Главная / Илм / МАВҚЕИ ЛАТИФАҲОИ ХАЛҚӢ ДАР АСАР

МАВҚЕИ ЛАТИФАҲОИ ХАЛҚӢ ДАР АСАР

Абдураҳмони Ҷомӣ ҳангоми баёни масъалаҳои мухтали- фи зиндагӣ ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат намудааст. Ӯ аз образу сужет ва жанрҳои дигари халқӣ қариб дар ҳамаи асарҳояш истифода бурдааст. Махсусан, «Баҳористон» аз лати- фаю мутоибаҳои халқӣ хеле сероб аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар равзаи 6-уми «Баҳористон» латифаи «Фақат шумо ва ман мондаем»-ро овардааст. Дар ин ҷо ҳаҷви нависанда ҷанбаи иҷтимоӣ мегирад. Махсусан қитъае, ки дар анҷоми латифаи халқӣ оварда мешавад, афкори шоирро ҷамъбаст намудааст. Чунончи:

«Тавонгаре дар аҳди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб кард ва пурсид, ки падари ту чӣ гузоштааст?

Гуфт:

– Аз молу манол чунин ва чунон ва аз ворисон вазири кабир- ро ва ин фақири ҳақирро:

Қитъа:

Зулмпеша вазир нашносад

Ҷуз ҳак,к,и поДшоҳ моли ятим.

Адл донад, агар барад батамом,
Фазл донад, агар кунад ба ду ним.

Дар варианти халқии ин латифа персонажҳои асосй Мушфиқӣ ва қозӣ мебошанд. Дар байни онҳо фарқи калоне дида намеша- вад. Ҳодиса айнан такрор меёбад. Танҳо дар варианти халқӣ шеър оварда нашудааст.

Ҷомӣ ба воситаи латифаи мазкур зулму истисмори табақаҳои болои ҷамъият, вазирон ва ҳокимони замонаашро тасвир кардааст.

Ӯ дар латифаи «Аз мурдаҳо шарм мекунам» нодонию бефаҳмӣ ва дигар хислатҳои табибони замонаашро ба зери този- ёнаи танқид мегирад. Аз дасти ҳамин навъ табибони нодон ода- мони зиёд аз дунё чашм пӯшидаанд, ки шоир нисбат ба онҳо бо нафрат сухан меронад.

Ҷомӣ дар поёни латифаи мазкур рубоие низ илова кардааст, ки ин ҷамъбасти фикри муаллиф дар бораи табибони замонааш мебошад. Дар байни латифаи халқӣ ва Ҷомӣ аз ҷиҳати забон низ чандон фарқи зиёде нест.

Масалан, латифа дар варианти Ҷомӣ:

«Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон расидӣ, ридо1 ба сар кашидӣ. Сабаби онро суол карданд. Гуфт:

  • Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам, ки бар ҳар кӣ ме- гузарам, зарбати ман хӯрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шар- бати ман мурдааст».

Дар латифаи халқӣ:

«Як табиб ҳар вақт, ки аз пеши гӯристон мегузашт, рӯяшро бо бари ҷомааш мепӯшонид. Рӯзе як ҳамроҳи вай сабаби ин ҳолро пурсид.

Гуфт:

  • Ман аз мурдаҳои ин қабристон шарм мекунам, зеро ки акса- рият аз дорувориҳои ман мурдаанд».

Чунонки аз ин намунаҳо дида мешавад, мазмун ва моҳияти латифаҳои халқиро Абдураҳмони Ҷомӣ тағйир надодааст. Шоир онро моҳирона бо баъзе тафовутҳои услубӣ дар «Баҳористон» истифода бурдааст ва ба ин восита бо ақидаю афкори халқи 1 Ридо – чодире, ки бар дӯш гиранд; лунҷӣ.

меҳнаткаш ҳамфикр будани худро нишон дода, табибони ҷоҳили замонаашро мазаммат мекунад.

Ғайр аз ин, дар эҷодиёти худ Ҷомӣ аз тамсилҳои халқӣ ба хубй истифода бурдааст. Ҳар як тамсили истифодашуда бо мавзӯи асосии асари шоир алоқаманд буда, аз ягон ҷиҳат онро пурра ме- гардонад.

Ҷомӣ ашхоси гумроҳу нодонро, ки аз рӯйи мансаб ва сарват худро бузург шуморида, ба дигарон бо назари таън менигарис- танд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Барои фош кардани си- рати онҳо латифаи халқии «Кӯр ва бино»-ро меорад. Нависан- да ба воситаи асари халқӣ мардумони табақаи болои ҷамъиятиро ба фурӯтанӣ ва хоксорӣ даъват намудааст. Латифа дар варианти халқӣ ин тавр оғоз ёфтааст:

«Нобиное дар шаби торик бо фонус аз як кӯчаи пурлой ме- гузашт. Аз рӯ ба рӯйи ӯ касе баромад». Дар Ҷомӣ: «Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабуе бар дӯш дар роҳе мерафт. Фузуле ба ӯ расиду гуфт». Дар ҳар ду вариант ҷавоби нобино як аст. Дар варианти халқӣ:

«- Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту ба- рин биноҳои кӯр мебардорам, то ки ба ман бархӯрда ба лой нағалтанд».

Дар варианти Ҷомӣ:

«…ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кӯрдилони бе- хирад аст, то ба ман паҳлу назананду сабуи маро нашикананд».

Аз намунаҳои овардашуда чунин ба назар мерасад, ки тафо- вут дар ҷавоби ин ду вариант асосан дар забон ва тарзи баён аст. Ҷавоби ҳар ду вариант танҳо як мазмунро ифода менамоянд. Ди- гар он ки дар хотимаи варианти Ҷомӣ мазмун ва идеяи асосии ла- тифа аз тарафи шоир бо қитъае ҷамъбаст карда мешавад.

Масалан:

Ҳоли ноДонро зи ноДон беҳ намеДонаД касе,

Гарчи Дар Дониш фузун аз Бӯалӣ Сино буваД.

Таъни нобино мазан, эй дамзибиноизада,

3-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Ғайр аз ин, Ҷомӣ дар қитъаи мазкур аз зарбулмасали халқии «Девона ба кори худ ҳушёр» моҳирона истифода бурдааст. Дар намунаи мазкур мисраи чорум айнан варианти зарбулмасали боло мебошад. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зар- булмасали «Девона ба кори худ ҳушёр» дар асри XV низ дар шак- ли «Нобино ба кори хеш бино бувад» дар байни халқ маълуму машҳур будааст.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …