Главная / Гуногун / МОҲИЯТ, МАҚСАД ВА МАЗМУНИ ТАРБИЯИ КАСБЙ

МОҲИЯТ, МАҚСАД ВА МАЗМУНИ ТАРБИЯИ КАСБЙ

Яке аз хусусиятҳои муҳим ва тавсифдиҳандаи шахс равия ва устуворӣ мебошад, ки тавассути он инсон барои иҷрои мақсадҳои дар наздаш гузошта саъю кӯшиш мекунад. Маромҳои ташаккулдиҳандаи инсон шавқу ҳавасест, ки одам дар фаъолияти худ онҳоро ба асос мегирад, пеш меравад ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо мекунад.

Jobs and professions characters cartoons collection vector digital image illustration

Фаъол будан – хусусияти муҳимми шахс буда, дар раван- ди фаъолият, муносибати ӯ бо атрофиён ва худ зоҳир меша- вад. Инсонро ба фаъолият талабот водор мекунад ва роҳҳои расидан ба мақсад аз ҷаҳонбинӣ, доираи донишҳо, ирода ва устувории инсон вобаста аст. Талаботҳои инсонӣ гуногун мебошанд. Талаботҳои муҳимтарин ва асосии инсон, талаботҳои табиӣ мебошанд, ки онҳо мавҷудияти одамро таъмин мекунанд. Талабот ба хӯрок, либос, ҷойи истиқомат, аз хунукӣ ва гармӣ ҳимоя кардан мисоли талаботҳои табиӣ мебошанд. Ҳамчунин талаботҳои инсон маҳсули тараққиёти таърихӣ – ҷамъиятӣ низ мебошад. Баробари тараққиёти таърихӣ-ҷамъиятӣ талаботҳои табиӣ ва талаботи иҷтимоӣ тағйир ёфта, мураккаб мешаванд.

Шакли зохиршавии талабот аз маърифати инсон ва шавқу ҳавас сарчашма мегирад. Шавқу ҳаваси инсонро барои аз худ кардани дониш, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ водор мекунад ва хонанда дар доираи шавқу ҳавасҳои донишандӯзӣ аз душворӣ ва монеаҳо наҳаросида, роҳҳо ва тарзҳои омӯхтани донишҳоро фаъолона ҷустуҷӯ мекунад. Ҳамин тавр, дар муносибати касбӣ низ шавқу ҳавас мавқеи муҳим дорад.

Шавқу ҳавас, рағбат нисбат ба касби муайян ва интихоби дурусти касб боиси он мегардад, ки ҷавонон аз рӯйи касби интихобкардаашон фаъолият кардаву ба кор дилгармӣ пайдо карда, корашон самари хуб медиҳад.

Чунин муносибат боиси он хоҳад шуд, ки ҳам натиҷаи кор хуб мешавад ва ҳам шахс дар пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа ва пешрафти касбӣ муваффақ мегардад. Ҷавонон бояд донанд, ки касб аз ҳунар фарқ дорад. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар интихоби касб ҷавонон одатан ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Чунин хатоҳо одатан дар интихоби касб бо таъсири падару модар, рафиқон ва муҳити иҷтимоӣ, аз ҷиҳати зоҳирӣ интихоб кардани касб ва бе мақсад интихоб кардани он зоҳир мешаванд. Дар интихоби дурусти касб падару модар, омӯзгор ва калонсолон бояд нақши асосӣ бозанд. Онҳо бояд имконияту қобилияти наврасону ҷавононро ба инобат гирифта, дар ҳамкорӣ бо равоншиносон дар интихоби дурусти касб кумак расонанду маслиҳат бидиҳанд.

Чи гуна метавон касбро дуруст интихоб кард?

Одатан, баъзе хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ барои пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва шуғли муайян душворӣ мекашанд. Сабаби чунин ҳолат, на танҳо дар надоштани омодагии касбӣ, балки дар мувофиқат накардани тахассуси онҳо ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Бинобар ин бояд касбу ҳунарҳое интихоб карда шаванд, ки дар бозори меҳнат ба онҳо та- лабот бештар ва мувофиқ ба ихтисосу касби интихобкарда кор пайдо кардан мумкин аст. Чунин муносибат дар наварасону ҷавонон бояд аз зинаи мактабӣ самаранок ба роҳ монда шуда, хонандагони босавод ба мактаби олии касбӣ ва аз мактаби олӣ ба истеҳсолот фиристода шаванд. Дар баробари донистани забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ аз ҷониби ҷавонон муҳим буда, боиси сари вақт ба кори дилхоҳ машғул шудани онҳо мегардад. Дар ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо ва касбу ҳунарҳои мардумии зиёд фаъолият мекунанд, бинобар ин падару модарон, калонсолон ва омӯзгоронро зарур аст, ки сари вақт наврасону ҷавононро ба чунин курсҳо ҷалб карда, барои ояндаи онҳо роҳ кушоянд. Зеро ҷавонон зимни таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ба шумор мераванд. Ҷавонон ҳамчун насли ояндасози Ватан бояд ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забони давлативу забонҳои хориҷӣ бошанд. Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ метавонад зиндагии худро пеш барад ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, ҳамчун шахс ташаккул ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш қайд карда буд: «Агар аз ман пурсанд, ки дар бораи ояндаи Тоҷикистон чӣ андеша дорам, ҷавоби ман чу- нин хоҳад буд: Ман ояндаи Тоҷикистонро хамчун як кишвари ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинам, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа бошад”.

Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бо- нангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар хама ҷой бо сарбаландӣ изҳор кунад, ки “Ман тоҷикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балъамӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавло- но, Саъдиву Камол, Имом Ғазоливу Имоми Аъзам ва садҳову ҳазорон фарзонаҳову алломаҳо ҳастам. Ман Ватани зебо ва давлати обод дорам, ки номи муқаддаси он Тоҷикистони озод аст. Ман аз ин Ватан ифтихор дорам, онро соҳибӣ мекунам ва обод месозам. Ман ҳастии худро, ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшам!”

Чунин муносибат ба Ватан-Модар имконият медиҳад, қи ҳар як нафар ҷавон пеш аз ҳама, масъулиятшинос ба воя бирасад ва барои пайдо кардани мақому манзалати худ аз беҳтарин имконият истифода карда, дар рушди шахсӣ кӯ- шиш кунад.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …