Главная / Гуногун / МУҲОРИБАИ ТОЙИФ

МУҲОРИБАИ ТОЙИФ

Лашкари шикастхӯрдаи бутпарастон аз Ҳунайн ба се тараф: Нахла, Автос ва Тойиф фирору ақибнишинӣ карданд. Ду гурӯҳи аввалро сипоҳиёни ислом таъқиб намуда, ба осонӣ бо талафоти кам тору мор карданд. Аммо он гурӯҳ, ки ба Тойиф паноҳ бурда буданд, боқимондаҳои ҷанговарони қабилаи Сақиф, ки дар ҷанги Ҳунайн шикаст хурда буданд ва ҳампаймонҳои онҳо буданд. Қабилаи Сақиф яке аз қабилаҳои нерӯманду сершумори пурҷамъияти араб ба шумор мерафт ва дар қалъаҳои мустаҳкаму баланди ин шаҳр зиндагӣ мекарданд. Гурезаҳои ҷанги Ҳунайн дар ҳамингуна қалъаву дежҳо паноҳ бурда буданд, ки ба ҳам шикастани онҳо осон набуд.

Паёмбар (с) билофосила баъди пирӯзӣ дастур дод, ки ғанимати аз ин ҷанг ба даст омадаро дар «Доруҷаъирона» нигоҳ доранд ва бе таваққуф ба самти Тойиф ҳаракат кунанд.

Сипоҳи ислом ба Тойиф расид ва муҳосираи он оғоз шуд. Дар ибтидои муҳориба аз борони тири душман ҳаждаҳ нафар аз сипоҳиёни ислом кушта шуданд. Аз ду тараф тирандозӣ радду бадал мешуд, вале бо силоҳи оддӣ фатҳи қалъаи Тойиф имконнопазир буд. Дар ҳамин ҷанг мусулмонон даббоба ва манҷаниқро ба кор гирифтанд. Дар бораи коршиносони ин дастгоҳ сарчашмаҳо ахбори гуногун додаанд. Табарӣ мегӯяд, ки дар ин ҷанг Салмони Форсӣ тариқи ба кор бурдани даббобаро ба мусулмонон омӯхт. Тибқи хабари дигар паёмбар ҳанӯз пеш аз ҷанги Ҳунайн Урва ибн Масъуд ва Ғайд ибн Салмаро ба Ҷарш (сарзамини Яман) фиристода буд, то фанни корбурди даббобаю манҷаниқро омӯзанд.

Дигарон гуфтаанд тоифаи Дус ба ин кор мадад карданд. Тибқи он Паёмбар (с) дар арафаи муҳорибаи Тойиф яке аз аҳли маҳали Дус Туфайл ибн Амри Дусиро барои аз байн бурдани бутхонаҳои қабилаи Дус фиристода буд ва ӯ баъд аз иҷрои фармони паёмбар бо чаҳорсад сарбоз ва як манҷаниқу як аробаи ҷангӣ дар Тойиф ба ҳузури паёмбар расид ва дар набард барои фатҳи қалъаҳои Тойиф аз ин василаи ҷангӣ истифода карданд. Аммо истифода аз ин аслиҳаҳои ҷангӣ низ натиҷа надоданд. Паёмбар (с) аз тариқи ғуломоне, ки аз қалъа баъд аз ваъдаи Паёмбар (с) ба озод кардани онҳо гурехта, хабар ёфт, ки имконоти дифоъӣ ва обу хӯрокаи муҳофизон фаровон аст ва муҳосираи тулонии қалъа фоида надорад.

Муҳосираи қалъаи Тойиф зиёда аз бист рӯз идома дошт, муқовимати қабилаи сақиф ва хавозинро шикастан мушкил буд, гузашта аз ин чанд омили дигаре аз ҷумла: наздик шудани моҳи зилқаъда, ки аз моҳҳои ҳаром буд ва нооромии сарҳадҳои шимолӣ ва ду моҳ боз бе дифоъ будани шаҳри Мадина сабаб шуд, ки Паёмбар (с) фармони баргашт ба Ҷаъиронаро дод. Дар ҷанги Тойиф аз мусулмонон дувоздаҳ нафар кушта шуданд.

Дар Ҷаъирона, чунон ки қаблан гуфтем, Паёмбар (с) ғанимати ҷангиро[1] боқӣ гузошта буд, пас аз баргашт онро тақсим кард. Паёмбар (с) як панҷуми ғанимат (хумс)-ро, ки ба ӯ тааллуқ мегирифт, бардошт ва бақияро ба сипоҳиён тақсим кард. Мувофиқи ривоятҳо барои улфату гарм кардани дили сарварони қурайшии маккӣ нахуст ба солорони онҳо аз ғанимат пардохт. Аз ҷумла ба Абӯсуфён ва фарзандаш Муовия чиҳил уқия нуқра, сад шутур дод ва ба дигарон низ аз сад шутур то чиҳил шутурӣ дод. Дар ин байн баъзе норзигиҳое амалан аз тарафи Аббос ибн Мирдос шуд, ки Паёмбар (с) фармуд то Алӣ ибн Абитолиб онро ҳал кунад.[2] Ва ба дигар сипоҳиён ба меъёри чаҳор шутур ва чиҳил гӯсфанд ба сипоҳиёни пиёда ва ду баробари он ба саворагон тақсим кард.

Асирон ба тақсимот дохил нашуданд, то хешовандонашон ба ивази фидя (нархи муайяне) онҳоро бозпас гиранд. Ин ҷо сарчашмаҳо аз ду воқеаи ҷолибе, ки ҳангоми тақсими ғаниматҳо рӯй дода аст, ривоят кардаанд, ки дар шинохти шахсияти Паёмбар (с) (вафодорӣ, лутфу эҳсон, гузашту оянданигарии ӯ) муассир аст.

Яке он ки пас аз тақсими ғанимати ҷангӣ чун сарони қурайшиёни Макка, ки то дирӯз душманони ашаддии Паёмбар (с) буданд саҳмҳои асосӣ-ғанимати зиёдеро соҳиб шуданд, баъзе аз гурӯҳои ансори Мадина нохушнудӣ ва эътироз ва бадгӯӣ карданд. Аз ҷумла гуфтанд Паёмбар (с) қавми худро афзал донист. Паёмбар (с) аз ин суханҳо хабардор шуд ва онҳоро гирди ҳам овард ва бо онҳо сухан гуфт. Пас аз ҳамду санои Худованд фармуд: «Эй ҷамоати ансор! Ин чй суханонест ва гилаҳоест, ки аз номи шумо ба ман расида? Ман аз шумо пурсидание дорам ба ман ҷавоб диҳед. Оё шумо гумроҳ набудед ва Худованд шуморо ба василаи ман ҳидоят накард? Оё шумо дар доми оташ набудед ва Худованд шуморо ба василаи ман наҷотатон надод? Оё шуморатон андак набуд ва Худованд ба василаи ман шуморо бисёр нагардонд? Ва оё душмани якдигар набудед ва Худованд ба василаи ман дар дилҳои шумо улфат барқарор накард? Гуфтанд: Оре ҳаққ аст! Худову расулаш мунъимтарин ва фазлтаринанд.» Расули Худо (с) дар ҳаяҷон буд ин ҷавоб ӯро қонеъ накард, ӯ ба такрор пурсид: «Ҷавоби маро намедиҳед, эй ансор?!» Ансор , ки сахт мутаассир шуда буданд, бо ҳолати парешон гуфтанд: «Чи ҷавоб ба ту бидиҳем, эй Расули Худо, фазлу неъмат аз они расули ӯст.» Паёмбар (с)гуфт: «Аммо ба Худо қасам, агар мехостед (он чи дар дилатон аст) мегуфтед ва рост ҳам мегуфтед ва гуфтаатонро тасдиқ мекардам. Паёмбар (с) фармуд: шумо метавонистед бигӯед: туро, ба дуруггӯй иттиҳом шуда назди мо омадй ва мо туро ба ростй тасдиқ кардем, беёру ёвар шуда будй ва мо туро ёру ёвар шудем, ёрй расондем, ронда шуда будй ва мо паноҳат додем, тарсон будй ва мо эминат доштем, фақиру нодорам будй ва мо бо ту дороиямонро баробар дидем.»[3]

Дар ин ҳангом фигони зории ансор бар ҳаво печид ва пирону сарварони онҳо ба сӯи Паёмбар (с) омаданд ва дасту пои он ҳазратро бӯса доданд. Сипас онҳо аз Худо ва Расули Худо (с) урзхоҳй карданд. Ниҳоят Паёмбар (с) фармуд: «Худовандо! Ансор ва фарзандони ансор ва фарзанди фарзандони ансорро биёмурз.»[4] Ва илова кард: «Эй ҷамоати ансор! Оё дӯст надоред, ки мардум аз ин ҷо бо гӯсфанду шутур бираванд ва шумо бо Расули Худо дар саҳми шумост бозгардед? Гуфтанд: чаро? Мо дӯст дорем. Паёмбар (с)фармуд: Дар ин сурат ансор ёру ёвар ва маҳрами ман ҳастанд. Агар ҳама аз роҳи паҳновар бираванд ва ансор аз тангно, ман бо роҳи ансорам.» Ин як нишонаи сиёсатмадорӣ ва соҳиби ҳусниният ва улфат будани Паёмбари Худо (с) мебошад.

Ривояти дигар ин ки яке аз шохаҳои дохилии қабилаи Ҳавозин қабилаи Бани Саъд, ҳамон қабилае буданд, ки паёмбар (с) дар кудакӣ назди онҳо, дар оилаи дояаш Ҳалимаи Саъдия тарбият шуда буд. Дар ин асно намояндагони Ҳавозин назди Паёмбар (с) омада, ислом оварданд ва тавба карданд. Дар ин ҳангом яке аз онҳо бархост ва гуфт: «Эй Расули Худо, дар байни асирон, аммаҳову холаҳои ва хоҳарони ширхораи ту ҳастанд, ки парастори ту буданд. Агар мо Ҳорис ибни Абишимр (номи амири гассонй) ё Нуъмон ибни Мунзир (амири Ҳира—ро шир медодем, ҳамчунон ки ту ба мо дастболо шудӣ, яке аз онҳо ба мо даст меёфт, ба меҳрубонӣ ва эҳсони ӯ умедвор мебудем, дар ҳоле ки ту аз ҳар кӣ парасторӣ шудааст беҳтарӣ.»[5]

Ин ишора бар он буд, ки Ҳалимаи Саъдия дояи паёмбар аз ҳамин қабила аст. Паёмбар дар муқобили ҳалли масъалаи мушкиле қарор гирифта буд. Аз як тараф ҷанговарон интизори онро доштанд, ки аз ҳисоби дияи барои раҳоии асирон пардохтшаванда саҳми аз он чи дарёфтанд бештареро дар меёбанд, аз сӯи дигар Паёмбар наметавонист ба хоҳиши қабилаи Ҳавозин ҳоло, ки таслим шудаанд, беэътиноӣ кунад.

Расули Худо (с) фармуд: беҳтарини сухан ростарини он аст. Оё барои шумо зану фарзандонатон дӯстдоштанитаранд ё молҳоятон? Онҳо гуфтанд: ту моро ба интихоби шарафи мо аз молҳо ва зану фарзандонамон мухайяр сохтӣ, пас фарзандону занони моро ба мо бозгардон. Паёмбар (с) фармуд: он чи мутааллиқ ба ман ва бани Абдулмутталиб аст, шуморо бод ва ман бораи (бақия) аз мардум пурсиш хоҳам кард.

Муҳоҷирон ва ансор низ гуфтанд: он чи мутааллиқ ба мост, ба Расули Худо (с) тааллуқ дорад. Дар ин байн чанд нафаре ризо нашуданд, ки Паёмбар (с) бо ваъдаи ғанимати бештаре онҳоро низ қонеъ ба бозпасдодани саҳмияҳои худ кард.

Пас аз сенздаҳ рӯз таваққуф дар Ҷаъирона Паёмбар(с) дар поёни моҳи зулқаъда, шабона аз он ҷо берун омад ва қасди ҳаҷҷи умра кард ва иҳром баста, вориди Макка шуд ва пас аз адои ҳаҷҷи умра, ҳамон шаб ба Ҷаъирона боз гашт ва аз он ҷо ба Мадина боз гашт.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …