Главная / Илм / МЕРОСИ АДАБИ

МЕРОСИ АДАБИ

Саъдии Шерозӣ умри пурбаракат дидааст. Дар таърихи халқамон кам бузургеро медонем, ки аз сад сол зиёд умр дида бо- шад. Саъдӣ 108 сол умр дид.

Саъдии Шерозй дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз адибони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Ӯ ҳам ба назм ва ҳам ба наср асарҳои сершумору пурмаънӣ иншо кардааст. Ба хотири асарҳои бузургаш дар замони зиндагиаш обрӯ, шуҳрат, мақому манзалат пайдо кард. Саъдӣ асарҳояшро ба ду забон нигоштааст: ба забо- ни модариаш – форсӣ-тоҷикӣ ва ба забони арабӣ. Аммо бештари офаридаҳояш бо забони модарияш иншо шудаанд.

Пас аз 35 соли вафоти Саъдӣ яке аз шогирдонаш – Алӣ ибни Аҳмад ибни Абубакри Бесутун куллиёти Саъдиро мураттаб сохт, ки он ба тариқи зайл тартиб ёфтааст. (Нигаред ба нақша).

Дар асрҳои пасин ҳар хаттоте, ки асарҳои Саъдиро рӯбардор ё хаттотӣ мекард, ба ҳамин нусхаи Бесутун такя менамуд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …