Тағйиротҳои доимо дар атмосфера баамаломада бо ҷараёнҳои умумии гардиши атмосфера ва ивазшавии шабу рӯз, ки ба равиши шабонарӯзии обу ҳаво таъсири муайян мерасонанд, вобаста аст.
Ба ғайр аз идораҳои обуҳавосанҷии миллӣ, ҳамчунин идораҳои обуҳавосанҷии умумиҷаҳонӣ, ки аз се муассисаи бо ҳам алоқаманд – системаи мушоҳидавии сайёравӣ (CMC), системаи алоқаи оинаи нилгуни сайёравӣ (САОНС) ва системаи омории сайёравй (СОС) иборат аст, амал мекунад.
Усулҳои пешгӯйии обу ҳаво гуногун буда, пешгӯйии то 1-3 рӯзро кӯтоҳмуддат, то 4-10 рӯзро миёна ва барои як моҳ ё ки мавсимро дарозмуддат меноманд.