Муҳити соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ дар муҳити муайяни иҷтимоӣ иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар поён равияҳои асосии муҳити иҷтимоӣ иқтисодии соҳибкорӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад.
Муҳити иқтисодӣ соҳибкор бояд донад, ки дар кадом давраи иқтисодӣ, иқтисодиёти мамлакат қарор дорад, ҳолати савдои беруна чӣ гуна аст, бекорӣ ва таваррум дар кадом сатҳ қарор доранд, устувории низоми андоз, сатҳи зиндагонии аҳолӣ чӣ гуна аст.
Ҳолати сиёсӣ боварӣ ба ҳукумат ва устувории вазъи он, муносибати ҳукумат ба сектори хусусӣ ва ҷамъиятӣ.
Муҳити иҷтимоӣ муътадилии вазъи иҷтимоӣ дар ҷамъият, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқати сиёсати иҷтимоӣ ба талаботи ҷомеа.
Муҳити фарҳангӣ ҳар қадаре ки сатҳи тараққиёти фарҳанг ва маданият баланд бошад, ҳамон қадар соҳибкории пешбинишуда муътадил аст.
Муҳити ҳуқуқӣ соҳибкорӣ танҳо дар ҳолати қонунгузории устувор ва муътадил инкишоф ёфта метавонад.
Муҳити техникӣ-технологӣ, яъне ҳолати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва соҳаҳои истеҳсолоти илмӣ дар мамлакат.
Шакл ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ. Субъектҳои соҳибкорӣ пеш аз ҳама, шахсони хусусӣ (ташкилкунандагони истеҳсолоти шахсӣ, оилавӣ ва ё истеҳсолоти ҳаҷман калонтар) ба шумор мераванд. Фаъолияти чунин соҳибкорон ҳам дар асоси меҳнати худӣ ва ҳам бо воситаи меҳнати ҷалбшуда амалӣ карда мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ инчунин аз тарафи гурӯҳи шахсони бо муносибатҳои шартномавӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ ба ҳам алоқаманд амалӣ шуда метавонад. Субъектҳои соҳибкории гурӯҳӣ дар мисоли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, гурӯҳҳои иҷоравӣ, кооперативҳо ва ғайраҳо баромад мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ давлатро дар шахсияти ниҳодҳои муайян дохил мекунанд. Ҳамин тавр, дар иқтисодиёти бозорӣ се шакли фаъолияти соҳибкорӣ мавҷуд аст: давлатӣ, гурӯҳӣ, хусусӣ.
Вобаста аз таркиби фаъолияти соҳибкорӣ ва бо назардошти зинаҳои асосии раванди такрористеҳсол (истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот) чунин намудҳои соҳибкориро фарқ мекунанд: истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, суғуртавӣ, миёнаравӣ.
Соҳибкории истеҳсолӣ ба намуди аз ҳама зарур ва мураккаби фаъолияти соҳибкорӣ мансубият дорад. Ин намуди соҳибкорӣ ба зудӣ ба монанди дигар намудҳои соҳибкорӣ фоидаро таъмин намекунад, бинобар ин барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ он қадар диққатҷалбкунанда 96 нест. Асоси соҳибкории истеҳсолиро офаридан, яъне ба вуҷуд овардани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад.
Дар соҳибкории тиҷоратӣ соҳибкор дар нақши савдогар баромад мекунад, зеро ӯ молҳои тайёреро мефурӯшад, ки аз дигар соҳибкорон харидорӣ карда буд.
Соҳибкории молиявӣ намуди махсуси соҳибкории тиҷоратист, ки дар он ба сифати ашёи хариду фурӯш: пулҳо, асъори хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ба харидор фурӯхта ва ё ба қарз дода мешаванд.
Соҳибкории суғуртавӣ чунин намуди фаъолият мебошад, ки соҳибкор ба суғуртакунанда бо пардохти муайян зарари имконпазири амвол, ҳаёт ва ғайраҳоро дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои нохуш ҷуброн мекунад.
Соҳибкории мутавассит (миёнарав). Ин навъи соҳибкорӣ мустақиман бо дигар намудҳои соҳибкорӣ (истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, суғуртавӣ, молиявӣ) алоқаманд мебошад. Хусусияти ин навъи соҳибкорӣ дар он аст, ки он мол истеҳсол намекунад ва онро намефурӯшанд, ба фурӯши коғазҳои қиматнок машғул нест ва ба дигарон қарз ҳам намедиҳад. Он фақат ба сифати даллол (миёнарав) дар ин ҳавзаҳои соҳибкорӣ иштирок мекунад. Мавқеи он байни истеҳсолкунанда (фурӯшандаи молу хизматрасониҳо) ва истеъмолкунанда (харидор) ҷойгир аст. Он барои дар амал тадбиқ намудани мақсад ва мароми дигар субъектҳои бозор, яъне харидану фурӯхтан ва ба ҳам пайваст кардани онҳо (истеҳсолкунандаву истеъмолкунанда) дар доираи ҳалқаи соҳибкорӣ, ба даст овардани маълумот оид ба талабот ва таклифоти мол, сатҳ ва шакли рақобат, нарх ва ғайра кумак мерасонад. Албатта, ба ивази адои хизмати худ онҳо бо даромади муайян мукофотонида мешаванд. Миёнарав ҳамчун сарчашмаи асосии ташкил ва густариши фаъолияти соҳибкории мутавассит истифода мешавад.
Омилҳои соҳибкорӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ бо худ маҷмӯи амалҳои соҳибкорро дар назар дорад, ки пай дар пай ва ё ҳамрадиф дар давраи пурраи фаъолият аз маблағгузории ибтидоӣ то гирифтани фоида ба миён меоянд. Ҳамчун намуди фаъолияти хоҷагидорӣ соҳибкорӣ омилҳои истеҳсолотро ба монанди замин, сармоя ва меҳнат истифода мебарад. Ба таври аниқтар барои амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ воситаҳои асосӣ (биноҳо, таҷҳизот, мошинҳо ва дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёт), воситаҳои гардон (ашё, масолеҳ, энергия, воситаҳои пулӣ) зарур мебошанд.