Главная / Биология / Мустақилӣ

Мустақилӣ

Мустақилият хосияти умумии табиати зинда мебошад. Аз фанҳои химия ва физика ба шумо маълум аст, ки ҳар як атом аз заррачаҳои нисбатан хурдтар иборат буда, атомҳо бошанд, молекулаҳоро ҳосил мекунанд.

Ҳаёт низ дар Замин дар шакли мустақил вомехӯрад. Ин чу- нин маъно дорад, ки организмҳо ё системаҳои биологӣ (намуд, биосеноз ва ғайра) дар биосеноз аз якдигар ҷудо мебошанд, вале бо вуҷуди ин, ҳамаи онҳо ба ҳамдигар зич вобаста буда, аз ҷиҳати таркиб ва вазифа ягонаанд. Масалан, ҳар як намуд аз фардҳои алоҳида иборат аст. Ҷисми фардҳои олиташаккул аз узвҳо ибора- танд, узвҳо бошанд, дар навбати худ аз ҳуҷайраҳои алоҳида таш- кил ёфтаанд. Дастгоҳи неруофари ҳуҷайра, митохондрия, даст- гоҳи синтези сафеда – рибосомаҳо ва макромолекулаҳо фақат дар муҳит аз ҳамдигар ҷудоянд, вале дар асл бо ҳамдигар вобастагӣ доранд.

Мустақилияти организм асоси танзими сохтори он мебошад. Вай имкон медиҳад, ки бе қатъ кардани вазифа бо роҳи иваз шу- дан сохтори элементҳои «куҳнашуда» (молекула, ферментҳо), ор- ганоидҳои ҳуҷайра, ҳуҷайраи бутун нав карда шаванд.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …