Главная / Илм / МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ЭНЕРГЕТИКА

МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ЭНЕРГЕТИКА

МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре- зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни Па- ёмаш (2016) иброз доштааст: «Тавре ки таъкид шуд, инки- шофи соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз истеҳсоли неруи барқ вобаста мебошад. Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз ҳаҷ- ми неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин кардани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад. Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор ан- дохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳа- мияти аввалиндараҷа диҳем».

Дар ҷумҳурӣ соли 2016 бояд дар ҳаҷми 300 мегаватт иқти- дорҳои иловагии энергетикӣ ба истифода дода шаванд ва иқтидорҳои нави саноатӣ дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифта шуда, бояд ба кор дароварда шаванд.

Кишвари мо дорои захираҳои фаровони об мебошад, ин имконият медиҳад, ки тавассути мутахассисони касбӣ дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҷомеа, хусусан дар минтақаҳои кӯҳистон, яке аз масъалаи муҳимтарини рӯз мебошад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис- тон ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аст. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳи- соби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ маблағҳои зиёдро равона ва пайи татбиқи ислоҳоти энергетикӣ сарф мекунад.

Дар ҷумҳурӣ сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии зиёд ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин шуда, барои содироти неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобис- тон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад. Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда омода кардани му- тахассисони касбӣ аз ҳисоби ҷавонони кишвар, ки донандаи технологияи муосир ва донишҳои амиқи соҳавӣ мебошанд, муҳим аст. Барои мутахассиси хуби касбии соҳаи энергетика шудан муҳим аст, ки фанҳои табиатшиносӣ, физика, химия, математика, нақша, технологияи информатсионӣ, биология, технология ва дигар фанҳо дуруст омӯхта шаванд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …