Маьмулан, пеш аз он ки ба коре шурӯъ кунӣ, бояд қаблан барои худ муайян намоӣ, ки он чӣ навъ корест ва онро бо кадом ҳадафе ва бо кадом наҳвае карданӣ ҳастӣ, усулу равиши эҷодӣ ва бунёдии ту кадом аст. Усули бунёдӣ (консепсия) метавонад нисбат ба ҳамон як омоҷ (объект)-и шинохт гуногун бошад. Масалан, ҳамин инсонро илмҳои зиёде: анатомия, биология, психология, тибб, генетика ва ғ- ра меомӯзанд ва барои онҳо инсон ҳамчун омоҷ якест вале ҳар кадоме мавзӯю ҳадафу мақсади худро дорад. Ҳарчанд омоҷ(объект) якест, мавзӯъ (предмет)-и таҳқиқот, барои ҳар илм гуногун аст.
Ҳамчунин дини исломро низ мактабҳои динию фалсафии зиёде меомӯзанд, вале мавзӯъ, ҳадаф, мақсад ва усули бунёдии ҳар яке аз онҳо метавонад бо дигаре мувофиқат накунад. Яке исломро танҳо ҳамчун як падидаи таърихӣ дар қатори дигар динҳо меомӯзад, дигаре дар омӯзиши ислом метавонад аз нуқтаи назари пайдо кардани ҷойҳои заъфи он, ҷиҳати интиқод ва аз байн бурдани нуфӯзи ҷаҳонии он ва ҷонишини он кардани идеология ва ё дини дигар биомӯзад. Ҳамчунон ки дар даврони шуравӣ буд ё ҳадафи омӯзиши мубаллиғони дини насронӣ аз оғози ислом то имрӯз чунин аст. Дигароне ҳам ҳастанд, ки барои пайдо кардани асосу заминаи динӣ барои амалӣ сохтани аҳдофи сиёсии худ аз тариқи ба муборизаи сиёсӣ кашидани оммаи диндор ва дигаре барои пайдо кардани аҳкому нукоти умумиинсонии созанда ҷиҳати таъмин кардани тараққиёт, рушди маънавию ахлоқии инсоният ба он рӯй меорад ва ғайра. Аммо барои мо усули бунёдӣ ва муҳимтарин масоил дар исломшиносии муосири миллии мо чӣ метавонад бошад? Мақсад аз шинохти ислом ва шиносоии илмию фалсафии он чист?
Мубрамият ва зарурати таъйини консепсияи исломшиносй
- Ҳар ҷомеаи солим барои назму субот доштан ниёз ба шуур ва мафкураи иҷтимоии солим дорад ё акси ҳамин қазия, шуур ва мафкураи солим асос ва маҳсули ҷомеаи солим аст. Солимии шуур ва мафкураи ҷамъиятӣ аз ҳолату вазъи ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ- кулли фарҳанги ҷомеа: дин, ахлоқ сиёсат, адабиёту санъат, ҳуқуқ ва ғ-ра вобаста аст. Дин, яке аз шаклҳои худшиносӣ ва ҳастишиносӣ-шуури ҷамъиятии инсон аст, ки бавосита ё бевосита таъсир ба ҳамаи дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва аксар аз он ба ташаккули ҳувият (менталитет)-и миллат: қобилияту лаёқат, фаъолӣ ё карахтии фикрӣ, эҷодгарию бунёдкории афроди он дорад. Умуман, чигунагии шакл гирифтани ҳувияти миллат аз дини он сахт вобастааст. Аз ин ҷост, ки ҳеҷ ҷомеае чи дар тӯли таърих ва чи имрӯз бетараф ва бепарво нисбат ба вазъи динӣ ва диндории шаҳрвандони худ набуда ва нест.
- Дар садаи гузашта, бо сабаби динситезии баъзе доираҳои сиёсӣ ва гароиш ба дунявияти ифротиву якпаҳлӯ, дар аксар мамолики олами ислом, як навъ рӯҳияи беэътиноӣ нисбат ба дин боло гирифта буд, ки дар натиҷаи ин гуна муносибат ва амалкарди худноогоҳ ва беназорати давлатӣ дар бисёре аз ин кишварҳои исломӣ рӯҳияи ифротгароии динӣ, таассуби мазҳабӣ, фузунхоҳию ирҳоби динӣ (экстримизм, радикализми ва терроризми динӣ)-ро ба бор овард, ки осори онро имрӯз мушоҳида мекунем.
- Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки диндорӣ ё диёнат набояд худноогоҳ, беназорату ислоҳ, бар пояи ҷаҳлу таассуб ва тақлиди куркӯрона бошад, чунки ин навъ диёнат ҷомеаро фалаҷ, рӯҳияи онро хароб, афроди миллатро аз бунёдгарӣ ва созандагӣ дур карда, замина барои фасоди ҷомеа ва ҳаракатҳо харобиоварро муҳайё месозад.
- Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ як зумра масоили доғе дар муносибати Ғарбу Шарқ ба миён омадааст, ки андешаи аксари муҳаққиқони ин ду ҷабҳаро ба худ ҷалб намуда, дар ин маврид муносибати тамаддуни исломӣ ва тамаддуни масеҳии ғарбӣ ва тамаддунҳои дигар аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор мераванд. Дар ин робита баъзеҳо аз бархӯрди тамаддунҳо сухан мегӯянд, баъзеи дигар ба исломҳаросиву исломситезӣ мехонанд. Шинохти мавқеи воқеии ислом дар асри ҷаҳонишавӣ ва чигунагии ояндаи дини ислому тамаддуни исломӣ, ислом дар ҷомеаи мардумсолорӣ аз муҳимтарин масъалаҳои исломшиносии муосир шуда метавонанд.
Ин аст, ки дар доираҳои исломшиносии муосир ниёз ба як асоси назарии роҳнамо эҳсос мешавад, то онҳоеро ки ҳадафи таҳқиқу пажҳиши масоили исломиро доранд ба самти муфид ҳидоят кунад.
Холати имрӯзаи масъала. Дар ҳоли ҳозир исломшинос дар баробари ислом- (омоҷи омӯзиши худ) шабеҳи шахсест дар муқобили ҷангали анбӯҳ, ки дақиқ намедонад, аз ин ҷангал ба ӯ чӣ лозим аст, ба куҷо равад ва ба чӣ чиз аз ин ҷангал эҳтиёҷ дорад (-мавзӯи таҳқиқ) қарор дорад; чунки аз ин ҷангал шикорчӣ як чиз мехоҳад, корманди ҷамъоварии меваҷот як чизи дигар, корманди корхонаи тахтаву чӯб комилан чизи дигар. Дар ин шароит як корманди хоҷагии ҷангал бо тарҳу нақшаву маълумотномаи ин ҷангал дар даст лозим аст, ки то бидонанд дар ин ҷангал чӣ чизе ҳаст ва ин ё он чизи лозимаро аз кадом гӯшаи он метавон пайдо кард. Исломро, чунонки гуфта шуд, бисёр соҳаҳои илмию динӣ, вобаста ба аҳдоф ва эҳтиёҷоти худ, объекту мавзӯи таҳқиқу омӯзиш қарор додаанд ва медиҳанд, аммо имрӯз мо аз исломшиносӣ дар доираи манфеъи миллӣ, умумимазҳабӣ ва равобити ҷаҳонӣ чӣ мехоҳем, исломшиносии муосир исломро аз кадом дидгоҳ, бо кадом мақсад, бо кадом ният ва бо кадом усулу равиши илмӣ таҳқиқ ва муаррифӣ кунад, ки он мувофиқ ба ниёзҳои имрӯзаи миллат ва ҷомеаи башар бошад? Исломро бо кадом пешфарзия ва методу методологияи илмӣ бояд омӯхт? Ғоят, мақсади ниҳоии таҳқиқот ва ҷустуҷӯҳои илмӣ чи бояд бошад? Ба чигуна модели ислом ҷомеаи имрӯза мо ниёз дорад? Оё чунин моделҳое аз ислом вуҷӯд доранд ё на?
Рӯйи ин чунин саволҳо камтар коре анҷом дода шудааст. Имрӯз аз муайянкунандаҳо ва сифоти зиёде чун «исломи муҳаммадӣ» ва «исломи шоҳаншоҳй», «исломи муллоиву охундӣ», «исломи бунёдгаро», «исломи салафй» сухан мегӯянд. Мо дар навиштаҳои исломшиносон ва аз тариқи васоити ахбори умум истилоҳи «исломи аврупоӣ», «исломи малайзиягӣ», «исломи туркиягӣ», «исломи эронӣ»-ро низ мешунавем, лекин мо то ҳанӯз хусусияти фарқкунандаи исломгароии сиёсӣ ва ё ислом дар шароити давлати дунявӣ ё чӣ будани секуляризми исломиро низ дуруст ва дақиқ наомӯхтаем. Масъулони соҳаи маориф ҳам то кунун аниқ намедонанд, ки дар сатҳи маориф-таълиму тарбия ба ҷавонон аз таърихи ислом, раванди исломишудани Осиёи Миёна, аз фарҳанги исломӣ ва таносуби он бо фарҳанги то исломӣ ва фарҳанги имрӯзаи миллии худамон чӣ роҳу равишро бояд дошта бошанд ва чигуна ин мавзӯъҳоро таълим диҳанд. Дар соҳаи пажӯҳишҳову таҳқиқоти илмӣ масъала из ин ҳам бештар печидатар аст. Ҳар касе ба сари худ ва роҳу равиш ва фаҳму мафкураи худ, ҳар навъу тариқае, ки бихоҳад дар хусуси мавзӯъҳои ислом менависаду таҳқиқ мекунад.
Дар мавриди сатҳи шуури динии имрӯзаи мардум низ масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёд аст. Яке аз сабабҳои асосии гароиши ҷавонон ба равияву мазҳабҳои дигар низ аз пастии сатҳи донишҳои исломӣ ва қобилияти рақобату роҳи ҳаллу фасли масоили рӯзмарраро надоштани пешвоёни мазҳабии мо мебошад. Президенти кишвар дар чандин маврид дар бораи омӯзишу таълими фаннҳои диншиносӣ ва исломшиносӣ дар сатҳи мактаби миёна ва донишгоҳӣ масъала ба миён гузоштанд, чунки сатҳи дониши динию мазҳабии мардум дар беҳтарин ҳолат аз донистани аҳкоми ибодат: тарзи баргузории намоз ва рӯза ва адои расму русум ва одоти марбут ба маросимҳои динию шаҳрвандӣ, баъзе амру наҳй чизе бештар нест. Мардуми мо масалан, аз асли ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва инсоншиносии қуръонӣ: мақоми баланди инсон дар Қуръон, гуманизми қуръонй; аз фалсафаи тавҳид, нубуввату маод, мақоми илм ва ақл дар Қуръон ва аҳодис ва ғайра огаҳии кофй надоранд. Чунки дар сад соли охир дар ин мавзӯҳо дар қаламрави Осиёи Миёна камтар коре дар сатҳи илоҳиёт ва фалсафаи дин шуда, ки дар сатҳи исломшиносию диншиносии муосири илмй бошад. Хушбахтона, дар садаи нав, даҳсолаи охир чанд китобу мақолаҳое аз баъзе олимони соҳаи таърихи фалсафа, аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо ба табъ расиданд, ки то андозае ин холигии садсоларо пур карданд вале ҳанӯз кофй ва басанда нестанд ва ба доираи васеъ таъсири зиёд нарасонидаанд, чунки бо тирожҳои хурде чоп шуданд.
Пешфарзия. Пешфарзияи мо ин аст, ки ислом дар сурати дуруст, тибқи муқтазои замон, холй аз таассубу тақлид омӯхтани он билқувва имконияти ҷавобгӯй ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеаи исломй ва бунёди ҷомеаи мадании мардумсолорй (демократи)-ро дорад ва метавон дар ин росто аз сарчашмаҳо ва осору таҷрибаи тамаддуни исломй матолиби зиёди муфиде ба ҳадди басанда пайдо ва истинбот кард. Бар хилофи назария ва равияҳои ифротии «исломй» дар исломи асил ва сарчашмаҳои он таълимоти усулие, ки ҷавобгӯ ба ниёзҳои маънавй ва иҷтимоию иқтисодии имрӯз бошад зиёданд. Табиист, ки дар ин сарчашмаҳо, масалан, Қуръони карим нукоте ҷой доранд, ки дар сурати зоҳирнигарй ва надоштани қобилияти тафсири амиқи фалсафию илоҳиётй ба шароити имрӯзаи мо номувофиқ ба назар расанд. Чун худи Қуръон усулан, вобаста ба шароити хосе нозил шудани баъзе оёти худро инкор намекунад,( эътирофи вуҷуди оёти мансух худ исботи ин иддаост,) аз ин рӯ бо истифода аз усулу равишҳои тафсиру таъвили илмй метавон дар чунин мавридҳо ошкоро рӯи корбастан ё корнабастан бо чунин ояҳо андешаву мулоҳиза кард.
Аз ин ҷиҳат муайян намудани тамоми он масоил ва мавридҳое, ки дар ислом ҷавобгӯ ва мувофиқ ё баръакс мухолиф ба ниёзҳои иҷтимоию сиёсй, иқтисодй ва маънавии имрӯзии кишвар ва олами ислом аст, вазифаи аввалиндараҷаи исломшиносии муосир бояд бошад. Ин корро аз тариқи омӯзиши таҳлилӣ ва табақабандии таълимот ва оёти қуръонию аҳодиси набавӣ ва сарчашмаҳои мазҳабии дигар метавон кард. Ҳамчунин татбиқи амалии онро, аз роҳҳои гуногун: бо роҳи навиштан ва нашр кардани китобу мақолаҳо, дастуруламалҳои роҳнамо, баргузории конфронсу гирдиҳамоҳои илмӣ ҷиҳати тарғиби васеъи таълимоти усулии истинботшуда аз шинохти ҳадафманди ислом чун: усули одамият- каромати инсон (гуманизм) дар Қуръон, ташвиқ бар тафаккур ва тааққул дар офоқу анфус, тамоюли умумии созандагӣ, адлу инсофбунёдӣ, сулҳу мудорописандӣ, таҳаммулпазирии динӣ дар ислом, ки устувор бар пояи маънавиёти олист, метавон анҷом дод. Тавассути шиносонидани ислом аз тариқи талқину тарбият бар асоси усулҳои зикршудаи боло метавон ба ислоҳи шуури динӣ дастёфт, ки натиҷаи он ташаккули рӯҳияи исломии наве метавонад бошад, ки он роҳнамои хубе барои насли оянда аст ва бозгашт ба рӯҳияи исломи асил хоҳад буд.