Донистан зарур аст, ки моликият дар муносибатҳои иқтисодии ҷомеа мавқеи марказиро ишғол менамояд, чунки вай дар навбати худ мақсаду маром ва равишҳои муносибатҳои дигари иқтисодии ҷомеаро муайян сохта метавонад. Барои мавқеи моликиятро возеҳу равшан нишон додан ба нақша муроҷиат намуданро салоҳ медонем (ниг.ба нақшаи 3.1.)
Чунонки аз нақша дида мешавад ҷамеи муносибатҳои иқтисодии ҷомеа бо ин ё он роҳу усул ва тарзу ҳисса аз шаклу хислати моликият вобастагӣ доранд. Шояд аз ҳамин боис ҳам, баъзан тадқиқгарон моликиятро ҳамҷун маҷмуи муносибатҳои иқтисодии ҷомиа маънидод кардани мешаванд. Ҳарчанд ин гуна нишондод ноаниқиеро низ дар худ дарбар мегирад, чунки муносибати моликият дар ҳиссаи муайян ба марому равиши муносибатҳои дигари иқтисодӣ таъсир расонида метавонад, вале на зиёда аз он мебошад.
Барои маънидоди комили моликият масъалаҳои соҳиби, истифодабарй, фармонварй, фоидагири, меросгузорй ва монанди инҳоро низ мадди назар доштан зарур аст (ниг. ба накшаи 3.2).
Ҷабҳахои намоёни моликият
Ҳар яке аз ин тарафҳои муносибати моликиятдорӣ дар навбати худ роҳу василаҳо, мақсад, маром, усул ва дигар ҷабҳаҳои амалии истифодаи воқеии моликиятро ба вуҷуд оварда метавонанд. Аз ин боис ҳам, мавриди маънидоди муносибатҳои моликиятдорӣ ба онҳо диққати даркорӣ ҷудо намудан зарур мебошад. Мо дар ин ҷо барои мақсади зайлро пиёда кардан имкон надорем, аз ин боис баррасии онро дар рафти дарсҳои амалӣ маслиҳат медиҳем.
Мебояд мавриди маънидоди равандҳои зуҳуроти муно сибатҳои моликиятдорӣ ҳамон ҳолатро мадди назар дошт, ки моликият ҳарчанд ҷараёни умдаи муносибатҳои иқтисодии одамонро мефаҳмонад, вай дар навбати худ боз ҳамчун воситаю зуҳуроти силсилаи муайяни муносибатҳои иқтисодии ҷомеа амал карда метавонад. Аз ин боис, доир ба ҳар яке аз ҷабҳаҳои ҷудогонаи зуҳуроту амалй моликият устоди дарси амалӣ ба шогирдон вазифаҳои инфиродиро супорида, муҳокимаи онҳоро дар гуруҳ низ сурат бахшида метавонад.