Главная / Илм / Маросими дафну азодорӣ

Маросими дафну азодорӣ

Моддаи 11 қонун ба танзими гузаронидани маросими дафну азодорӣ бахшида шудааст.

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштирокку- нандагон сурат мегирад. Яъне дар маросими ҷаноза шумо- раи иштирокчиён номаҳдуд аст. Қонун шумораи иштирок- кунандагонро барои он маҳдуд накардааст, ки маросими ҷаноза ва хондани ҷаноза аз назари дини ислом амали ҳат- мист. Аз ҷониби дигар иштирок кардани ёру дӯстон дар рӯзи сахти хонадони фавтида ва баёни ҳамдардӣ ба соҳибо- ни майит дастгирии маънавии онҳоест, ки шахси наздика- шонро аз даст додаанд. Дар маросими ҷаноза ва рӯзи дафн таоми оммавӣ ташкил кардан мумкин нест. Вақти баргузо- рии ҷаноза маҳдуд нест, он метавонад вақти корӣ бошад ва метавонад берун аз вақти корӣ.

Дар рӯзи ҷаноза барои меҳмонон ва иштирокчиён орос- тани дастархон ва таомгузорӣ аз хонаи соҳиби майит ва дар манзили вай мумкин нест. Танҳо меҳмонони аз дур омадаро аъзои комиссияи доимӣ, кормандони бахш ва куҳансолони маҳалла бояд дар хонаи наздикон ва ҳамсояҳо ҷой кунанд. Барои онҳо дар манзилҳои ёру дӯстон ва ҳамсояҳо аз ҳисоби соҳибони хонаҳо чой ё хӯрок додан иҷозат аст.

Қисми 2 моддаи 11 қонун муқаррар менамояд, ки маро- сими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар рӯзи «се», «чил» ва «сол» ба хон- дани фотиҳа омадани мардум манъ нест.

Дар қисми сеюми моддаи 11 як қатор амалҳое, ки барои соҳиби майит вазнинӣ меоранд ва ба талаботи шариат му- холифат доранд, дар баргузории маросими дафну азодорӣ манъ мегарданд. Қонун як қатор маросимеро, ки аз назари дини ислом низ пояи шаръӣ надоранд, манъ кардааст. Аз ҷумла, забҳи чорво ва додани таом, баргузории «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шаш- моҳагӣ» манъ аст. Вале меҳмонони дурдаст ва хешу табо- ри аз роҳи дур омадаро чун одат ҳамсояҳо ва хешовандони наздик таом медиҳанд. Дар баъзе ҷойҳо дар масҷидҳо меҳ- мононро ҷой карда, аз ҳисоби пулҳои ҷамъшудаи хайрия ба онҳо хӯрок медиҳанд.

Додани пули нақд ё дигар ашёро ба иштирокчиёни ма- росими дафн, аз ҷумла ба имоме, ки ҷаноза мехонад, қонун манъ менамояд. Пули нақд ва дигар ашё гуфта, қонун тақси- ми пул ба мардум, додани қолин ва дигар чиз ба муллоҳои ҷа- нозахон ва дигаронро дар назар дорад. Давра кардан ва пул ҷамъ карда, ба дигарон тақсим намуданро қонун манъ мена- мояд. Аммо пул додан ва ёрӣ намуданро ба соҳиби майит қо- нун манъ намекунад. Бинобар ин, мумкин аст, ки одамон ба соҳибони майит кумак намоянд, ки ин кори хайр аст.

Додани ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯйро, ки заҳ- мати зиёдро талаб мекунад, қонун манъ накардааст.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …