Аз рӯйи тасвири аёнй (расми 139) нақшаи маснуотро, ки дар таркиби тарҳи он пайвасти равони хатҳо мавҷуданд, ба миқдори кофии намудҳо иҷро кунед.
- НАҚШАҲОИ ГУСТАРАИ САТҲИ
ҶИСМҲОИ ГЕОМЕТРӢ- Нақшаи густараи сатҳҳои маншур ва пирамида. Барои сохтани қубурҳо, иҳотаи муҳофизатии дастгоҳҳо ва баъзе дигар маснуот (расми 8) густараи онҳоро аз тунукаи гуногун бурида, пас ба шакли зарурй меоваранд.
Густараи сатҳи ҳар гуна маншури рост шакли ҳамво- рест, ки аз рӯяҳои паҳдуй (росткунҷаҳо) ва ду асос (бисёр- кунҷаҳо) таркиб меёбад. Нақшаи густараи сатҳи ҳар гуна маншурро бо ин роҳ месозанд.
Густараи сатҳи устувона аз росткунҷа ва ду доира ибо- рат аст (расми 141). Як тарафи росткунҷа ба баландии устувона ва тарафи дигараш ба дарозии давраи асос баро- бар аст. Дар нақшаи густара ба росткунҷа ду доираро, ки
Расми 141. Сохтани нақшаи густараи сатҳи устувона:
а — ду намуди устувона; б — густараи сатҳ
қутри онҳо ба қутри асосии устувона баробаранд, илова мекунанд (расми 141).