Бо камоли боварй метавон гуфт, ки девони Камол пурра то замони мо омада расидааст, ки он шомили 14 ҳазор байт мебо- шад. Эҷодиёти шоир дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубой, қитъа ва қасида суруда шудаанд. Дар ин маънӣ Абдураҳмони Ҷомӣ дар боби ҳафтуми «Баҳористон» чунин мегӯяд: «Вай дар ла- тофати сухан ва диққати маънӣ ба мартабаест, ки беш аз он мута- саввир[1] нест». Худи Камол ба ҳамин маънӣ ишорат намуда, дар як ғазалаш мегӯяд:
Чу девони Камол афтад ба дастат,
Навис аз шеъри ӯ чанДон, ки хоҳӣ.
Хаёлоти гарибу лутфи ҳарфаш
Агар хоҳӣ, ки дарёби камоҳӣ,[2]
Зи ҳар лафзаш равон магзар, чу хома,
Ба ҳар ҳарфаш фурӯ рав чун сиёҳӣ.
Девони Камол бештар аз ғазал иборат аст. 95 фоизи шеърҳои девонро ғазал ташкил медиҳад. Дар девон 977 ғазал, 101 қитъа, 37 рубоӣ, 11 муаммо, 1 мустазод ва 4 қасида дохил гардидаанд.
Мусаллам гардид, ки Камол дар сурудани қасида чандон майлу хоҳиш надошт. Сабаби ин дар чист? Ва ин суолро ҳанӯз Давлатшоҳи Самарқандӣ ҷавоби неку дода: «Шайхро илтифо- те ба мадҳи мулук… набуда». Бинобар ин, ба ин жанр чандон таваҷҷуҳ накард ва пас аз ғазал ба сурудани қитъаот бештар майл намуд. Боз ин фикрро худи шоир тақвият медиҳад:
Дасти султонон намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
Камоли Хуҷандӣ аз адибони бузурги гузашта ҳунари шоирӣ, балоғату фасоҳати каломи бадеиро омӯхт ва ҳифз намуд. Шоир пеши бузургони адаб чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсию Носи- ри Хусрав, Фаррухию Манучеҳрӣ, Саноию Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхию (Румӣ) Амир Хусрав, Саъдии Шерозӣ сари таъзим фуруд овард. Эҷодиёти онон барояш мактаби омӯзиш. Камол бухусус ба Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз муҳаббати хосса дошт. Ӯ дар як ғазалаш Саъдиро ба Рустами Дастон ташбеҳ намуда, хеш- ро ҳамоварди тавонояш ба қалам додаст:
Гуфтем ҷавобе на кам аз гуфтаи СаъДӣ,
Балк-ин Ду газал хубтар аз якДигар афтоД.
Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин
Бо Рустами Дастон бизанаД, ҳар кӣ ДарафтоД.
Шоир ба бисёр ғазалиёти Саъдй ва Ҳофизи Шерозй на- зира гуфтааст. Ин амали шоиста ду сабаб дорад. Нахуст, шоир ба ғазале ҷавоб мегӯяд, ки чӣ аз лиҳози мазмун ва чӣ аз лиҳози шаклу санъати бадеӣ олӣ бошад. Дигар шоир ба ин восита ба соҳиби ғазал ҳусни таваҷҷуҳ ва маҳбубияти хосса доштани хеш- ро таъкид менамояд. Аз ҳамин нигоҳ Саъдӣ ва Ҳофиз ба Камол наздик буданд ва ба онҳо меҳр дошту эшонро қутби ғазал медо- нист. Таваҷҷуҳ кунед:
Камол:
Биё, соҳӣ, ки бехи гам ба Даври гул баранДозем,
Маҳе гулгун талаб Дорему гул Дар согар анДозем.
Ҳофиз:
Биё, то гул барафшонему май Дар согар андозем,
Фалакро сакф бишкофему тарҳе нав ДаранДозем.
Шоистаи гуфтан аст, ки ин ду шоири бузург на танҳо дар су- хан, балки дар амал бо ҳам наздик буданд, ғоибона ба ҳам их- лос ва меҳру муҳаббат доштанд. Ба воситаи нома аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ мешуданд, ғазалҳои тару тозаи хешро ба воситаи номаҳо ҳадяи якдигар мекарданд.
- Ёр гуфт: «Аз гайри мо пӯшон назар!». Гуфтам: «Ба чашм», «В-он гах,е ДузДиДа Дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм»
- Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хокироҳ, Барфишон он ҷо ба Доманҳо гуҳар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар сар Дар биёбони гамам хоҳӣ ниҳоД, Ташнагонро муждае аз мо бибар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар гарДаД лабат хушк аз Дами сӯзони мо,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар!» Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар бар остонам об хоҳӣ заД зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки Дар».Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар гарДӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷуДо,
То сақаргоқон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».
- Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин Дарё бипаймо сарбасар». Гуфтам: «Ба чашм».
Тазкиранигорон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ ёд меку- нанд, ки чун Хоҷа Ҳофиз байти сеюмро хонд, об дар чашмонаш ҳалқа зад ва гуфт: «Воқеан, пояи ин мард бисёр баланд аст».
Оре, ғазали «Ба чашм» дар фасоҳату балоғат олист. Ба ҳамин хотир, дар асрҳои пасин ин ғазал дар байни адибон маъруф гашт ва чандин шоирон ба он назира гуфтанд.
[1] Мутасаввир – қобили дарк, тасаввуршаванда.
[2] Камоҳӣ – ҳақиқат, воқеият, ҳамин тавре ки ҳаст.