Дастур: «Агар муҳокимарониҳои пешниҳодшаванда шумо- ро қаноатманд гардонад, ба он ҷавоби «ҳа» ва дар сурати баръ- акс, ҷавоби «не» бидиҳед. Ҳангоми дудилагӣ мушоҳида кунед, ки ақидаатон ба ҷавоби «ҳа» наздиктар аст ё ба ҷавоби «не», пас ҳамон ҷавобро интихоб кунед. Барои интихоби ҷавоб бисёр фикр накунед, аввалин ҷавоби ба саратон омада дурусттар аст».
- Корро ба хурсандӣ оғоз карда, умеди дар он комёб шу- данро дорам.
- Дар фаъолият одатан серғайратам.
- Ба ташаббускорӣ майл дорам.
- Ҳангоми ба иҷрои супоришҳои масъулиятталаб уҳда- дор шудан, кӯшиш мекунам, ки баҳонае пеш оварда, аз он даст бикашам.
- Аксар вақт мисолу масъалаҳои содаро ё ин ки супо- ришҳои тамоман ҳалшавандаро интихоб мекунам.
- Ҳангоми ба монеа дучор шудан, одатан ақибнишинӣ накарда, роҳҳои бартараф кардани онро меҷӯям.
- Ҳангоми паси ҳам ба комёбию нокомӣ дучор шудан, майли аз комёбӣ лаззат бурданро дорам.
- Маҳсулнокии фаъолияти ман асосан на ба назорати бе- руна, балки ба мақсадгузории худи ман вобаста мебошад.
- Дар мавриди маҳдуд будани вақт ҳангоми иҷрои супо- ришҳои ба қадри кофӣ мушкил маҳсулнокии фаъолияти ман паст мешавад.
- Барои ба мақсад расидан майлу рағбати қатъӣ дорам.
- Майли ба муддати дароз ба нақша даровардани оян- даи худро дорам.
- Агар таваккал ҳам кунам, яқинан онро мулоҳизакоро- на мекунам.
- Одатан ҳангоми набудани назорати беруна, барои ба мақсад расидан истодагарӣ мекунам.
- Дар назди худ гузоштани мақсадҳои аз ҷиҳати душво- рии ҳал миёна ва ё аз он болотари ҳалшавандаро назар ба мақсадҳои ҳалшаванда авлотар мешуморам.
- Супорише, ки ҳалли он боиси ба нокомӣ дучор ома- дан мегардад, одатан, барои ман сабаби паст шудани ҷози- банокияш мешавад.
- Ҳангоми паси ҳам ба комёбию нокомӣ дучор шудан майли аз нокомӣ лаззат бурданро дорам.
- Майли барои муҳлатҳои наздик ба нақша дароварда- ни ояндаи худро дорам.
- Одатан ҳангоми маҳдуд будани вақти иҷрои амал, маҳсулнокии фаъолияти ман, агарчанде иҷрои супоришҳо ба қадри кофӣ мушкил ҳам бошад, баланд мешавад.
- Одатан, аз мақсади дар пеш гузоштаам, ҳатто агар дар роҳи ба он расидан ба нокомӣ дучор шавам ҳам, даст наме- кашам.
- Ҷаззобияти супорише, ки худ интихоб кардаму дар ҳалли он ба нокомӣ дучор шудам, бароям боз ҳам зиёдтар мешавад.
Калиди санцишнома
Ба ҷавобҳои мувофиқомадаи «ҳа» – 1, 2, 3, 6, 8, 10, 11, 12, 14, 16, 18, 19, 20; «не» – 4, 5, 7, 9, 13, 15, 17 якхолӣ баҳо дода, суммаи онҳоро ёбед.
Агар миқдори холҳои дар ҳудудҳои аз 1 то 7 ҷойгир бо- шад, озмудашаванда гирифтори мароми тарс ва нокомист.
Агар миқдори холҳо дар ҳудудҳои 14 то 20 бошад, озму- дашаванда соҳиби мароми комёбист.
Агар миқдори холҳои ҳосилшуда дар ҳудудҳои аз 8 то 13 бошад, мароми озмудашаванда номаълум аст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки миқдори аз 8 то 9 хол ифодакунандаи мароми нокомӣ ва аз 12 то 13 хол ифодакунандаи мароми комёбист.