Главная / Гуногун / МОНЕАҲО

МОНЕАҲО

Машқҳои гузариш аз онҳо

Шиносоӣ бо монеаҳо дар майдончаи хатҳои монеадори дар ҷой- ҳои махсус таҷҳизонидашуда бояд гузаронида шавад. Дар чунин май- дон монеаҳои сунъӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ҳаммонанди онҳо дар зиндагии воқеӣ низ дучор меоянд. Ва агар шахс ҳангоми машқҳои таъ- лимию санҷишӣ аз уҳдаи гузаштани чунин монеаҳои сунъӣ баромада тавонад, дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ низ ҳангоми убур кардан аз ҳамин гуна монеаҳо ба мушкилиҳо дучор намеояд. Чунин майдончаҳо аксаран бо ҳар навъ сӯрохиҳову мӯриҳои хурду бузург, чуқуриву балан- диҳо, пайроҳаҳои пуртобу хам, нақбҳо, хандақҳо, печроҳҳои симхордор ва амсоли инҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Ҳангоми машқҳои таъ- лимию санҷишӣ дар чунин майдонҳои монеадор, ҳамчунин машқҳову санҷишҳои вобаста ба он, аз қабили бо суръат давидан, ҷаҳидан ба даро- зию (аз рӯйи замини ҳамвор ё хамида) баландӣ (монеадор, яъне аз болои санҷишчӯб-планка ва аз болои ғӯлачӯбҳо, хорасангҳо ё пуштисангҳо ва ғайра), иҷро кардани ин ё он намуди тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, партофтани норинҷакҳои зидди пиёданизом ва ё зиддитанкӣ низ сурат мегирад. Ин намуди машқҳову санҷишҳо хонандагон- сарбозони оянда- ро барои паси сар намудани ҳар гуна монеаҳои фавқулодаи сарироҳӣ ва саривақт аз вартаи ҳар гуна душворӣ наҷот ёфтан омода мегардонад. Ба- рои баҳогузорӣ ба санҷишҳо дар майдонҳои монеадор меъёрҳои муқар- раршудаву тасдиқшуда вучуд доранд, ки омӯзгорони фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» мувофиқи нишондоди ин меъёрҳо амал мекунанд.

Баҳо барои ичрои машқҳо дар майдончаҳои монеадор аз рӯйи зи- наи 5 – дарачавӣ дар асоси натичаҳои ниҳоӣ гузошта мешавад.

Омӯзиши омодагии чисмонӣ бо супоридани меъёрҳо ба охир мера- сад. Барои муайян кардани дарачаи ичрои меъёрҳо баҳо гузоштан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Номгуйи талабот аъло, хуб, қаноатбахш ва ғайриқаноатбахш мебо- шад.

Номгуйи талабот аъло хуб қаноатбахш ғайри- қаноат- бахш
Кашиш дар турник 13 11 8 4, 2, 1
Дар турник овезон шуда, худро кашида, чаппагар- дон шуда, дар кафи дастҳо такя кардан 6 5 4 3, 2, 1
Варзиши сабук
Давидан ба масофаи 100 м 13 сон 14 сон 15 сон 16, 17, 18
Давидан ба масофаи 1500 м 4,50 5,00

5,02

5,30  

Ғайр аз иҷрои ин, ҳар як хатмкунандаи мактаб бояд дараҷаи 3-юми варзиширо дошта бошад.

Ба иҷрои меъёрҳои комплекс ҳамаи хонандагон чалб карда ме- шаванд. Меъёру талаботро дар синфи 11 ҳангоми гузаштани таълими ҳарбй- саҳрой қабул кардан мувофиқи мақсад мебошад.

Талаботи меъёрии таълими-амали доир ба омодагии ҷисмони
барои хонандагони синфи 10

Қобилияти ҷисмонИ Машқҳои ҷисмони Писарҳо Духтарҳо
Суръатнок Давидан ба масофаи 30 м (сон) 5,0 5,4
  Давидан ба масофаи 100 м (сон) 14,3 17,5
Қуввагӣ Кашиш дар турник 10 14
  Аз ҳолати овезоншавӣ (ба пушт) хаму рост кардани дастҳо да турники паст.

Ҷаҳидан ба дарозӣ аз чой (см)

2,15 1,70
Барои тобоварӣ Дави пойгавӣ, 3 км (дақ)

Дави пойгавӣ, 2 км (дақ)

   

Талаботи меъёрии таълими-амали доир ба омодагии ҷисмони барои хонандагони синфи 11 (писарон)

Меъёрҳо Баҳо
  5 4 3
1 Давидан ба масофаи 100 м (сон) 13 14 15
2 Давидан ба масофаи 1500 м (дақ. сон) 4,50 5,02 5,30
3 Давидан ба масофаи 3000 м Бе ҳисоб кардани вақт
4 Ҳаво додани норинчаки 500 – грамма (м)      
5 Кашиш дар турники баланд (мартаба)    

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …