Тақдири андозҳо аз нигоҳи аввал одӣ ба назар мерасад: ҳамаи онҳо ба буҷети мақомоти идоракунии давлатӣ ворид мегарданд. Андозҳои ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мешаванд.
БУҶЕТ нақшаи ҷамъбастии ҷамъоварии даромад ва истифодаи он барои пӯшондани хароҷоти мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар давраи муайян мебошад.
Ҷамъоварии маблағҳо дар буҷет, ба давлат имкон медиҳад, ки манбаъҳои молиявиро барои инкишофи соҳаҳои асосӣ ва бахшҳои мушаххаси иқтисодӣ истифода намояд. Ба таркиби даромади буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пардохту андозҳое дохил мешаванд, ки дар асоси Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳар сол қабул мегарданд, муайян карда мешаванд. Манбаъҳои даромади муқарраршуда имконияти ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодиро пурра ё қисман таъмин карда метавонанд. Дар мавриде ки манбаи даромади муқарраршуда фаъолияти иқтисодӣ ва идораи онро таъмин карда натавонад, давлат аз механизми муносибатҳои буҷетӣ истифода мекунад.
Давлат барои имконияти танзими иқтисодиёт ва ҷобаҷогузории истеҳсолоту инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда механизми муносибатҳои байнибуҷетиро истифода мебарад. Механизми буҷетӣ вобаста ба талаботи бозор воситаи бавуҷудорандаи сохти таркибии иқтисодиёти дорои сатҳи муайяни рақобатпазир мебошад. Амалӣ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба танзимдарорӣ, ҷалб ва истифодаи мақсадноки сармоягузориҳои хориҷӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои беруна, таъмини уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои сиёсӣ ва молиявии байналмилалӣ ва давлатҳои дигари хориҷӣ дар буҷети ҳарсола инъикос мегардад.
Буҷети давлатӣ захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молияи давлатӣ оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб ёфта, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоштаро иҷро менамоянд.
Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама, даромад ва хароҷоти давлатро ба назар мегирад. Буҷет аз ҷониби мақомоти қонунгузор Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ карда мешавад. Буҷети солона барои як соли молиявӣ тартиб дода мешавад. Он ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад.
Вазифаҳои асосии буҷет инҳоянд: 1) Тақсимоти даромади миллӣ ва ММД; 2) Танзими давлатӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёт; 3) Таъмини молиявии сиёсати иҷтимоии давлат; 4) Назорат аз ҷамъоварӣ ва истифодабарии фонди марказонидашудаи маблағҳои пулӣ.
Таркиб ва сохтори буҷети давлатӣ. Сохтори буҷет ташкили низоми буҷетӣ ва принсипҳои сохти он мебошад. Сохтори буҷет аз рӯи принсипҳои ягонагӣ, пуррагӣ, ошкорбаёнӣ ва мустақилияти ҳамаи намудҳои буҷет, ки бо низоми буҷет дохил мешаванд, асос меёбад.
Сохтори буҷет, ташкили буҷети давлатӣ ва низоми буҷети мамлакат, муносибати байниҳамдигарии сатҳҳои ҷудогонаи буҷетҳои ба низоми буҷетӣ дохилшаванда, таркиби буҷетҳо, тарафҳои расмии ташкилёбии он ва истифодабарии воситаҳои буҷетиро муайян менамояд. Қисми таркибии сохтори буҷетро низоми буҷетӣ ташкил медиҳад. Маҷмӯи бешумор ва ё намудҳои буҷетро низоми буҷет меноманд. Низоми буҷет аз маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи асосёфтаи буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ иборат мебошад. Асосҳои сохтори буҷет аз рӯи сохтори давлатии мамлакат, аз рӯи санадҳои асосии қонунгузорӣ, нақши буҷет дар такрористеҳсолкунии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва равандҳои иҷтимоии он муайян карда мешавад. Низоми буҷет аз шакли сохтори давлатӣ вобаста аст. Аз рӯи тақсимоти ҳокимият байни марказ ва сохторҳои марзию маъмурӣ, давлатҳо ба давлати унитарӣ, федеративӣ ва конфедеративӣ тақсим мешаванд. Низоми буҷети давлатҳои федеративӣ аз 3 сатҳ: буҷети федератсия; буҷети субъектони федератсия ва буҷетҳои маҳаллӣ иборат мебошад.
Давлати унитарӣ шакли сохти давлатие мебошад, ки дар давлат сарқонуни ягона, ҳуқуқҳои умумӣ амал мекунанд. Низоми буҷети давлатҳои унитарӣ аз ду сатҳ: буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллӣ иборат мебошанд.
Алоқаи байниҳамдигарии звеноҳои ҷудогонаи буҷет, ташкилёбӣ ва принсипҳои сохтори буҷавиро сохтори буҷет меноманд. Низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии асосёфтаи буҷети ҷумҳурӣ, буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва буҷети воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат мебошанд ва азбаски давлати мо унитарӣ мебошад, низоми буҷети мо аз ду сатҳ иборат аст: 1) Буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ;2) Буҷетҳои маҳаллӣ.
Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад: 1) Ягонагии низоми буҷети давлатӣ;2) Тафриқаи даромаду хароҷот байни сатҳҳои гуногуни низоми буҷет;3) Баробарии буҷетҳо;4) Истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ; 5) Пардохтҳои пурраи хароҷоти буҷетҳо;6) Ошкоро будани буҷетҳо; 7) Мустақилии ҳамаи буҷетҳо;8) Инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷет.
Даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андозҳо буда, даромадҳо барои маблағгузори соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодӣ равона карда мешаванд.
Самтҳои асосии буҷети давлатӣ, аз ҷумла буҷети ҷумҳуриявӣ ба мусоидати ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон дар асоси марҳила ба марҳила зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат бо назардошти бо ҷубронпулӣ ва дигар намуди кумакпулиҳо таъмин намудани аҳолии камбизоат равона карда шудааст.
ТРАНСФЕРТ (БУҶЕТӢ) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои сатҳи поёнӣ гузаронидани пул бо мақсади пур намудани онҳо мебошад.
Ҳангоми ба ҳам мутобиқ омадани даромад ва хароҷоти ҳукумат, буҷети давлатӣ баробаркардашуда номида мешавад. Ин барои дилхоҳ молияи давлатӣ ҳолати идеалӣ (идеали мутлақ-вақте ки даромади буҷет аз хароҷот зиёд буда, маблағ ба пасандози давлатӣ барои дар оянда истифода кардан гузошта мешавад) ба ҳисоб меравад.
Лекин идоракунии қотеъонаи молияи давлатӣ аз рӯи нақшаи Дикксен дар асоси буҷети ягона хеле мушкил аст: нафақахӯрон, соҳаҳои дар ҳолати буҳронӣ қарордошта, омӯзгорон, олимон, қувваҳои мусаллаҳ аз ҳукумат хароҷоти нав ба навро ба таври доимӣ талаб менамоянд. Номгӯйи мазкури талабкунандагон ниҳоят муассир аст. Ҳар як талабкунанда асоси худро дорад, лекин захираҳои молияи давлатӣ низ беохир нестанд.
Мафҳуми каср ва изофагии буҷети давлатӣ. Давлат агар тамоми хоҳиши талабкунандагонро иҷро намояд, он гоҳ, дар вазъияте қарор хоҳад гирифт, ки дар он маблағҳои хароҷотӣ аз даромади эҳтимолии давлат аз ҳисоби андозбандӣ барзиёд мегардад. Ба таври дигар, қисми чапи баробарӣ назар ба қисми рости он зиёд мегардад ва ягонагии буҷет ба нобаробарӣ табдил меёбад:
( Хароҷот барои хариди молҳо ва хизматрасониҳо + Трансферҳо = андозҳо ва ) > 0 , хизматрасониҳо боҷҳо яъне буҷети давлатӣ бо каср (камчинӣ) таҳия карда шудааст.
КАСРНОКИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ вазъи молиявиест, ки дар натиҷаи аз ҷониби давлат ба нақша гирифта шудани хароҷоти барзиёд назар ба даромади воқеии буҷет ба вуҷуд меояд.
Буҷети давлатӣ, дар тӯли зиёди солҳои 90-ум камчин буд. Давлат барои рӯйпӯш намудани норасоии молиявӣ аз аҳолӣ ва ширкатҳо бо ба фурӯш баровардани қоғазҳои қиматнок (УДХ уҳдадориҳои давлатии хазинавӣ), дар асоси ваъдаи даромади калон фаъолона қарз мегирифт. Ин сиёсати хатарноки молиявӣ мамлакатро ба буҳрони қарз оварда расонид. Давлат имконияти баргардонидани қарзи худро пайдо накард. Танҳо аз ибтидои асри XXI сар карда, ба туфайли зиёд гардидани даромади андозӣ ва пардохтҳои дигар, буҷети мамлакат баробар ва изофагӣ гардид.
ИЗОФАГИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ вазъи молиявиест, ки дар натиҷа аз ҷониби давлат хароҷоти кам дар назар гирифта шуда, даромади воқеӣ аз ҳисоби тамоми андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба вуҷуд меояд.
( Хароҷот барои хариди молҳо ва хизматрасониҳо + Трансферҳо = андозҳо ва ) < 0 хизматрасониҳо боҷҳо буҷет бо изофагӣ таҳия карда шудааст.
Давлат чӣ гуна метавонад назар ба даромаде, ки аз шаҳрвандон ва ширкатҳо мегирад, хароҷоти бештар намояд? Он чӣ гуна метавонад аз уҳдаи ҳалли касри буҷет барояд?
Таҷрибаи ҷаҳонӣ чор усули асосии ҳалли ин масаъаларо медонад: 1) Кам намудани хароҷоти буҷет; 2) Пайдо кардани сарчашмаҳои иловагии даромад; 3) Барориш (эмиссия)-и пулҳои таъминнабуда, ки барои молиякунонии хароҷоти давлатӣ истифода мешаванд; 4) Гирифтани қарз аз шаҳрвандон, бонкҳо, ширкатҳо, дигар мамлакатҳо ва ташкилотҳои молиявии хориҷӣ.
Кам кардани хароҷоти буҷет. Ин усули бартараф намудани камчинии буҷет зоҳиран аз ҳама одӣ, лекин дар ҳақиқат аз ҳама мушкил (дардманд) мебошад. Давлат одатан он эҳтиёҷи ҷамъиятро маблағгузорӣ мекунад, ки дигар ягон нафар инро намехоҳад ё наметавонад. Бинобар ин кам намудани хароҷоти буҷет ҳатман оқибатҳои номатлубро ба амал меорад. Масалан, дар Тоҷикистон давлат то ҳол қисми бештари хароҷоти нигоҳ доштани хоҷагии манзилию коммуналӣ (гармидиҳӣ, об, таъмири биноҳо)-ро маблағгузорӣ мекунад ва норасоии маблағҳоро барои пардохти нафақаи шаҳрвандон таъмин менамояд.
Бешубҳа, ихтисор гардидани барномаҳои иҷтимоӣ, кумакпулӣ ва трансфертҳо одатан ба афзоиши шиддатнокӣ дар ҷамъият сабаб гардида, муътадилии сиёсиро халалдор месозад. Бинобар ин ҳукумат ба чунин рафтор дар навбати охирон, яъне дар сурати муяссар нагардидан бо истифода аз се усули дигари бартараф кардани камчинии буҷет даст мезанад.
Пайдо кардани сарчашмаҳои иловагии даромад. Усули аз ҳама беҳтарини пӯшондани касри буҷет ҷалби даромадҳои иловагӣ ба шумор меравад.
Амалан ҳалли масъалаи мазкур мушкил аст. Дар ин ҷо метавонад кӯшиши зиёд намудани андозҳо ва пардохтҳо ҷой дошта бошад, лекин ин усули хатарнок ба шумор меравад. Зеро илми иқтисодӣ исбот намудааст, ки аз меъёр зиёд баланд намудани андозҳо ва пардохтҳо на ба афзоиши даромади андози давлат, балки барои камшавии он боис мегардад.
Ин ду сабаб дорад:
1) Одамон ҳавасмандиро нисбат ба меҳнат гум менамоянд, агар қисми зиёди музди меҳнати онҳоро давлат гирад;
2) Одамон ба пинҳон намудани даромади худ аз андозбандӣ шурӯъ мекунанд ва дар ин ҳолат «иқтисодиёти пинҳонӣ» (соҳаи фаъолият, даромадҳо аз андозбандӣ пинҳон карда мешавад) дар мамлакат зуд инкишоф меёбад, муносибатҳои хоҷагӣ бошанд, криминалӣ мегарданд.
Ҳолати мазкур дар графики пешниҳоднамудаи иқтисодчии амрикоӣ Артур Лаффер ба хубӣ аён аст, ки ба шарофати ӯ каҷхатаи Лаффер номгузорӣ гардидааст. Каҷхатаи мазкур дар расми 15.2. нишон дода шудааст.
Дар графики мазкур ду хатро мебинем. Якум каҷхатаи гипотетикии ҷамъкунии андозҳо суммаи мутлақи даромади андоз ба буҷет, ки ҳангоми баланд гардидани меъёри андозситонӣ зиёд шудааст, нишон медиҳад, ҳатто агар андозаи он байни одамон ва фирмаҳо фарқ надошта бошад ҳам. Лекин, дар воқеъ бузургии ин меъёр қариб диққати ҳамаи андозсупорандагонро бениҳоят ҷалб менамояд, ки чунин афзоиши даромади буҷет ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Баръакс, маҳз инро каҷхатаи Ставкаи андозбандии даромадҳо (бо %)
Расми 15.2. Каҷхатаи Лаффер-модели сиётсати андоз
Лаффер нишон медиҳад, ки ба ҳудуди муайян зиёдшавии меъёри андозситонӣ аллакай на ба афзоиш, балки ба камшавии бузургии мутлақи даромади воситаҳои пулӣ ба буҷет меорад.
Барориш (эмиссия)-и пулҳои таъминнабуда. Усули аз ҳама сабук ва хатарноки «дарбеҳ кардани сӯрохӣ»-и буҷет-барориш (эмиссия)-и воситаҳои пулӣ мебошад, ки аз талаботи ҳақиқии иқтисодиёт зиёд мегардад. Чунин усули пӯшондани камчинии буҷет монанд ба мухаддироти молиявӣ аст дард ва бонги хатарро муваққатан табобат мекунад, лекин боз пастшавии вазъияти иқтисодиро ба вуҷуд меорад.
Сабаб одист: бозори умумимиллӣ ба эмиссияи пул бо баландшавии нарх ва ғайбзании молҳо аз пештахта зуд вокуниш нишон медиҳад (агар давлат кӯшиш намояд, ки ба афзоиши нарх маҳдудият муқаррар намояд). Бинобар ин бурди буҷет дурудароз намегардад.
Ба ғайр аз ин, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки буҷет дар мусобиқа бо беқурбшавии пул доимо бой медиҳад. Зеро хароҷот имрӯз бо нархҳои ҷорӣ ҳисоб карда мешаванд, андоз бошад, ҳама вақт аз даромади рӯзи гузашта гирифта мешавад, ки бо сатҳи нархи кӯҳна муайян карда шудааст. Дар натиҷа камчинӣ кам нагардида, баръакс зиёд мешавад.
Дар баъзан кишварҳо давлат кӯшиш мекунад андозро пешакӣ, яъне дар шакли пешпардохт, то гирифта шудани даромади воқеӣ ситонад. Фаҳмидан душвор нест, ки чунин таҷриба фаъолияти фирмаҳоро аз меъёр зиёд душвор гардонда, маҷбур мекунад даромади худро аз андозситонӣ пинҳон намоянд.
Гирифтани қарзи пулӣ. Давлат ҳангоми камчинии воситаҳои пулӣ метавонад онро ба монанди шаҳрвандон аз фирмаҳо қарз гирад, то он ки нобаробарии буҷет боз ба мувозинат табдил дода шавад. Дар ин холат баробарӣ намуди дигар мегирад:
Пеш аз ҳама, аз бонки давлатӣ. Ин усул аз солҳои 90-ум дар кишвари мо истифода мегардад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ», ба Бонки миллӣ иҷозат дода шудааст, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пӯшонидани камчинии буҷети ҷумҳуриявӣ ва ба шарти фоизнок баргардонидан қарз пешниҳод намояд.Давлат аз кӣ метавонад пул қарз гирад?
Лекин имконияти қарздиҳии давлат аз ҷониби Бонки миллӣ одатан маҳдуд мебошад. Ғайр аз ин, баробари аз Бонки миллӣ гирифтани воситаи пулӣ, давлат он даромадҳоеро, ки вай ҳамчун соҳиби бонки мазкур метавонад гирад, аз даст медиҳад. Бинобар ин гирифтани қарзи пулӣ аз шаҳрвандон ва ташкилотҳои мамлакат судмандтар аст. Чунин шакли гирифтани қарз гуногун шуда метавонад, лекин одатан бо роҳи фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
Фаҳмост, ки гирифтани қарз як масъаларо ҳал намуда (маҳз камчинии пул дар шароити имрӯза), фавран масъалаи дигарро ба вуҷуд меорад яъне пагоҳ зарурати пайдо кардани пул барои пардохти қарз ба вуҷуд меояд. Азхудкунии воситаҳои пулӣ ҳамин тавр қарзи давлатиро ба вуҷуд меоранд.
ҚОҒАЗҲОИ ҚИММАТНОКИ ДАВЛАТӢ уҳдадории давлат оид ба баргардонии маблағи қарзии гирифташуда ва ҷамъи фоиз барои истифода бурдани пулҳои мазкур аст.
ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ маблағи қарз аст, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ гирифта шуда, ҳоло ба қарздиҳанда баргардонида нашудааст.
Қарзи давлатӣ ду намуд шуда метавонад: 1) Қарзи Дохилӣ назди шаҳрвандон, бонкҳо ва фирмаҳои мамлакати худ, инчунин хориҷиёне, ки қоғазҳои қиматноки қарзии (вомбарҳои) дохилиро хариданд;
2) Қарзи берунӣ назди ҳукуматҳо, бонкҳои байналхалқӣ ва созмонҳои молиявӣ, ки воситаҳои пулиро дар асоси созишномаи ҳукуматӣ ҳамчун қарз пешниҳод намудаанд.
Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз бо қарзҳои калони давлатӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳатто дар мамлакатҳои тараққикарда бузургии қарзҳои давлатӣ баробари 100% ММД-и мамлакат мебошад.
Агар қарз давлатӣ бошад, аҳолӣ дар ин ҷо чӣ гуноҳ дорад? Дар воқеъ, дар ин маврид баргардонидани он бо фоиз аз ҳисоби ситондани андозҳо аз аҳолии мамлакат ба амал бароварда мешавад. Пас, масъалаи ҷалби қарзҳои хориҷӣ бевосита ба манфиати ҳар як шаҳрванди мамлакат зарари худро мерасонад.
Ҳангоми оқилона истифода шудани қарзи давлатӣ, иқтисодиёти мамлакат хароб намегардад ва ба муноқишаи сахти иҷтимоӣ намеорад. Лекин агар маблағҳои пулии дар шакли қарз ҷалбгардида ғайримақсаднок истифода гарданд, таъминоти қарз вазъи буҷетро душвор мегардонанд. Солҳои 90-ум ин вазнинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чунин душвориро овард, ки ҳукумат аз пардохти уҳдадории худ оид ба уҳдадории давлатии хазинадорӣ даст кашид. Дар натиҷа ин боиси буҳрони молиявӣ дар мамлакат гардид ва ба муфлисшавии бисёр бонкҳо овард, ки аз ҳукумат бо пулҳои амонатгузорони худ уҳдадориҳои давлатии хазинадориро харидорӣ карда буданд. Мувофиқан амонатгузорон низ пулҳои худро аз даст доданд. Имрӯз Тоҷикистон қарзҳои берунии давлатии худро вобаста ба муҳлати он аз ҳисоби буҷети мамлакат баргардонида истодааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми январи соли 2015, 2095,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки баробари 22,7%-и ММД мамлакат мебошад ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 3 фоиз кам шудааст. Қарзи берунии Тоҷикистон асосан ба Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи рушд ва Эксимбонки Ҷумҳурии халқии Хитой рост меояд.
Қарзи дохилӣ бошад, дар охири соли 2014 баробари 4,9%-и ММДро ташкил дода, нишондиҳандаи мазкур бо ифодаи номиналӣ ба2,37 млрд. сомонӣ баробар шудааст. Қарзи дохилӣ иборат аст аз: вексели давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 236 млн. сомонӣ; векселҳои хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 153,8 млн. сомонӣ; векселҳои давлатӣ барои азнавсармоягузории Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 520 млн. сомонӣ; векселҳои давлатии хазинавӣ ба муҳлати 91 рӯз барои пӯшондани камчинии буҷет ва ғайра.
Ҳамин тавр, гирифтани воситаҳои пулӣ ҳамчун қарз қарзи давлатии берунӣ ва дохилиро ба вуҷуд меорад. Пардохткунандаи ниҳоии ин қарзҳо дар воқеъ, шаҳрвандони мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро қарзҳо дар оянда маҳз аз гирифтани андоз аз даромади онҳо баргардонида мешаванд.