Мавзӯи 6. МЕҲНАТ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ
ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се мушкилии бузург ме- раҳонад: дармондагӣ, фисқ ва эҳтиёҷ. Агар кас пешаи ду- рустро интихоб карда кор кунад, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро аз сари худ дур карда, ба зиндагии шоиста ме- расад.Бояд донист, ки касбу ҳунари хуб давлати поянда ва чашмаи афзоянда буда, ба шахс роҳату манфиат, хушбахтӣ ва ободиву нур меорад.
Кор (меҳнат) – воситаи асосии инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият мебошад. Меҳнат инсонро чун шахси баркамол му- аррифӣ карда, маҳз тавассути кӯшишу ғайрат ва талошҳои шабонарӯзӣ ӯро ба қуллаи баланди мақсуд мерасонад, яъне инсон дар ҷараёни кор мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда, ташаккул меёбад.
Аз бар кардани илм ва ҳунар барои ҳар як инсон зарур аст. Ҳанӯз классикони адабиёти тоҷик барои аз бар кардани касбу ҳунар ва илм таъкидҳо кардаанд. Масалан, тарғиби аз худ кардани илму ҳунар, аз ҷанбаҳои асосии афкори педа- гогии мутафаккири тоҷик Саъдии Шерозӣ мебошад. Ба ан- дешаи Саъдӣ, олимон дорои неруе мебошанд, ки тавассути он инкишофи ҷамъият ва ташаккули симои маънавии инсон таъмин мешавад. Илму ҳунар зимни таълиму тарбия ба даст оварда мешавад. Илмро назди устоди комил омӯхтан зарур аст. Устоди сахтгиру серталаб шогирдро ба мақсуд мерасо- над, мегӯяд Саъдӣ.
Дар айни замон Саъдии Шерозӣ талқин мекунад, ки илмро туфайли баҳс метавон инкишофу такмил бахшид, зеро се чиз бе се чиз пойдор намемонад: «мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат».
Ҳунарро Саъдии Шерозӣ аз ҳама молу бойигарӣ боло до- ниста мегӯяд, ки «Туро пурсанд, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?». Бинобар ин, масъалаи касбинтихобкунӣ аз паҳлуҳои дигари андешаҳои педагогии мутафаккир ба ҳи- соб меравад. Ба қавли ӯ, ҳамаи касбу ҳунарҳо хубанду шари- фанд ва шахс бояд пешаи худро дошта бошаду бо лаёқаташ мувофиқат кунад, зеро касе, ки ба кори намедонистааш даст мезанад, ҳатман зиён ба худ ва ҳам ба атрофиён меоварад.
Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид кардааст, барои он ки инсон хор нагардад ва дар роҳи зиндагӣ ба сарсониҳову нобасомо- ниҳо дучор нашавад, бояд касб ё ҳунар дошта бошад. Воқе- ан касб ё ҳунар инсонро ҳамеша сарбаланд мегардонад ва ба касе муҳтоҷу мунтазир намекунад.
Ҳанӯз дар замони худ Низомии Ганҷавӣ таъкид карда буд, ки маҳз тавассути донишомӯзӣ сатҳи олами маънавӣ ва хулқу одоби инсон ташаккул ёфта, обрӯ ва эътибори вай дар рафти тарзҳои муоширати иҷтимоӣ ба зинаи баланд мебарояд. Ба фикри Низомии Ганҷавӣ, ҳар қадаре ки хо- нанда дар зинаи мактабӣ соҳиби илму маърифат гардад ва дар айни замон ба ӯ дар интихоби касбу ҳунар ёрӣ расонда шавад, ҳамон қадар зудтар ӯ ба мартабаи баландтар мера- сад, вале барои соҳибилму соҳибҳунар шудан бештар илм омӯхтан, саъю кӯшиши зиёд кардан лозим аст. Барои он ки шахс сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардад, бояд вақташро беҳуда нагузаронида, бештар ба омӯзиши илму ҳунар машғул шавад.Ва ӯ ин гуфтаҳояшро ба риштаи назм кашидааст:
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ
В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв бар авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
Агар ба ашъори адибони классику муосир назар андозем, мебинем, ки ҳар кадоме аз онҳо одамро барои аз пайи як луқмаи нони ҳалол шудану меҳнатро барои худ шараф до- нистан таъкид кардаанд.
Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки шумо дар синну соли наврасӣ ва ибтидои ҷавонӣ ҳарчи бештар фаъол шавед, то мавқеи ҷамъиятиатон тағйир ёбад. Бо ин мақсад, иштироки шумо дар корҳои ҷамъиятӣ боиси фаъолшавии бештар ва рушди ҷаҳонбиниатон хоҳад гардид. Аз тарафи дигар, ин гуна фаъ- олият мавқеи иҷтимоии шуморо дар коллектив барҷастатар мекунад.
Дар синну соли наврасӣ ва ибтидои ҷавонӣ дар баробари таҳсили хубу аъло, дар ҳаёти шумо интихоби касбу ҳунар мавқеи муҳимро ишғол мекунад, чунки қисме аз шумо пас аз хатми синфи 9-ум ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ё ба истеҳсолот ба кор меравед.
Бояд бидонед, ки пешравии ҷомеа, рушди самтҳои мухталифи он низ аз кадрҳо ва мутахассисони босалоҳи- ят вобастагии ногусастанӣ дорад, яъне бо ибораи дигар, сарбаландии ҳар як қавму миллат натиҷаи кору заҳмат ва дастовардҳои шаҳрвандони ӯст. Вале мутаассифона, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идо- маи таҳсил ва соҳиби касбу ихтисос шудан кӯшиш намеку- нанд, ва дар натиҷа бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси пайвастани онҳо ба равияҳои бегона мегардад. Аз таҳли- лу мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки баъзе хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбии мамлакат дар пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва шуғли сазовор душворӣ мекашанд.
Ҷавононро зарур аст, ки оид ба касбҳои бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар маълумот дошта бошанд. Имрӯзу ояндаи худро ба фаъолиятҳои муайян равона со- занд, зеро маҳз тасаввури ояндаи наздику дури худ ба инсон имконият медиҳад, ки дар зиндагии шахсӣ мақомеро пай- до кунад. Камолоти иҷтимоии инсонро метавон бар асоси муносибати ӯ ба ояндааш муайян кард. Бидуни муносибати бошуурона ба оянда, дарки баланди масъулияти касбӣ ба даст овардани муваффақият мушкил аст. Инсон маҳз тавас- сути шинохти ояндаи наздику дур метавонад ба комёбиву пешрафт дар зиндагӣ ноил гардад.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор ме- гардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз карда, озодиву соҳибихтиёрии миллиро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.Имрӯзу ояндаи худро ба фаъолиятҳои муайян равона со- занд, зеро маҳз тасаввури ояндаи наздику дури худ ба инсон имконият медиҳад, ки дар зиндагии шахсӣ мақомеро пай- до кунад. Камолоти иҷтимоии инсонро метавон бар асоси муносибати ӯ ба ояндааш муайян кард. Бидуни муносибати бошуурона ба оянда, дарки баланди масъулияти касбӣ ба даст овардани муваффақият мушкил аст. Инсон маҳз тавас- сути шинохти ояндаи наздику дур метавонад ба комёбиву пешрафт дар зиндагӣ ноил гардад.