тӯб болои cap дар дастҳои рост. Баданатонро бе қат кардани дастон ба чапу pоcт оҳиста-оҳиста. Ба ҳар тараф 12 маротибагӣ
Машқҳо бо ганатли сабук (расми 22)
- Ганатл дар руи китф. Як дастро боло бардошта, дигарашро рӯи китф гузоред. Мавкеи дастонро иваз намоед. Бо ҳар даст 12 маротибагӣ.
- Бо тахтапушт хобида, ганатлро паси cap гузоред. Ба пеш хам шавед. 10-12 маротиба.
- Дастон бо ганатл аз пушт овезон. Нишаста ба зону ва баргаштан ба холати аввала 12-15 маротиба.
- Ба пеш хам шавед, дастон ба суи боло-кафо. Ба холати аввала баргардед. 8-10 маротиба.
- Дастонро пешу боло дароз карда, як пойро ба нуги панчахо гузошта, онро ба кафо монед. Ба холати аввала баргашта, хамин машкро бо пои дигар ичро намоед. Бо хар пой 12 маротибагӣ.