Муаллиф (соҳибҳуқуқ) ҳуқуқ дорад талаботи зеринро пешниҳод кунад: эътирофи ҳуқуқҳои худ; барқарор кардани ҳолате, ки то вайронкунии ҳуқуқ вуҷуд дошт ва қатъ намуда- ни амалҳое, ки ҳуқуқҳои уро вайрон мекунанд ё хатари вай- ронкунии ин ҳуқуқҳоро ба вуҷуд меоранд; ҷуброн кардани зарари расонидашуда бо назардошти андозаи даромаде, ки вайронкунандаи ҳуқуқ ба таври ғайриқонуни ба даст оварда- аст; андешидани чораҳои дигари бо қонунгузорй пешбини- шуда, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ алоқаманданд.
Нусхаҳои ба таври ғайриқонунӣ сохташудаи микросхе- маҳои интегралӣ ва (ё) маҳсулоти чунин микросхемаҳои ин- тегралиро дар баргиранда, инчунин маводу таҷҳизоте, ки барои истеҳсоли онҳо истифода мешаванд, бо тартиби му- қаррарнамудаи қонунгузории ҶТ мумкин аст мусодира гар- данд, нест карда шаванд ё бо хоҳиши соҳибҳуқуқи топологи- яе, ки дар ин микросхемаҳои интегралӣ истифода шудааст, ба ӯ чун ҷуброни зарарҳояш баргардонида шаванд.