Главная / Илм / Мунтазамй

Мунтазамй

Дастоварди селексионӣ мунтазам ҳисобида мешавад, агар нишонаҳои асосии он баъди якчанд маротиба зиёднамоии он дар охири ҳар як сатҳи зиёдкунӣ бе тағйир боқӣ монанд.

Субекти ҳуқуқ ба дастоварди селексионй, муаллиф ё се- лексионер – дорандаи шаҳодатнома мебошад. Муаллифи да- стоварди селексионй (селексионер) шахси воқеӣ ба вуҷудоран- даи дастоварди селексионӣ аст. Муаллиф метавонад ҳуқуқи худро ба дигар шахс диҳад ва аз ин рӯ дорандаи шаҳодатнома метавонад шахси дигар бошад.

Муаллифи навъи растании муҳим шахси воқеие мебо- шад, ки растании нотакрорро ба вуҷуд овардааст, ошкор намудааст ва нигоҳдории онро таъмин мекунад.

Муаллифи дастоварди селексионӣ дорои ҳуқуқи истис- ноӣ буда, дар ҳуқуқ ба гирифтани шаҳодатнома, ҳуқуқи ном- гузории дастоварди селексионӣ (гандум-«Атои -85», картош- ка – «Академия наук -1» ва ғайра), ҳуқуқи ҳавасмандгардони барои дастоварди селексионии хизматӣ ва ғайра мебошад.

Объекти ҳуқуқи истисноии муаллиф, дастоварди селек- сионӣ – навъи растанӣ ва ё хайвоноте мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти селексионии қонунӣ эҷод шудааст. Навъи растанӣ – ин гуруҳи растаниҳо мебошад, ки новобаста аз ҳифзи ҳуқуқии он бо нишонаҳои тавсифкунандаи ин гена- тип ва ё комбинатсияи генатипҳо муайян гардида, аз дигар гуруҳи растаниҳои ботаникӣ, бо як ва ё якчанд нишонаҳо фарқ мекунанд.

Навъ метавонад ба як ё якчанд растаниҳо, қисм ва ё як- чанд қисмҳои растанӣ бо шарте, ки ин қисм ва ё қисмҳо ба- рои ба вуҷуд омадани навъи пурраи растанӣ истифода ме- шаванд, пешниҳод гарданд.

Омили ҳифзкунандаи навъи растаниҳо клон, линия, ги- бриди насли якум ва папулятсиа мебошанд.

Намудҳои ҳайвонот – гуруҳи ҳайвонот мебошад, ки но- вобаста аз ҳифзи ҳуқуқии он дорои хусусият ва нишонаҳои биологӣ, ва морфологии шароити гинетикӣ мебошанд. Дар баробари ин, баъзе аз онҳо барои ин гуруҳи хос ва аз дигар гуруҳои ҳайвоноти фарқкунанда таснифот доранд. Намуд метавонад дар ҷинсҳои модина ва ё мардина, ё ин ки маводи наслӣ, яъне барои бавуҷудории нави ҳайвонот таиншуда, геметам ва ё зиготамӣ (ҷанинӣ) он пешниҳод шавад. Гуруҳ- ҳои ҳифзшавандаи ҳайвонот навь ва линиаи крос мебошад.

Дар амалияи дастоварди селексионӣ ҷой дорад, ки аз ҷониби корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ва ё супориши корфармо ба вуҷуд оварда ва ё ошкор гардида- аст. Ҳуқуқи муаллиф ба дастоварди селексионӣ ба корманд тааллуқ дорад. Ҳуқуқи истисноӣ ба дастоварди селексионии хизматӣ ва ҳуқуқ ба гирифтани шаҳодатнома ба корфармо таалуқ дорад, агар дар шартномаи меҳнатӣ ва ё дигар шарт- номаи байни корманд ва корфармо муқаррароти дигар ҷой надошта бошад. Дар мавриди ба вуҷудо омадани дастоварди селексионии корманд, ки бо истифода аз маблағ, техника ва ё дигар воситаҳои моддии корфармо алоқаманд набуда, ё ин ки супориши корфармо ҷой надошта, дастоварди селекси- онии хизматӣ ҳисобида намешавад. Дар ин ҳолатҳо ҳуқуқи гирифтани шаҳодатнома ба дастоварди селексионӣ ба кор- манд тааллуқ дорад. Шаҳодатнома ба дастоварди селекси- онӣ – ҳуҷҷати расмии тасдиқкунанадаи бартарияти ин да- стовард, муаллифӣ ва ҳуқуқҳои истисноиро ба он ифодаку- нанда мебошад. Ҳифзи ҳуқуқҳои истисноӣ ба дастоварди селексионӣ, ки дар асоси шаҳодатнома таъмин карда меша- вад ва бо маҷмӯи нишонаҳои мавҷудаи дар номгӯи дасто- варди селексионӣ қайдшуда, муайян мегардад.

Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои рас- танӣ Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишо- варзй ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҶТ ме- бошад[1]. Муҳлати амалй шаҳодатномаи ҳуқуқ ба дастоварди слексионӣ 20 сол (дар нисбати навъҳои ангур, зироатҳои сояафкан ва ғайра 25 сол) муқаррар шудааст. Оғози он аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии дастоварди зикршуда ва во- ридшудани он ба Фехрасти давлатии дастовардҳои селекси- онии ҳифзшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.

[1] Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлат оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ», аз 2. 06. 2011с., № 281// Адлия: Централиз. банк правовой информации РТ. Версия 6.0/М-во юстиции РТ. – Душанбе, 2015. – 1 электрон. опт. диск ҚО-КОМ).

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …