Главная / Без рубрики / НАҚЛИЁТ ВА МУҲИТИ АТРОФ

НАҚЛИЁТ ВА МУҲИТИ АТРОФ

Наклиёт ҳам аз бисёр ҷиҳатҳо ба шароитҳои табий вобастагй дорад. Баробари тараккии ИИТ ин вобастагй такозои нав пайдо кардааст. Барои тараккиёти наклиёти ҳушкигард ҳоло куҳу дарёҳо, биёбону ҷангалҳои тропикй, ҳатто гулугоҳҳои баҳрй монеа шуда наметавонанд. Иншоотҳои калони сунъй ба тараккии наклиёти обй мусоидат мекунанд.

Дар баробари ин, таъсири ноҳуши наклиёт ба вазъи муҳити атроф зиёд шудааст. Ифлоскунандаи зиёди табиат наклиёти автомобилист (парки ҷаҳонии автомобилй беш аз 500 млн мошин дорад). Наклиёти ҳавой ва роҳи оҳан низ бо воситаи дуду газ ҳаворо ифлос мегардонанд. Обҳои ҷаҳониро ифлос намудани киштиҳои калони нафткашон, заминҳои коршоямро ишғол намудани наклиёти ҳушкй ба кй маълум нест?!

Имрузҳо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баҳри ҳифзи муҳити атроф аз ифлосшавиҳои наклиётй ҷораҳои ҷиддй андешида истодаанд, ки тавассути онҳо микдори сурб дар сузишвории автомобилй кам мегардад. Истифодаи электромобилу сузиш- вориҳои газй ва гидрогенй огоз ёфтааст, дар Укёнуси ҷаҳонй «минтакаҳои санитарй»-и маҳсус таъсис дода мешаванд.

Савол ва пурсиш

  1. Барои ҳусусиятҳои ҳоси наклиёти ноҳияҳои алоҳида мисолҳо оред.
  2. Хусусиятҳои ҳоси наклиёти мамлакати ҳудро шарҳ диҳед.
  3. Сабабҳои тараккиёти наклиёт дар мамлакатҳои тараккикарда дар ҷист?
  4. Хисоб кунед, ки ба ҳар 100 км2майдони давлатҳои ИМА, ИДМ, Ҷопон, Хиндустону Ҷин ҷанд километр роҳи оҳану автомобилй рост меояд.
  5. Моҳияти мафҳуми «байраки арзон» дар ҷист? Бартарию норасоии ҳар навъи наклиёт кадомҳоянд?
  6. Вобастагии байни дараҷаи тараккиёти мамлакат ва ҳусусияти системаи наклиёти он дар ҷй зоҳир мегардад? Дар мисоли давлати муайян шарҳ диҳед.
  7. Ба акидаи шумо кадоме аз навъҳои наклиёт дар ташкилёбии хоҷагии ҷаҳонӣ мавкеи бештар дорад?

Ба фикри шумо

Тараккиёти имрузаи накдиёт ба ИИТ алокаманди дорад?

Чаро дар боркашонии ҷаҳонӣ наклиёти баҳрӣ пешсаф аст?

Чаро дар мамлакатҳои собик мустамлика наклиёти хушкигард дар ноҳияҳои соҳилӣ мушоҳида карда мешавад?

Таракқиёти ин ё он навъи накдиёт ба соҳаи релефу мавкеи географӣ вобастагӣ дорад ё не?

Инчунин кобед

Татбиқи шаклсозии геометрй дар амалия.

Барои аз тунука ё варақаҳои гуногун сохтани ягон маснуот, ма- салан, қолаб (расми 137 с), …