Главная / Илм / НАҚШАҲОИ ҲАЁТИ ВА КАСБМУАЙЯНКУНИИ ҶАВОНОН

НАҚШАҲОИ ҲАЁТИ ВА КАСБМУАЙЯНКУНИИ ҶАВОНОН

Мавзӯи 8. НАҚШАҲОИ ҲАЁТИ ВА
КАСБМУАЙЯНКУНИИ ҶАВОНОН

Яке аз хусусиятҳои муҳимми айёми ҷавонӣ ба нақша ги- рифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда, худмуайянкунии касбӣ ва интихоби бошууронаи касбу ҳунар муҳим буда, ба ҳаёти ояндаи инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеа вобаста аст. Дар синну соли наврасӣ зери мафҳуми нақшаҳои ҳаётӣ одатан орзуҳое тасаввур мешаванд, ки ба ҳақиқат табдил ёфтани онҳо баъ- зан ғайриимкон аст. Вале дар синну соли ибтидои ҷавонӣ, ки ба синфҳои 10-11-ум рост меояд, муносибат ба интихоби касб ва муайян кардани роҳи минбаъдаи ҳаёти бошуурона ба роҳ монда мешавад.

Бояд донист, ки нақшаҳои ҳаётӣ аз орзуҳо фарқ меку- нанд. Нақшаҳои ҳаётӣ бо интихоби бошууронаи касб алоқа- манд мебошанд. Интихоби касб барои наврасон ва ҷавонон масъалаи маънавӣ низ ба ҳисоб меравад. Ин ваҷҳи иҷти-моӣ-маънавӣ буда, ба ҷавонписарон ва духтарон хос мебо- шад. Дар боби 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҷавонписарон ва ҷавондухтарон на танҳо ба меҳнат, инчунин ба интихоби касб, машғулияти дилхоҳ, корҳое, ки қобилияти тайёрии касбӣ, маълумот ва ба ҳисоб- гирии талаботи ҷамъиятӣ дошта, ҳуқуқ доранд.

Равоншиносии синну соли худмуайянкунии касбӣ ба як- чанд давраҳо ҷудо мешавад:

  • давраи якум фаъолияти бозӣ мебошад, ки кӯдакон тавас- сути бозӣ ба худ касбҳои гуногунро интихоб карда, нақшеро иҷро мекунанд. Мисол, кӯдак ронанда шуда мошинро меро- над, табиб шуда ба беморон сӯзандору мегузаронад, фурӯ- шанда шуда ба харидорон маводди хӯрокӣ медиҳад ва ғайра;
  • давраи дуюм орзуҳои хаёлии наврасон буда, онҳо ху- дро дар симои қаҳрамонҳои кино ва ё театр тасаввур карда, орзуҳои зиёде ба ин ё он касб мекунанд. Масалан, фикр ме- кунанд, ки кайҳоннавард шудаанд ё ихтироъкори машҳуре шудаанд, ки бо ихтирои худ ҳамаро ба ҳайрат мегузоранд ва ғайра.
  • давраи сеюм синну соли наврасӣ ва қисман айёми ҷа- вониро дар бар гирифта, дар ин давра наврасон ва ҷавонон касбу ҳунари гуногунро интихоб мекунанд. Намудҳои гу- ногуни фаъолият ҳаваси касбии наврасонро ба вуҷуд мео- рад. Масалан, шумо андеша доред, ки «ман риёзиётро хуб медонам ва ба омӯзиши он ҷиддӣ машғул хоҳам шуд, зеро дар оянда ман иқтисодчӣ хоҳам шуд» ё «барои он ки хона- соз ё муҳандис шавам, бояд муассисаи таҳсилотро интихоб кунам» ва ғайра.
  • давраи чорум давраи қарори қатъӣ қабул кардан буда, он аз ду ҷузъиёти асосӣ иборат аст: муайян кардани дараҷаи таснифи фаъолияти меҳнатӣ, ки дар оянда зарур мешавад ва ба ҳаҷму давомнокии фаъолияти меҳнатӣ худро тайёр кар- дани ҷавонон. Дар ин давра ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аввал соҳаи фаъолиятро (мисол, омӯзгорӣ) муайян мекунанд ва баъд дараҷаи онро бо гурӯҳҳо ҷудо мекунанд: омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори фанни таърих мешавам ё баръ- акс аввал дараҷаи фаъолиятро муайян карда, баъд касбро нишон медиҳанд, (ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷи- кистон меравам, баъд ягон касб интихоб мекунам).

Аз рӯйи тадқиқотҳо маълум мешавад, ки ҷавонон пеш аз ҳама барои интихоб кардани касб ба мактабҳои олӣ ё касбӣ рафта, баъд касбро интихоб карданӣ мешаванд. Масалан, ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шуданиам, вале ба кадом фа- култет то ҳол муайян накардаам ва баъдтар дақиқ мекунам.

Хонандагон дар охири синфи 9-ум бояд дақиқ муайян кунанд, ки таълимро дар синфи 10-ум давом медиҳанд ва ё ба мактабҳои махсуси касбӣ мераванд ва ё ба истеҳсолот ба кор рафта, хонданро дар мактабҳои коргарҷавонон, мактабҳои ғоибона давом медиҳанд.

Барои дуруст интихоб кардани касб, ки он ба шавқу ҳа- вас вобаста аст, омодагии ҷиддӣ, дониши хуб, ҳолати сало- матӣ ва дигар омилҳоро ба ҳисоб гирифтан муҳим аст. Он хонандае, ки таълимро дар мактабҳои махсуси касбӣ идома медиҳад ё ба кор ба истеҳсолот меравад, бояд пешакӣ му- айян кунад, ки ба кадом муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шуданӣ аст ё ба кадом кор машғул мешавад.

Барои рушду камоли истеъдод ва такмили малакаҳои касбии худ хонандагон метавонанд аз таълим ҷудо нашуда, донишу маҳорат ва малакаи касбии худро дар рафти таъ- лими фанҳо дар мактаб баланд бардоранд. Аз тарафи ди- гар, хонандагон метавонанд берун аз соатҳои дарсӣ, яъне дар вақтҳои холӣ барои рушди камолоти қобилияти касбии худ дар маҳфилҳои назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок карда, ҳунарҳои гуногунро омӯзанд, ки ба ин маҳ- филҳои хаттотӣ, кандакорӣ, наққошӣ, гилкорӣ ва кулолӣ; маҳфилҳои мусиқӣ; шашмақомхонӣ, фалаксароӣ; заргарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ ва ғайра мисол шуда ме- тавонанд. Ба роҳ мондани маҳфилҳои гуногун ба тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касбу ҳунари хонандагон мусоидат ме- кунад.

Интихоби касб ба наврасон ва ҷавонон имконият ме-диҳад, ки онҳо дар бораи олами касбҳо, талаботи ҷомеа ба ин касбҳо, фаъолияти касбии онҳо дар оянда ба чӣ равона мегардад, маълумот пайдо кунанд. Онҳо таҳлил кунанд, ки воқеан муносибаташон ба касби интихобкардаашон ҷиддӣ аст, оё аз уҳдаи иҷрои фаъолияти минбаъда дар истеҳсолот баромада метавонанд ё не.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …