Главная / Биология / МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКЙ – ЧАРБҲО ВА ЛИПОИДҲО

МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКЙ – ЧАРБҲО ВА ЛИПОИДҲО

Чарбҳо (липидҳо) пайвастаҳои кислотаҳои калонмолекулаи равғанӣ ва спирти сеатомаи глитсерин мебошанд. Чарбҳо дар об ҳал намешаванд, онҳо гидрофоб (аз юнонӣ Ъуйго – об ва рЪоЪоз –
тарс) мебошанд. Дар ҳуҷайраҳо ҳамеша моддаҳои дигари мурак- каби бо ном липоидҳо низ вуҷуд доранд.

Мавҷудияти чарбҳо дар ҳуҷайра нисбат ба массаи моддаи хушк то ҳадди 5-15% мерасад. Дар ҳуҷайраи бофтаҳои чарбй микдори чарб то 90% меафзояд. Дар ҳуҷайраи бофтаҳои чарбии ҳайвонот, тухмӣ ва меваи рустаниҳо ҷамъ шуда, чарб чун манбаи эҳтиётии энергия хизмат мекунад.

Чарбҳо ва липоидҳо функсияи бинокориро низ иҷро менамо- янд, онҳо ба таркиби мембранаи ҳуҷайра доҳил мешаванд (расми 3.5.). Ба туфайли бад будани гармигузаронӣ, чарб қобилият до- рад, ки функсияи изолятори гармиро иҷро намояд. Яке аз функ- сияи асосии чарбҳо – фаъолияти энергетикӣ мебошад. Дар вақти то СО2 ва Н2О таҷзия шудани 1г чарб миқдори зиёди гармӣ (38,9 кҶ) хориҷ мешавад.

 

Истилоҳот:

  1. Структураи якумини сафеда – пайдарҳамии боқимондаи аминокис- лотаҳо дар занҷири (силсилаи) полипептидӣ генотипи муайян мебошад.
  2. Денатуратсия – раванди ташкилёбии структурии худро гум карда- ни молекулаи сафедагӣ.
  3. Ренатуратсия – раванди барқароршавии ташкилёбии структураи молекулаи сафедагӣ.
  4. Маркази фаъоли фермент – қисми молекулаи фермент, ки барои пайваст кардан ва аз нав ҳосилшавии моддаҳо масъул аст.
  5. Ангиштобҳо – гурӯҳи пайвастаҳои органикие, ки формулаи уму- миашон Сп(Н2О)т мебошад.
  6. Липидҳо – гурӯҳи пайвастаҳои органикие, ки аз эфири спиртҳо ва кислотаҳои равғанӣ, инчунин дигар компонентҳо иборатанд.
  7. Стероидҳо – гурӯҳи пайвастаҳои органикие, ки аз спиртҳои поли- сиклӣ, кетонҳо ё кислотаҳо иборатанд.

Тестҳо

  1. Таркиби химикии чарбҳоро чӣ ташкил менамояд?

а) глитсерин ва кислотаи равғанӣ; б) глитсерин ва кислотаи нитро- генӣ; в) кислотаҳои равғанӣ ва сафедаҳо.

  1. Дар ҳуҷайраҳои бофтаи чарбӣ микдори он ба чанд мерасад?

а) 60 %; б) 80 %; в) 90 %.

  1. Чарбҳо чанд вазифаро дар организм иҷро мекунанд?

а) чор; б) се; в) панҷ.

  1. Барои чӣ наҳанг, ки ҳайвони гармхун аст, дар обҳои хунук қоби- лияти зист дорад?

а) дар зери пӯстлох 1 м равған аст; б) дар натиҷаи баланд будани суръати ҳаракати он;) аз ҳад зиёд будани вазн.

  1. Чаро уштур дар биёбонҳои беоб қобилияти зист дорад?

а) ба ҳамин ҷой мутобиқ шудааст; б) аз ҳисоби равғани баданаш об чудо мешавад; в) барои камҳаракат буданаш.

  1. Ҳангоми тачзия шудани 1г чарб чӣ қадар энергия чудо мешавад? а) 17,5 кҶ; б) 27,3 кҶ; в) 38,7 кҶ.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …