Бо ёрии саволномаи худмуайянкунии касбӣ касберо му- айян кунед, ки ба шумо дар фаҳмишу дарки оянда кумак кунад. Ҳамчунин, соҳаҳои касбиеро муайян созед, ки муто- биқи шавқу ҳавас, шахсият ва қобилиятҳои шумоянд.
- Шумо касби ояндаатонро интихоб кардаед?
- Майлу рағбати шумо пас аз хатми мактаб чист:
кӯшиш мекунам, ки ба коллеҷ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, мактаби олӣ дохил шавам;
дар ҷавоб додан мушкилӣ мекашам.
- Манбаъҳои донишҳои худро дар бораи касбҳо номбар кунед:
- Шумо барои чӣ маҳз ҳамин ихтисосро интихоб кардед?
- Назари шумо нисбат ба таҳсил ва кори ояндаатон чӣ гуна аст?
- Оё шумо дар бобати омодасозии худ ба касби оянда- атон кӯшиш мекунед?
- Дар интихоб ва фарогирии касби оянда чӣ корҳоро ба сомон мерасонед?
Машгулияти амалӣ:
МУАЙЯН КАРДАНИ ХУСУСИЯТҲОИ ШАХС
БА ВОСИТАИ САВОЛНОМАИ Ҳ. АЙЗЕНК
Ҳанс Юрген Айзенк 4-уми марти 1916 дар шаҳри Берлини Олмон ба дунё омада, 4-уми сентябри 1997 дар шаҳри Лон- дони Англия аз олам даргузаштааст. Ин олими равонши- носи британӣ, яке аз муҳаққиқони барҷастаи биологӣ дар равоншиносӣ ба шумор меравад.
Дастур: Дуру дароз фикр накарда, ба саволҳо ҷавобатон- ро бо «ҳа» ё «не» интихоб кунед.
- Муҳити пурғалоғуларо меписандед?
- Зуд-зуд ба дӯстонатон дар соҳаи қудратӣ муҳтоҷ мешавед?
- Шумо ҳозирҷавобед?
- Аз ягон чиз оташин мешавед?
- Ҳолати рӯҳиатон зуд-зуд тағйир меёбад?
- Аз ин ки бо рафиқонатон бозӣ кунед, китобхониро аф- залтар мешуморед?
- Ба ором хоб рафтани шумо фикрҳои гуногун халал ме- расонанд?
- Шумо ҳамеша супоришҳоро мувофиқи фармуд иҷро ме- кунед?
- Бо касе ҳазл карданро дӯст медоред?
- Оё худро бе ягон асос бадбахт ҳис кардаед?
- Худро одами хурсанд ва зиндадил меҳисобед?
- Ягон маротиба қоидаи рафтори дохилимактабиро вай- рон кардаед?
- Дуруст аст, ки зуд-зуд ба эҳсосот дода мешавед?
- Ба зудӣ анҷом додани ҳамаи корҳоятонро меписандед? (Агар майли шитобкорӣ надошта бошед, ҷавоби «не» гу- зоред).
- Аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши қариб баамалоянда, вале ба некӣ анҷомёфта андуҳгин мешавед?
- Ба шумо ҳар гуна сирри махфиро бовар кардан мумкин аст?
- Бе ягон мушкилӣ базми дилгиркунандаи ҳамсолонатон- ро ба ҷӯшу хурӯш оварда метавонед?
- Баъзан дилатон бесабаб (мисол, машқҳои ҷисмонӣ) сахт метапад?
- Барои бо ягон кас робитаи дӯстӣ барқарор кардан қада- ми аввалинро шумо мегузоред?
- Оё ягон вақт дурӯғ гуфтаед?
- Вақте ки кори иҷрокардаатонро танқид мекунанд, зуд ба ғазаб меоед?
- Зуд-зуд бо дӯстон ҳазлу шӯхӣ мекунед ва барои онҳо нақл кардани саргузаштҳои хандаоварро дӯст медоред?
- Худро зуд-зуд бемадор ҳис мекунед?
- Ба тайёр кардани дарсҳо баъд аз иҷрои корҳои дигар машғул мешавед?
- Шумо одатан хурсанд ва аз ҳама чиз розӣ ҳастед?
- Шумо зудранҷед?
- Бо бачаҳои дигар муошират карданро дӯст медоред?
- Оё шумо ҳамеша хоҳиши наздиконатонро барои ёрӣ расонидан ба корҳои хоҷагидорӣ иҷро мекунед?
- Саратон чарх мезанад?
- Дигаронро бо рафтору кирдори худ дар ҳолати ногувор мемонед?
- Зуд-зуд ба дилатон задани чизеро ҳис мекунед?
- Оё баъзан худситоиро дӯст медоред?
- Ҳангоми дар ҷамъияти одамони бегона афтидан бисёр вақт хомӯш мешинед?
- Баъзан чунон ба ҳаяҷон меоед, ки ҷойи нишастан намеё- бед?
- Аксар вақт зуд ба қароре меоед?
- Шумо ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар вақти дар синф набудани омӯз- гор ҳам, ғалоғула намекунед?
- Шумо зуд-зуд хобҳои даҳшатангез мебинед?
- Оё шумо дар доираи дӯстон ба шавқу завқ омада, ҳамроҳи онҳо хурсандӣ карда метавонед?
- Шуморо ба осонӣ ранҷонидан мумкин аст?
- Оё дар бораи касе сухани ноҳақ гуфтаед?
- Оё дуруст аст, ки шумо одатан дар баробари сухан кар- дан зуд амал мекунед ва хусусан ҳангоми фикр кардан андармон намешавед?
- Агар ба ҳолати ногувор дучор шавед, баъди он дуру да- роз ғамгин мешавед?
- Бозиҳои пуршӯру мағалро меписандед?
- Ҳамеша ҳама гуна хӯроки ба пешатон гузошташударо тановул мекунед?
- Бароятон илтимоси атрофиёнро рад кардан мушкил аст?
- Зуд-зуд ба меҳмонӣ рафтанро дӯст медоред?
- Оё ҳолатҳое мешавад, ки шумо зиндагӣ кардан наме- хоҳед?
- Оё ҳолатҳои ба волидайни худ дағалӣ кардан ба шумо рӯй медиҳад?
- Оё шуморо рафиқонатон одами хушҳолу зиндадил меҳи- собанд?
- Ҳангоми дарс тайёр каран зуд-зуд диққататон ба тарафи дигар ҷалб мешавад?
- Одатан дар хурсандии умумӣ фаъолона иштирок меку- нед ё ҳамчун тамошобин менишинед?
- Оё аз таъсири фикрҳои ҳархела бехобӣ мекашед?
- Иҷрои корҳои ба уҳда гирифтаатонро бо боварии комил пайгирӣ мекунед?
- Ҳолатҳое мешавад, ки худро танҳо ҳис мекунед?
- Ҳангоми бо одамони ношинос вохӯрдан шарм медоред, ки аввалин шуда суханро оғоз кунед?
- Агар хато содир карданатонро фаҳмед, дер шуда бошад ҳам, онро ислоҳ мекунед?
- Агар касе ба шумо дод занад, шумо ҳам ба ӯ дод мезанед?
- Ҳолатҳое мешавад, ки бесабаб худро гоҳе хурсанд ва гоҳе ғамгин ҳис мекунед?
- Ба фикри шумо, дар базми ҳамсолон ба даст овардани қаноатмандии ҳақиқӣ мушкил аст?
- Аз корҳои бе андеша анҷомдодатон зуд-зуд ба ташвиш меоед?
Таҳлили натицахо
Ҷавобҳоятонро бодиққат аз назар гузаронида, дар пушти ҷавобҳои «ҳа» ва «не»-и навъи экстраверсия ҳарфи «э», ба ҷавобҳои «ҳа» ва «не»-и навъи нейротизм ҳарфи «н» гузош- та, суммаи онҳоро ёбед?
Экстраверсия – (э);
«ҳа» 1, 3, 9, 11, 14, 17, 19, 22, 25, 27, 30, 35, 38, 1, 43, 46, 49, 53, 57. «не»-6, 33, 51, 55, 59.
Нейротизм – (н);
«ҳа»2, 5,7, 10, 13, 15, 18, 21, 23, 26, 29, 31, 34, 37, 39, 42, 45, 47, 50, 52, 54, 56, 58, 60.
ДУРӮҒ (д);
«ҳа» – 8, 16, 24, 28, 36, 44; «не» – 4, 12, 20, 32, 40, 48
Дар ҳамвории координатӣ қиматҳои «э»-ро дар тири го- ризонталӣ ва қиматҳои «н»-ро дар тири вертикалӣ гузошта, навъи характери худатонро ёбед.
Эзоҳ: Агар Дар ҷаДвали Дурӯг қимати нишонДоДаатон аз 5 хол зиёД бошаД, пас ҷавобҳои ДоДаи шумо носаҳеҳ ва натиҷаи нишонДоДаатон крбили қабул нест.